Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Ман аз таппонча наметарсам,-гуфт Семёнов бо овози хаста.
Таппончаро ба ман деҳ. -Чернов назди Першин омад.
Ту ба ман таппонча надодай, командир!
Фақат фурӯмояи пастниҳод ба сари рафиқаш таппонча мебардорад. -Чернов рӯбарӯи Першин истод ва бо ғазаб афзуд: - Ба ту дар байни мо ҷой нест! Ҳозир меравӣ!
Ту ҳақ надорӣ!..
Ранги рӯи Черновро дигар шуд ва ҷониби Загорский гуфт:
Ротаи дувумро қатор кун! Ротаро қабул мекунӣ! Фармон чунин аст!
Першин аз давра хеста рафт. Ҳангоме ки ҳама хестанд, Муҳаммадшариф ба дасти Чернов баркия дод, ки дар он навишта шуда буд:
“Шуморо ба маҷлиси фаъолони ҳукумати Бухоро даъват мекунем.”
Дар аввали зимистон дар Бухоро боронҳо зиёд шуд. Дере нагузашта барф бориду кӯчаҳо зери барфу ях монданд.
Мансур як пагоҳӣ, ки осмон соф буду офтоб шӯълапошӣ мекард, барои дидани аспаш ба деҳаи Сафедмӯй равон шуд. Чун ба дарвозаи Самарқанд наздик шуд, дид, ки ба ҷойи дарвозаи боҳашамати бо бурчу бора дарвозаи оҳанине насб кардаанд, ки баландиаш баробари қади одам аст. Ва ду саллоти лоғарандоми таҳҷой онро ранг мекарданд. Дар қаровулхона ҳам сарбозҳо баро-даро доштанд. Онҳо ҳам таҳҷой буданд. Атрофи дарвоза аз барф тоза карда шудааст. Ҳоло офтоб гармтар шавад, пас барфи боқимонда об шудаю ин ҷойҳо сиёҳ мешаванд.
Сарбози пастаки рангаш зарди беморнамо некхоҳона гуфт:
– Ака, огоҳ бошед, ки мардуми деҳаҳои атроф бар зидди аскари сурх хестаанд. Касеро доранд, “ҷосус” гуфта, истинтоқ мекунанд.
“Маълум мешавад, ки мардум ҳамият пайдо карда, ба муқовимат хестаанд!” Равшание ба дили Мансур даромаду пурсид: “Кӣ ин хабарро расонд”?
– Ҳамин пагоҳӣ моро қатор карда, хабар доданд,-гуфт сарбоз.
Мансур гашти рӯз ба деҳаи Сафедмӯй расид. Дид, ки аскарони сурх ҳам дар деҳаҳо хуб бедодӣ кардаанд. Баъди онҳо муҷоҳидин (болшевикҳо онҳоро босмачӣ ном медиҳанд) даромада, аз мардум молу чиз талаб кардаанд. Ин корҳо мардумро тарсонда қисме ба муҷоҳидин ҳамроҳ шуда, қисме зану фарзандашонро гирифта, ба ҳар тараф рафтаанд.
Мансур одамеро, ки аспҳоро ба ӯ дода буд, наёфт. Ҳамсояаш хабар дод, ки дастаҳои болшевик ду маротиба ба деҳа даромаданд: молҳоро аз оғилҳо гирифта бурданд. Аспатонро дар даромади аввал бурданд. Худи Маҳмуд (соҳибхона) аҳли аёлашро гирифта ҷониби Термез рафт. Дили Мансур пуралам буду пураламтар буд. Он асп нишона аз Баҳодураш буд. Қарор дод, ки дастаро меёбаду чи қадар пуле ки гӯянд, дода аспро мегирад. Аз паси даста дарак гирифта, ҷониби Нурато рафт. Раҳораҳ худро огоҳ кард: “он балое, ки аз пасат равон буд, аспатро ҳам гирифт. Аз гузашта дигар чизе намонд. Акнун гашта мерафтагист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо