Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

офтоб афтода барин ялаққос мезанад. Яқин, варами китф ба гардан гузаштааст. Дар рӯи пусти шиками сафеди фурӯрафтааш доғҳои сабзу сиёҳтоб пур.
Лаҳза ба лаҳза худашро ковок кардани мешуд.
– Рус бояд рафиқашро дар сахтию хорӣ нагузорад. – Ин дафъа овози Андрей устувор ва ба накуҳиш садо дод. – Рус бояд рафоқату садоқати рафиқиро аз ҷойи аввал гузорад.
– Русҳо чунин супориш гирифтаанд? — нигоҳи синчакоронаи Мансур бо нигоҳи бемор бархӯрд.
Андрей бо тасдиқ ва табассум сар ҷунбонд ва афзуд: – Мо нависандае дорем Николай Гогол. Ӯ ба мо чунин супориш додааст. – Андрей нигоҳашро чу сақф гардонду дақиқае пас бо лаҳни дигар афзуд: – Лекин ман, ки аз паси хато рафтам, ба ин хорӣ гирифтор шудам. Рафиқон маро сарфи назар карданд. Яқин Худованд ба дилашон андохт, ки назди он беодоб наравед. – Ва ба Мансур озмоишкорона зеҳн монд, ки оё суханашро мефаҳмад?
“Инро бинед-а, чӣ гуфт? Азоби худу ноҷавонмардии рафиқонро аз ҳисоби бади худ медонад. Бе дину бе Худо мегӯем, ана Худошиносӣ!” Бемор гӯё рамӯз гирифта бошад, илова кард: “Дар ду рӯзи охир гаштаю баргашта чунин фикр ба сарам меояд”.
– Мо шоире дорем бо номи Хайём, – гуфт Мансур. – Ӯ ба Худо муроҷиат кардааст, ки маънояш чунин аст. “Ҳар неку баде, ки ба сари ман ояд, ту навиштаӣ. Ба гуфти шумоён гӯем, барномаамро, мегӯяд, ту тартиб додаӣ, пас аз ман дигар чӣ меояд?” Ту ҳам худатро дилхун накун. Ҳамаро ба Худо миспоридаю сабр пеш гир.
Андрей лаҳзае андешаманд шуда гуфт:
– Шояд барнома бошад, лекин тасмимгириҳо аз ҷониби худи инсон аст. “Бубинед, ҷавон асту чӣ фикрҳо дорад! Не, мо ҳазор дар сина занем, аз рӯи таълим инҳо пеш рафтаанд. Таърихашро медонад, динашро медонад, асримиёнагию тирпаронию ҷангкуниро медонад”.
– Бале, аз рӯи ҳамон тасмимгириҳо рӯзи ҳисоб баррасӣ мешавӣ, – гуфт Мансур.
– Ман аз пайи духтаре асп монда, ба ин ҳол гирифтор шудам: магар ҳа ин амал дар қисматам будааст? – Андрей рост ба чашмони Мансур нигарист.
Мансур курпаи болои беморро дуруст кардаю бо овози гиреҳхӯрда гуфт:
– Ҷавоби ин савол мушкил аст, ошно. Ман аз таҷрибаам медонам. Агар инсон аз роҳ бероҳа шудӣ, осмон тарсакие задаю ба роҳ мегардонад. Мисли он ки пешгард агар ба бероҳа рафтанӣ шавад, чӯпон санг партофта мегардонад.
– Агар он санг буз кушад? – Бемор ба як тарафи лаб табассум кард.
Ба чӣ ишора кардани беморро Мансур пай бурда гуфт:
– Ба як санги чӯпон буз нашемурдагист.
Чеҳраи бемор боз гирифта шуд. Дандон ба дандон гузошта, чашмонашро пӯшид. Яқин захмҳояш ба дард даромаданд.
– Бисёр сухан намекунем, мехезем, – хушдор дод Мирзоодил.
Аммо бемор чашм кушода, рӯ ҷониби шифт карда бо дилчӯй ба ововоз баромад:

пешина
аз 613
навбатӣ