Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Чӣ мегўӣ? Чӣ мехоҳӣ аз ректор? Ҳеҷ чиз... Ҳамту... Маслиҳат мепурсам.
Он кас аз ҳамаи ин воқеаҳо хабардор. То ҳамаашро гуфта, диламро холӣ накунам, дигар кор карда наметавонам.
– Хайр, ихтиёрат... Лекин калимаи «меравам» – ро ба забон нагир. Агар туро аз кор ронанд ҳам, бояд илоҷашро ёбию наравӣ. Вагарна ҳамаи ин ишқу муҳаббат дуруғ будааст. Хайр, хато кардӣ ислоҳ менамоянд. Пасфардо маҷлис, ба ман таъин карданд, ки туро бохабар кунам. Вазнин шав, санги вазнинро об намебарад. Агар вазнин шавӣ, ҳамааш мегузарад. Ба кайк ситеза карда кўрпаро сўзӣ, сўхтан мегирӣ.
Ана, гап дар куҷо будааст. Пеш аз маҷлис ба ман матонат бахшиданӣ. Эй, Манучеҳр, Манучеҳр! Агар ман ба ҷои ту мебудам, барон ин хел гуноҳи дўстам, насиҳатгўӣ намекардам. Ду-се сухани ҷонсўз мегуфтам. Гоҷ, аҳмақ бодии каллаварам, мегуфтам. Мегуфтам, ки Рухсора ба ту ҳайф, ба як тори мўи вай намеарзӣ! Балки онгоҳ ба ман осонтар мешуд. Аз муҳокимаи рафтори ношоистаи худ наметарсам. Ман аз ҷазо наметарсам, аз маломати дўстон, аз заҳрханди баъзе нокасон аз он ки дар ин миён Рухсора ҳаст ва дар маҷлис номи ўро мегиранд, метарсам... Кошки, ҳамон рўзи мастиам Рухсора пайдо намешуд! Ҳеҷ намехоҳам, ки номи вай ба миён афтад!..
Аз хона баромадему Манучеҳр аз паи кораш рафт. Ман чӣ кор карданамро, ба куҷо рафтанамро аниқ намедонистам, бинобар он давр задаму ба хобгоҳ баргаштам. Дар роҳ ғарқи фикру хаёлҳои беохир ба роҳгузарон ҳам эътибор накарда меомадам. Ногоҳ садои Рухсора монанди барқ сар то поямро ба ларза оварду сар бардоштам, ки вай дар он тарафи роҳи мошингард, ба ман нигариста табассум мекунад. Агар ҷеғ назанад, гузашта мерафтаам. Вай ғолибан аз хобгоҳи ман меомад. Аз дилам гузашт, ки духтари бечора аз бозе, ки бо ман шинос шудааст, ба ҷуз ғаму ташвиш, таънаю маломат, чӣ ёфт? Вай метавонист ягон ҷавони кордону хуштолеъро дўстдошта, умрашро ба қавли мўйсафедон, як гуфтаю ду хандида гузаронад...
Аммо он ҷавони муросоҷўи хуштолеъ ўро ман барин дўст медошт магар? Боз худро таскин додам, ки ҳанўз умри мо дар пеш, ҳама кор дар пеш аст.
Вай аз табассум, гул-гул шукуфта бо ман вохўрӣ кард. Ўро дида якбора дилам кушода шуд. Рухсора маро пазмон шудаст. То имрўз вай пазмон шуданашро ягон бор ба ман ошкор накарда буд. Нигоҳаш сар то пои маро гўё сила карда мегузашт, машомаш ҳастии маро бўиданӣ, хандааш қаъри дили маро равшан карда, гиреҳҳои вазнини синаамро кушоданӣ, тамоми вуҷуди маро бо нур ва ҳарорати худ фаро гирифтан мехост. Вай ким-чӣ гуфт, аммо аз шиддати изтироб ва ғалаёни дил онро нашунидам. Аз табассуми вай ҳам навозиш ва ҳам маломат ва дилсўзӣ эҳсос кардам. Дар чашмонаш ашк ҳалқа зад ва дар як миҷа задан ду чашми сиёҳ ду коса об гашт. Бо хиҷолат рўй аз ман гардонду гуфт:
– Тамошои зўр нишон додед, – аммо дар ин гуфта низ таъна не, бештар тараҳҳум ҳис карда мешуд.
Ман ба чашми вай рост нигаристам. Ў ягона касе буд, ки ман ба рўяш бехиҷолат нигариста метавонистам, дар назди вай виҷдонам пок, гуноҳам авфпазир буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё