Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ид фақат барои камбағалҳо, барои болшевикони ҳақиқист. Барои бод-дузду дигарҳо не! - Аз афташ дузд гуфта, Манучеҳрро дар назар дошт.
Семёнов фаҳмид, ки ин сухан ба ӯ низ равона карда шудааст. Вале давра рӯйи хотир карда, сир бой надод. Баъдтар қадаҳашро пур карда, назди Першин омада, бо оҳанги дӯстона гуфт:
– Рафиқ лейтенанти калон, командирамон Александр Николаевич фармудод, ки имрӯз рӯзи нӯшиданист, рӯзи гилаву ҷингидан нест.
– Ман бо казак арақ наменӯшам, - гуфт Першин.
Ин сухан ба бисёриҳо нафорид.
Чернов низ ғазабманд шуд. Магар ин давра ҷои ин гуна суханҳост? Ӯ нигоҳи Семёновро доштанӣ шуд, то ки ӯро ба сабр даъват кунад.
– Чаро? - Семёнов дасташро ба миз такя монда, рост ба чашмони Першин нигарист.
– Чунки мо, камбағалҳо, аз шумо азоби кам надидаем. Ҳар ҷо ки мужики бечора аз ночорӣ шӯриш мебардошт, подшоҳ “казачие войска” гуфта, шуморо роҳӣ мекард ва шумо халқро бодирингбур мекардед.
– Ун номаъқулиҳо дар гузашта буд, Иля. Дар гузашта бисёр гапу корҳо буд. Соли нуздаҳ, баъди шӯриши Каледин армияи сурх дар кадом хонае, ки фуражка медид, он хонаро ба бало гирифтор мекард. Фуражка ва салиби Георгий ифтихори казак буд. Лекин дар он шабу рӯз мардуми мо шабона ин чизҳоро таги хок мекард! Халта-халта бурда ба дарёи Дон мепартофтанд, ки ба чашм нанамояд. Ва боз бисёр гапу корҳои дигар. Пас, дар гузашта ину он буд гуфта, мо ҳамдигарро куштан гирем?
– Барои ҳамин ҳам ба шумо бовар нест, дар байни армияи сурх ба шумо ҷой нест.
– Армияи сурх бе казак мусли руди камобу каммавҷ аст, дар хотир дор. - Семёнов рост шуду қадаҳашро нӯшид.
Чернов бо нигоҳи дилсӯзона ба Семёнов зеҳн монда, нисбат ба ин марде, ки гармиву сардии рӯзгорро дидааст, эҳтиромаш бештар шуд. Ва аз ҷояш хеста, нимҷиддию нимшухӣ гуфт:
– Димитрий Попович, ту одами дигар! – Ва нигоҳашро наканда, бо оҳанги дигар афзуд: – Туро шӯхиҳоят аз худат қиматтаранд.
Семёнов бо ризоият табассум карду ба ҷояш рафт. Аммо ногаҳ тез шуду аз роҳ гашта, бо ғазаб гуфт:
– Ё ягон директиваи махфӣ гирифтай, ки мегӯӣ, дар армия ба шумо ҷой нест! Ҳоло Кремл дар дасти чухудҳост! Дар каллаи яҳдиашон ҳар номаъкулие биёяд, навишта мефиристанд.
Першин аз бағал таппончаро гирифта, рӯбарӯи Семёнов дошт ва дар ҳоле, ки аз ғазаб суп-сурх шуда буд, гуфт:
– Замоне ки шумо эрка будеду моро чухуд мегуфтед, гузашт! Барои таҳқир кардани миллати яҳудӣ ва болшевикҳо мепаронам!
Чанд нафар аз ҷояшон хестанд. Загорский низ таппончаашро ба даст гирифт.
– Ҳама дар ҷояш шинад! – Чернов онҳоро дошт.
Хестани ҳамяроқон дами Першинро паст кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо