Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Гӯш кунед, ман ҳам мадраса хондагӣ. Мо ҳама бандаи Худо. Замин аз они худаш. Назди ӯ кӣ писанд аст, мо намедонем,- Мансур дастархонро гирифта пеш даромад.
– Ҳамту гӯед, диламро сабук кардед,-гуфт Мирзоодил.
Ҳаво ин пагоҳӣ соф, шустагӣ барин. Поки дилатро хурсанд мекунад. Гӯӣ хабари хуше дар пеш аст. Шӯълаҳои офтоби пагоҳӣ дар тегаи баланди кӯҳ чун хатти ба қалами сурх кашида менамояд.
Дар он тарафи хона, дар сутуни кахдон аспи баландқомати майгуне бастагӣ. Мансур аспро дида дилаш шуввӣ карда рафт. Ба Рӯшани Баҳодур як магзу ду кафон барин монанд. Фарқашон ҳаминқадар, ки вайро пеши дасти чапаш сафед буд, инро пеши дасти рост. Ба пушти асп гилеме партофтаанд, ки то замин мерасад. Мансур пай бурд, ки асписалот аст. Фикр кард, ки аспро чӣ гуна гирад? Як даҳон пурсад, ки аспро мефурӯшӣ? Ё гӯяд, ки аспатро мегираму баъдтар... Не, хубаш мегӯяд, ки ҷӯра, аспи маро ёронат гирифтаанд, ман аспи туро мегирам. Аз ман не, аз ҳамроҳонат хафа шав.
Онҳо аз назди барфҳои тӯда ва шоҳу шиппаҳои барои аловӣ ҷамъ карда гузаштанду Мирзоодил гуфт:
– Як ҳамдеҳаамон дар кӯҳ дар хунукӣ азоб кашида будааст, ҳамон ҳам сухани шуморо гуфт:- Ҳатто обаш надиҳед, мегӯяд. Инҳо қавми динкушу қадаҳшикан. Ва дастаки дарро дошта, пичиррос зад: “Номаш Андрей.” Наздаш бисёр намешинем.
Меҳмонхона мувофиқи ҳамон замон оро дода шудааст. Фарш намадҳои ранга дорад. Атрофро тахтапӯстҳои баррагӣ оро медиҳад. Дар токҳо гилему яқаандозҳо ва табаку косаҳои чӯбиву сафолӣ чида шудаанд. Дар кунҷе ду китоби фарсудаю ҷангзеркарда ҳам ҳаст. Маълум, ки яке Чоркитоб аст. Ин мардум нахонанд ҳам, дар хона доштани чунин китобҳо савоб медонанд. Хона бӯйи нохуш дорад.
Баробари даромадани онҳо бемор, ҷавони газгӯшти зардина, ки чехраи кӯдакона дорад, аз ҷояш ковок шуд. Мирзоодил дарҳол ба таги сараш лӯла гузошт. Лабони бемор парчин баста, рангаш коҳ барин зард аст. Чашномаш гӯӣ аз қаъри сараш ба кас менигаранд. Нав риш баровардааст ва онҳо дароз шудаанд. Дар чеҳрааш ҳам осори дард ва ҳиҷолату андӯҳ дида мешавад.
“Не, аҳволат нохуб, ҷӯра!” Мисле ки дирӯз дар канори деҳа галаи сагҳо ба сараш ҳуҷум карданду саргаларо зад ва ҳама гурехтанд, фикрҳои номатлуб ҳамчунон аз сари Мансур пас гашта рафтанду оҳиста дар паҳлӯи бемор нишаст ва ба русӣ пурсид:
– Рафиқон наомаданд? – Ва нигоҳи беморро дошта, бо табассум афзуд: – Имсол дар ин тарафҳо барф бисёр борид. Барф сабук шавад, меоянд.
Дар чеҳраи Андрей, чунон ки субҳи рӯзи баҳор медамад, рӯшанӣ дамид. Якин забони модарӣ нерӯяш бахшид, ки худро сабук гирифта баландтар бардошт.
– Ман ҳам ба умед будам, ки меоянд,- Андрей нигоҳи меҳрборатро аз Мансур наканда пурсид: - Шумо русӣ медонед?
– Медонам, рафиқҳои рус дорам,-гуфт Мансур ва чашмаш ба китфу гардани варамкардаи ҷавон афтиду дилаш ларзид. Гардани ҷавон шишаи кабуди дар

пешина
аз 613
навбатӣ