Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Андрей бо ишора косаи болояш пӯшондаи дар ток бударо нишон дод. Коса оби кӯкнор дошт.
– Ҳаминро нӯшад, дардро камтар ҳис мекунад, - гуфт Мирзоодил ва косаро ба лабони хушки бемор дошт.
Лабони табхолдори Андрей аз оби сабзранг тар буданд. Танашро ларза гирифт.
Дақиқае сукут карду боз чеҳрааш кушода шуд ва “аз арақи дастии мо ин оби амакҷонам беҳтар аст”, - гуфта бо оҳанги нолишомез суханашро идома дод.
– Ду рӯз пеш аз ин воқеа я рафиқам аз хона хат овард. Навиштаанд, ки дар замину фабрикаҳое, ки пеш се-чор оиларо мехӯронданд, ҳоло ҳама аҳли деҳа кор мекунему маош мегирем ва ободониҳо дучандон шудаанд. Аксари мардум аз сохти нав розӣ. Ростӣ, то ин вақт хавотирӣ мекашидам, ки охири кори мо чӣ мешавад? Баъди ин хатро хондан дилам осуда шуд. Он қувва, он тиру тӯпе, ки мо сарф кардему вайрон кардем, аз қаъраш ободониҳо неомадааст.
“Ин ҷавон аҷаб суханҳое гуфт. Яъне, инҳо ҳам аз роҳи пешгирифтаашон дар гумон будаанду нав фаҳмидаанд, ки гӯй корашон ҳақ будааст?” Мансур ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Халқи шумо замини бегонаро мегирад. Мардуми мо “моли кас ба худаш насиб накард, ба ман ҳам намекунад” гуфта, намегиранд.
Андрей ба тариқи тасдиқ сар ҷунбонд. Аммо нигоҳаш баръало мегуфт, ки беҳуда баҳс намекунем. Яқин аз ин гапҳо бисёр гуфтаю шунида буду ҳоло намехост.
Ба дили Мансур омад, ки шояд мардуми мо беҳуда яктарафӣ кардаю замини додаро намегиранд. Аз афташ, дигаргунию пешравии ҷамъият ба ҷангу хунрезӣ намешавад. Онҳо боз каме аз ҷангҳои атрофи Бухоро гуфтугӯ карданду Андрей дасти Мирзоодилро гирифта, ба рӯяш бо меҳрубонии кӯдакона нигариста гуфт:
– Ин марди биҳиштӣ мисли падар бароям хизмат карданд. Занашон холаи Гулнисо ҳам, лаҳзае, ки аз дард печу тоб хӯрдаю менолам, инҳо низ баробарам дард мекашанд. Кӯшиш мекунанд коре кардаю дардро кам кунанд. Нигоҳубини ман барин бемор мушкил аст. Вале инҳо ҳазар накарданд. Гоҳе, ки бетоқатӣ мекунам, амак дуо мехонанд ва дуояшон мисли дору дардамро мегираду хобам мебарад. - Андрей ҷониби Мирзоодил табассум кард. Пас ҳалтаяи сафарии дар кунҷи хона партофтаро нишон дода, ҷониби Мансур нигариста гуфт: “Он ҷо либосҳоям ва баъзе анҷомҳое, ки аз ҳарҷо гирифтаам ва ҳафтоду се тангаи тило ҳаст. Онҳоро аз ду хонаи бухорӣ ба пешониашон таппонча монда, гирифта будам. Яке бепарво шаст тангаи тилоро бароварда ба забони шикастаи русӣ: “Инкилобатон барои ҳамин тилоҳо буд?” - гуфта истеҳзо кард. Худамро ба нофаҳмӣ зада, берун баромадам ва аз сабаби он, ки номи инқилобро паст задам, аз карда пушаймон шудам. Вале рӯзи дигар ҳаваси бештар тило доштан бар ман ғалаба кард... - Андрей хомӯш монд.
– Дар шаҳр чунин корҳо бисёр буданд? - пурсид Мансур.
– Ҳама ба ин кор даст назад, - гуфт Андрей. - Ду рӯз шаҳр дар дасти сарбозҳо буд. Калонсолҳо мегуфтанд, ки ин бадаъмолиро накунед. Онҳо гӯш намекарданд. Лекин баъди он ки бо фармони Фрунзе ду нафарро паронданд, иштиҳои

пешина
аз 613
навбатӣ