Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Саройбон дар як коса салати помидору ду шиша арақ оварда монду худаш баромада рафт. Саркор яке аз шишаҳоро кушоду баробар тақсим карда, ба се пиёла рехт. Дар дил гуфтам, ки ҳозир ин ғўзачашм маро маҷбур мекунад, ки ба шиками гурусна ин заҳрро нўшам.
Баданам виҷиррос зад, вуҷудам ларзид.
– Хайр, гиред, аз дўсти нодон, аз зани беҳаё, аз раҳбари худдонам нигаҳ дорад, – вай бо ин ҳикмати бофтаи худаш пиёларо ба Исрофилзода дароз кард. Сипас дигарашро ба ман пешкаш менамуд.
– Не, ман намехўрам, узр... Ду рўз боз хўроки дуруст нахўрдаам.
– Ҳозир тайёр мешавад, шумо ина гиред. Барои иштиҳа, – гуфта вай пиёларо ба ман дароз карда истод.
Аз афташ, саркор ё сухани маро нафаҳмид ва ё аз қабили одамоне буд, ки ба ҳарфи хурдон чандон эътибор намедиҳанд. Ба ҳар ҳол «барои иштиҳа»
гуфтани ў хандаамро овард.
– Хайр, шумо гиред, ман сонитар, – одами калонсол якзайл даст дароз карда истоданаш маро саросема карду пиёларо аз дасташ гарифта, ба дастархон мондам.
– Аз даст намемонанд. Қоидааш ҳамин, – гуфт саркор ва ба Исрофилзода рў овард: –Домулло, ба шогирдон камтар услубу одоб ҳам ёд диҳетон.
– Сад грамм арақ, намекуштагист, гиред, – Исрофилзода пиёлаи маро гарифта, ба дастам дод.
– Гиред, додар, дўст кушад ҳам, ба офтоб намепартод. Аз дасти дўст як пиёла об хўред, ки асал аст, – чеҳрааш кушода гашта, боз мақол овард саркор.
Кўр шавад, гуфта нўшидаму зимнан ба саркор зеҳн мондам. Вай пиёлаи пурро оҳиста дам кашиду бе ҳеҷ рўтуршкунӣ як пора нонро бў кашида, гапашро бо Исрофилзода давом дод. Аз ҳар як ҳаракати вай, аз ҳар як суханаш маълум буд, ки марди бениёз, коркун ва ба худ боваридор аст.
Он рўзи наҳс бо хотираи нохуши худ ҳамеша дар ёди ман, ҳамчун ҷароҳати накбат маро ҳар замон сўзиш медиҳад, ҳамчун сабақе аз соддагӣ ва бетаҷрибагии ҷавониам ҳамеша бароям кор медиҳад. Ба ёд меораму худро маломат мекунам, аз ҳастиам дилмонда мешавам. Сипас боз худро тасаллӣ медиҳам, ки оби рўд ҳам аз пасту баланди роҳ, аз афтодану кўфтанҳо пухта мешавад.
Баъд мурғбирён оварданду шишаи дигарро кушода, нўшидем. Ман дар хусуси бешудгори тирамоҳӣ мондани заминҳои бригада гап кушода, бо саркор баҳс кардам, киштгардон накарда, ҳар сол ба замин як хел зироат кориданашонро гуфта, андешаҳои худро дар ин хусус баён карда, аз афташ, сарашонро хеле гаранг кардам, ки саркор боз шишаи арақ кушод.
Ман аз рўи китобҳои хондагиам мулоҳиза мерондам, доир ба ин масъала ҳамон вақт таҷрибаи амалӣ ва вуқуфи саҳеҳ надоштанамро хеле сонитар фаҳмидам.
Бегоҳирўзӣ ба сўи қароргоҳамон омаданам аранг-аранг дар ёдам мондааст.
Аз донишҷўе пурсидам, ки бачаҳо куҷо шудаанд? «Ба район, ба деҳа, ба ҳар тараф рафтанд», гуфт вай. Ба сари вай дод задаам, ки чаро беиҷозат мераванд... Сонӣ ба куҷо рафтам, чӣ кор кардам, намедонам, ногаҳон дар рў ба рўям Рухсораро дида, лаҳзае ба худ омадам.

пешина
аз 91
навбатӣ