Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
баставу эътимод доранду онҳоро китоб ба китобу сина ба сина ҳифз мекунанд.
Чӣ тилизме ин ҷо пинҳон бошад?
– Ман китобхон нестам, лекин дар суҳбати домуллоҳои калон бисёр нишаставу гӯш кардаам.
Дар дили Мансур дигар хоҳишу ҳаваси суҳбат намонд. Ба ин тоифа фархони салоҳ гӯй, сад ҷавоби фачу фоҳишу фоҷир мешунавӣ. Ӯ аз кат фуромад, то аз самоварчӣ пурсад, ки ба тезӣ обаш мечӯшад ё дигар ҷой равад? Ин лаҳза садои сахти таркиш баланд шуд. Фурсате гузашту садо қавитар гардиду замин ларзид. Пас аз ҷониби ғарбии шаҳр овози тирпаронии башиддат омад. Одамон дар таҳлука афтоданд: баъзеҳо саросема хеста рафтанд. Касе садо дод: «Аспсавор, урус даромад! Дарвозаҳоро тарконда даромад!» Садои тир гӯй аз наздик меомад.
Аз байн фурсате нагузашта дар осмон ду аэроплан намудор шуданд ва ба ақибашон хати сафед кашол шуд. Онҳо оҳиста меоянд. Гӯй тартиби ҳуҷуми аскарҳошонро назорат мекунанд. Ана, боз дутои дигар. Боз дуто ва боз ду.
Ҷамъулҷамъ нӯҳто шуданд. Гоҳ паст мефуроянд, гоҳ баланд мехезанд, гоҳ паст мефароянд, гоҳ баланд мехезанд. Аз мӯриҳошон ғулбаи диди таппак фаҳонда зада ба баландиҳо паҳн мешавад. Овози даҳшатбори онҳо шаҳрро фаро гирифт.
Садоҳои “гум-б-у-р! гум-б-у-р”-и тӯпҳо, “Тра-та-та, тра-та-та-та”-и пулемётҳо гурезогурез, доду фарёди мардум ба ҳам даромехтанд. Дару девору дарачаҳо меларзиданд. Замини муқаддаси Бухоро гӯй карахт шуда монда буд. Гумон мекардӣ, қиёмат фаро расидааст. Атрофро чангу дуди ғализ фаро гирифт. Дар аэроплан паст фуромада, атрофи Арку Манораро ҳадафи оташ қарор доданд.
Дуи дигар дар майдони Регистон чарх мезаданд. Дар майдон дуртар аз Арк дар даста навкарони савораи амир аз гурӯҳи “шефска” ҷамъ омаданд. Саркарда дудаста лаҷоми аспи ба шӯр омадаашро дошта ба онҳо чизе мегӯяд. Ин панҷду снаряд он ҷо афтида таркиш мешавад ва чанд нафар бо аспҳо калапо мешавад, баъзеҳо аз асп меафтанд. Зиндамондаҳо аспҳоро тозиёна зада мегурезанд.
Болохонаҳо, масҷиду мадрасаҳо яке аз паси дигар метаркиду чангу дуд торафт зиёд мешуд. Марде таҳи курта, саллаи кашолаш ба замин расам-нарасам миён даромади масҷиди Каъбатулаҳбор пасу пеш қадам зада такрор ба такрор бехуд мезанаду шеван мекунад: “Мардум, сӯри Исрофил дамид! Қиёмат қоим шудааст!” Марди логарандоми қадбаланде, ки дар тан яктаҳи карбосии сабз дошт, чарх байни роҳрав истода, бо овози чирросӣ азон мегуфт. Чашмонаш сахт пӯшида буданд. Дарохир ӯ азонро фаромӯш карда мисли гург уллос мекашад. Нафари дигаре дар байни роҳи калон сарашро дошта, бо гиряю шеван чизе мегӯяд.
Ҳама мизоҷони дар катҳо нишаста изтиробзада шуданду ба саҳн баромаданд.
Охир ин бечораҳо аз куҷо медонанд, ки ин “қиёмат”-ро, ки дар ҳуҷҷатҳои номи “Тӯфони садою тиру дуду оташ” сабт шудааст, ду рӯз пеш дар Самарқанд, дар ситоди ҷабҳаи Туркистон тарҳезӣ кардаю ин ҷо интиқол дода, амалӣ кардаданд. Аз куҷо медонанд, ки ҳар лаҳза паст фуромадану бархестани аэропланҳо, таркиши бомбаю задани тӯпҳо ва парон-парому дигар садоҳо баҳри тарсондану гурезондани онҳост. Аз куҷо медонанд, ки силоҳи сохтаи олимони ин замонҳо на фақат одам мекунад, балки хонаю дарашро валангор кардаю оташ медаронад. Аз куҷо медонанд, ки дар беруни шаҳр аэростатҳо шинонда шудаасту вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё