Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Духтар пулро банд дида, худро ба об мезанад. Саллот ҳам сари тоз аспро ба об меандозад, ки аспаш мегечаду меафтад, худаш ҳам парида дар болои санги тез мезанад. Одамон ҳардуро аз об мебароранд. Духтар як ноҳунаш харошида нашудааст. Саллотро ҳам зону ва ҳам китф шикаста ва як тарафи бадан мӯрӣ барин сиёҳ шуда буд. Ба асп бор мекунанд - дошт намедиҳад; ҳамроҳонаш пушт карда, ба хонаи мо оварданд. Шаш нафар, ҳама шинелу телпаки нав доштанд. Суханашон ба муомила. Яке маҷбур пул доданӣ шуд, ки нагирифтам. Гуфтанд, ки амак, рафиқи моро нигоҳубин мекунӣ, мо пагоҳ омада мебарем. Онҳо рафтанду дидам, ки саллот ки ҷавонаки сафедрӯи банур тахмин бистсола аст ё андаке зиёдтар. Ҳоле дорад хароб. Мудом менолад. Бандаи Худо гуфта як шишаки баҷоиямро куштам: каме гӯштро бо зарчӯба хуб ҷӯшонда, аз оби шӯрбо гарм-гарм маҷбур ҳӯрондаам, ки танаш қувват гирад. Пою китфашро чӯб (лангет) монда, бастам. Бори аввал ин корро мекардам. Ба ҷойҳои сиёҳшудаи баданаш равғани загера бо зардии тухм якҷоя карда молидам. Пагоҳӣ аз ҳамроҳонаш дарак нашуд. Пас як шабу як рӯз барф борид. Ба худам гуфтам, ки баъди барф меоянд, аммо аз онҳо дарак нашуд. Ин бечораро китфашу пояш варам кард, пешобаш хунолуд меояд. Яқин ягон узви дарун ҳам зарб хӯрдааст. Баъди ду рӯз хунравии дарун бас шуд. Варами по ҳам кам шуд. Лекин китф ва сиёҳии баданаш беҳ нашуд. Балки рӯз то рӯз бад шуд. Аз ҷазабаи дард хобаш парид. Нӯҳ ғуза кӯкнори калона тар карда, обаша гирифтам. Гоҳе оби ҳамонро медиҳам, хобаш мебарад. Гоҳе дуо мехонам. Атрофро кофтем, табиб наёфтем. Се нафарро овардам, ки ба ҳар бор карда шаҳр барам, то назди дар бурдему намонд: гуфт, ки наметавонам. То дар роҳ мурдаана ҳамин ҷо мурам, беҳ гуфт. Худаш ҳам то дирӯз умедвор буд, ки рафиқонаш меоянд, пас умедашро канд.
Аз ҷониби оҷташдон овози чизубиз баромаду бӯи хуши рӯғани думба паҳн шуд.
Мард “ҳозир меоям” гуфта, хесту он сӯи парда гузашта аз занаш пурсид: “Ба чӣ кор ёрӣ кунам? Сабзӣ пора кунам?”
– Худамон мекунем,- омад овози зан. Ӯ боз чизе гуфту Мансур нафаҳмид.
Мард чой дам карда овард.
– Ҳоло мардуми гурехта дар куҷо?- пурсид Мансур.
– Болои ин кӯҳи рӯбарӯро Маҷнундарра мегӯянд. Он ҷо айлокҳо ҳаст. Баъзе ҳанӯз он ҷо нишастаанд, баъзе фуромаданд.
– Мардумро дар ин хунукиҳо дар азоб монда...- гуфт Мансур ба ғазаб:- Ин хел оқипадарҳо садқаи нигоҳубин шаванд. Табиб накобед, монед сиёҳ шудаю варам кардаю ҷазояшро бинад! Аспаш лат нахӯрдааст? Асп дар ҳамин ҷо?
Мард номашро Мирзоодил гуфт ва лаҳзае таваққуф кард ба тариқи маслиҳат афзуд:
– Вай як ҷавони мусофир... Хато кардааст. Дар ин синну сол ҳама хато мекунад. Ҳоло аз карда пушаймон.
– Аспаш сиҳат аст?
– Асп сиҳат. Болои сумашро бурида буд, хун мерафт, лангида омад: сипанду қандро кӯфта рехтам, рӯ гирифтааст.
– Намешавад, ки назди бемор рафта сӯҳбат кунам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо