Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Касе дарро бо нўги ангушт нарм - нармак зад. Ҳаросон бархоста, шимамро пўшидам.
– Дароем майлаш, ё як бор мебароед? Илтимос, – овози сохтаи ба тақлиди духтаракони нозпарвард борик баровардаи Манучеҳрро шинохтам.
– Гаранг накун, даро! – асабонӣ ба кат нишастам.
Баъди вохўрию пурсупос Манучеҳр ба чашмонам нигариста аз рўи одат кайфияти маро санҷиданӣ шуда, пурсид:
– Нағзӣ?
– Бад.
– Боз чӣ гап шуд?
– Шуданӣ шуд, боз чӣ шавад.
– Ҳеҷ гап не... – Лаҳзае ба расми ҳамдардӣ хомўш монду сипас мавзўи гапро дигар кард: – Рухсора туро кофта гаштааст. Бечора мурғи посўхта барин, бетоқат «он каса ёбед», мегўяд. Қариб ба деҳаатон телеграмма фиристонам. Надидӣ?
– Не.
– Имрўз ба кор мерафтагистӣ?
– Не. Аз кор меравам.
– Э-э, бачагӣ накун. Ҳамин ҳам гап шуд! Маст шудаст! Мардум ҳар рўз маст мешаванд. Ана Баротов ба дарс ҳам маст даромад. Ҷави ягон каса хом надаравидӣ-ку! – Сонӣ лаҳзае таваққуф карду баъд гуфт: – Ман туро огоҳ карда будам, дар ёдат?
Даст афшондаму садқаи сар гуфтанӣ шудам. Гуноҳи худам, вай зўран ба даҳони ман нарехтааст-ку. Хайр, агар одамгарӣ мекард, маро намегузошт, ки ба назди донишҷўён равам. Барои ин аз вай домангир шудан нодуруст.
– Хез рафта ношто кунем.
– Не, намеравам. Ман аз кор меравам, Манучеҳр. Бас.
– Ҳиъ... – писханд кард вай.
Сонӣ ҷиддияти авзои маро дида, аввал ба фикр афтод, баъд ба чашмам нигариста табассум кард. Одатан, ба нозу нузи кўдаки инҷиқ ҳамин хел табассум ва тамасхур мекунанд. Вай пай бурд, ки ман андешаи изҳор накардаи ўро аз авзоаш хондам, ҷиддан ба насиҳат сар кард:
– Гўш кун, ту ин хел сабўс барин сабук нашав. «Мард бояд, ки дар кашокаши даҳр санги зерини осиё бошад», гуфтаанд. Наход, ки ҳамин як зарра ногуворӣ туро аз мувозинат барорад?! Гурехтан осон, ариза менависию рафтан мегирӣ, чор тарафат қибла. Аммо ин кори мард не. Агар худатро қадр накунӣ ҳам, Рухсораро фикр кун... Офарин ба вай. Бо ҳамин қадар маломат, тазъиқи падару модар як гапашро ду накард. Ана, ин кори вай ҷасорат аст.
Агар равӣ, нисбат ба вай кори нағз намешавад.
Дар дилам гуфтам, ки насиҳат кардан осон, ба ҷои ман худат мебудӣ, сонӣ мефаҳмидӣ. Аммо Манучеҳр баринҳо ба вазъияте, ки ман афтодам, ҳаргиз намеафтанд. Барои чӣ намеафтанд, гуфта наметавонам, аммо намеафтанд, инаш аниқ, ба ман бовар кунед.
– Ба ҳар ҳол, як бор аз назди ректор мегузарам.

пешина
аз 91
навбатӣ