Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Ду рӯзи аввал се-чор нафар ҳамсояҳо мусофир гуфтаю ба расми бемор нону об карда омаданд, мушоҳида кунам, чандон маъқулаш нест. Минбаъд ҳам баҳона карда, касони омадаро намондам. Ҳоло бевақт шуд, саҳарӣ медароям.
Дар назди оташдон кӯдакҳои Мирзоодил бо овози паст аз чӣ борае мекарданд. Мансур чойро нӯшида фикр кард, ки об бӯи дуд ва кажраи кунад ҳам батаъм аст.
Баъди шом зан палав оварда ҷониби шавҳараш гуфт:
– Аз дари саллот нигоҳ кардам, ғанабаш бурдааст. Пиёба ҳам карда,
баъдтар ҳардуро баред, кадомашро ки хӯрад.
– Се рӯзи охир, балки чор рӯз шуд, ҳеҷ ҷунбида наметавонад, – гуфт Мирзоодил. – Эзорашро кашида партофтам. Бо занам бардору мон мекунем. Хайр, ки тагора медорам, шарм мекунам. Ба ишора мефаҳмонам, ки шарм надорад.
Дирӯз хеле сухан кард, русӣ намефаҳмам. Аммо аз ишораҳояш фаҳмидам, ки Худо кайфари гуноҳамро дод, мегӯяд. Ва гуфт, ки аз духтаре, ки аз ҷабру зулм худро ба об партофт, аз номам узр пурсед. Боз “инқилоб, инқилоб” гуфту дигар нафаҳмидам.
– Намешавад, ки наздаш рафта хоб кунам? – пурсид Мансур ва аз хотир гузашт, ки хизмати мард аз рӯйи тарс набуда, балки некии беғаразонаи инсонӣ ба одам аст.
– Наздаш хоб кардана нағз намебинад, – Мирзоодил ҷомаашро кашида гуфт, меҳмон ҳам фармуд, ки чакманашро кашида баҳузур дам гирад ва афзуд: – Имшаб хоб надорад.
Шаб Мирзоодилу меҳмон дар бари сандалӣ хоб карданду зан бо кӯдакон дар он сӯйи парда – дар назди оташдон. Мирзоодил шаб се маротиба бедор шуда хабар гирифт. Пеш аз субҳ алов карда, хонаашро гарм карда омада гуфт:
– Ин пагоҳӣ ҳарорати бемор баланд. Пурсидам, ки дилат чӣ мехоҳад?
Ширчойро бо мағзи чормағзу равғани зард ҷӯшонда биёрам? “Ҳоло чизе ҳам лозим не”, гуфт.
Мансур саросема шуд: “Наздаш равем?” гуфт.
– Ноништа кунем пас,-Мирзоодил дастархон партофт ва афзуд:
– Мабодо кору ҳоле шавад, чӣ мекунем?
– Чӣ мекунед? Одам, ки мурд, таги хок мекунанд,-содагии соҳибхона ва Мансур маъқул нашуд.
Онҳо берун баромаданд. Отоби саҳар баланд. Оби ҷӯйбораки поён ях бастаняҳ кардааст.
– Ба шумо осон,-гуфт Мирзоодил. Ин аз пушт одам дорад, ҷавобгарӣ дорад.
Дигар ин ки мурад, ман таъомули инҳоро надонам. Як ҳамдеҳаамон мурд, ки агар мурад, бояд ба қадаш сандуқ созӣ, сару либоси нав харида пӯшонида, пас мурдаро ба даруни сандуқ монда гӯронӣ. Оинашон чунин будааст. Ман як каси нимтана...
– Нагуфт, ки аспу асбобҳояшро ҳам ҳамроҳаш гӯронед,- тамасхур кард Мансур.-Ҳеҷ чиз лозим нест. Қабрро неканеду мурдаро дарунаш монеду хок мепӯшонед.
– Дар қабристони мусулмонҳо муллоҳо роҳ медиҳанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо