Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан- Зиндагии шумо сода ва осон, ҳама неку бадро ба Худо ҳавола мекунеду бепарво гаштан мегиред.
Ҳар се муддате хомӯш монданд.
Ба димоғи Мансур боз бӯйи тунду нофорам зад. Ӯ пай бурд, ки бӯйи пешоб аст, ки аз бадани бемор меояд. Нав дид, ки нохунҳояш ҳам дароз шудаанд. Мӯи сараш ҳам бетартиб дароз шудааст. - Рафта аз Когон духтур биёрам? — пурсид Мансур. Ва аз дилаш гузашт, ки дигар духтур ҳам фоида намекунад.
Андрей ё нашунид, ё ки қасдан эътибор надод. Дақиқае ҳамчунон ҷониби шифт нигарон шуду пас бо садои пасттар гуфт: - Сухани шумо модарамро пеши назарам овард. Вай китоб нахонда бошад ҳам, аҷаб зани боаклу меҳрубон аст. Мудом таъкид мекард, ки аз ҳад ки гузаштӣ, Худо мезанад. - Дар ҷанг чанд маротиба ҳақиқати ин суханҳоро дар амалҳои худаму ҳамяроқон ва оқибати корашон мушоҳида кардам. Аммо ҷавонӣ кай ба насиҳат эътибор додааст? Ҳамон кореро мекунад, ки дилаш мехоҳад...
Мансур фикр кард, ки инсон ҳамин гуна махлуқ аст. Пеш аз марг хоҳ ҷавон бошад, хоҳ пир, корҳои неку бадашро андеша карда, ба онҳо бо камоли ростӣ ва донишмандӣ доварӣ мекардааст.
Мирзоодил боз суханашро такрор кард, ки Андрей ҷонибаш гашта, маҳин табассум кард, нигоҳаш чунин мазмун дошт: “Шумо дилтанг нашавед, сӯҳбат кунем, хуб аст.” - Шумо, инқилобчиён, ба Худо бовар надоред-ку, — Мансур ба суханаш оҳанги шӯхӣ дод.
Андрей сарашро оҳиста ҷониби Мансур тоб дод ва бо лаҳне, ки гӯё бо дӯсти деринаш суҳбат мекарда бошад, гуфт: - Мо дар деҳаи Бахаревкаи наздикии Перм зиндагӣ мекунем. Ду десятина замин (аз ду гектар зиёдтар) ва молу зиндагии хуб доштем. Ҳама ба серков (калисо) мерафтем. Ногаҳ инқилоб пеш омад. Мисли як бозии изтироббарангез ва пурасрор. Дар ҳама ҷо шиорҳои “Зина бод!.. Зина бод!...” пайдо шуданду баъди он шурӯъ шуд гунаҳчустанҳо: ту сурх, ту сафед, ту бой, ту батрак. Баъд ба гурӯҳҳо ҷудо шудему ҳар кас роҳе гирифт. Саркардаҳомон аз мо полк сохтанд. Идеяи зиндагии баробар моро ба шӯр овард. Аввал худиҳоро, пас бегонаҳоро душман гуфтаю задему тороҷ кардем. Ин оварду бурд ба мо, ҷавонон, ки бекору бероҳ монда будем, писанд буд. Завод, фабрика, боғ, хона, чизи зебое медидем, мегирифтем ё вайрон мекардем. Агарчи Русияро ба харобазор табдил дода будем, ҳукумат моро пуштибонӣ мекард. Аз Перм омадем ба Уфа, ба Уралск ва аз он ҷойҳо ба ин тараф — ба Хиваю Бухоро. Қуввае набуд, ки пеши пулемётҳои моро гирад. Ҷое бо душманӣ, ҷое бо нону намаку рақсу мусиқӣ моро пешвоз мегирифтанд...
Андрей ногаҳон хомӯш шуду ба гарданаш даст бурд. Рангаш пахта барин шуд. Чашмонаш пӯшидаю дандонҳояш ба ҳам совиш мехӯрданд. Мирзоодил ба таги сараш даст бурд. - Андрей, бачаҷон, чӣ кор кунам? Об диҳам? — гуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо