Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

онҳо ҷангу дуд нишастаю хира менамоянд. Як борон шавад, боз тозаву муҷалло мегарданд. Аз саҳни Регистон он тараф Арк намоён аст: дар дохили Арк қасру кӯшкҳои зебои ҷабарҷад буданд. Ҳамаро задаю хоку туроб кардаанд. Аз чор тараф дуду оташ забона мезанад.

Дар роҳравҳо як-як хизматгарон ва салласафедонро мебинӣ, ки саросема ин тарафу он тараф мераванд. Манғитҳо қариб дусад сол соҳиби ин арки номӣ буданд. Он тараф то соҳили Ҷайхун, ин тараф то Шаҳрисабз таҳти тасарруфашон қарор дошт. Феълан нахустин рӯз аст, ки Бухоро бе амир. Минбаъд ин рӯзи таърихӣ дар китобҳо сабт мешавад: – Мансур қадамашро суст карда ба назараш менамояд, ки нафасгирии таърихро ҳис мекунад.

Дар тарафи шумоли Арк кӯшмадрасаҳо, раставу дӯконҳо тӯл кашидаанд. Онҳо мудом пуродам буданд. Аз Чину Афғонистону Эрон, Қазоқистону Сибиру Поволже ба ин ҷо тоҷирон меомаданд ва ҳама овозаи Бухорои куббатулислом, арсаи бузургони наҷибзодагон, Бухорои илму адабу мардҳои муаддабро ба ватаншон мебурданд. Дар атрофи Арк аксар хонаҳои мардумони доро воқеъ аст. Қозию судуру махраму мирохуру садҳон суханчину хабаркашҳои дигар. Ҳама харобу валангору балозадаю даҳшатбор шудаанд. Аз диданашон бинандаро тарсу ваҳм фаро мегирад. Боре дар чунин маврид шайх Аҳмад як ояи Қуръонро ёдовар шуда буд: «Ҳар кас бо ҷазои амали худ ба беҳтарин сурат мерасад». Ҳамин ҳолатро ба чашм дидем. Дар се соли охир Олимхон дар Бухоро хуни кам рехта На марди ислоҳотхоҳ монду на як суханвари асилу солеҳу ватанпараст. Соли гузашта косибону деҳқонон шиква карданд, ки андозро кам кун, рӯзамон намегузарад. Бар зиддашон каллабурҳояро фиристода нимашонро кушт. Подоши он ситамҳо буд, ки имрӯз авлоду акрабояро зада аз мулк берун карданд. Акнун зану хонаю дару сарваташонро дигарон соҳибӣ мекунанд. Оҳи чигарсӯзи мазлумӣ гирифту дарбадар шуданд. Ин авлод мисли дарахти пуршоҳу пиршуда ва беҳосил буд, ки заминро соя кардаю аз ҳосил мононда буд. Ҳоло аз буриданаш эҳсоси сабукию хушҳолӣ мекунӣ.

Се нафар марди тануманди яктахӯ саллаҳои навпӯшида аз ҷониби масҷид омада, дар гӯшае ҷой гирифтанд. Онҳо ошуфтаю изтироболуд менамуданд. Ду нафар ҷомаҳоро кашида ба кати паҳлӯ ҳаво дода, рост истода атрофро аз назар гузаронданд. Як нафаре, ки ҷавонтар менамуд, рафта бо самоварчи паст-паст суҳбат карда баргашт.

Муштариён як-як пайдо мешаванд. Вале самоварчӣ ҳоло ҷой намондааст. – Инҳо аъламҳои Бухороянд,- марди рӯйпаҳн ҷониби салладорҳо ишора кард.– Як моҳ зиёд шудааст, ки дар ин масҷид чарххонӣ мекунанд.

Аъламҳо нашишта рафтанд. Яқин чойхоначӣ нону чояшонро аз пас мебарад.

– Хуб аст, ки ин масҷидро бомбаборон накарданд,- Мансур ба рӯйи мусоҳибаш нигарист.

– Ин биноро масҷиди Хоҷа Каъбатулаҳбор мегӯянд,- гуфт рӯйпаҳн.-Сӯйи ин масҷид тиру тӯпу аэроплан дилу гурдаи омадан намекунанд.

– Дар ягон китоб хондед?-Мансур бо тамасхур ба рӯйпаҳн зеҳн монда андешид, ки чаро ин тоҷикони содаи мо ба ин қиссаву ривоятҳои аблаҳона дил

пешина
аз 613
навбатӣ