Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
тилоғундории мо гирифт. Аммо байни бачаҳо овоза буд, ки баъзеҳо се-чор кило, баъзеҳо зиёдтар тило ба даст овардаанд.
— Бисёр касон тило доштанд?
— Аз рӯйи гуфти рафиқон, ҳамаи мансабдорони Бухоро тило доштаанд. Яҳудиҳо, тоҷирон доштанд. — Андрей нигоҳаш ҷониби дар шуду илова кард: — Байни сарбозон овоза буд, ки чанд нафар аз хонаҳои бойҳои Бухоро, ва бойҳои деҳаҳо хишти тилло ёфтаву аз худ кардаанд.
— Ин амали аскари сурх халқи Бухороро сахт дилмонда кард, — гуфт Мансур.
— Бале, муносибати ҷавонбухориҳо низ дигар шуд. — Андрей нигоҳашро аз шифт кандаю ба рӯи Мансур дӯхт ва афзуд: — Инро касе ба забон намеовард, вале ҳама мефаҳмидем.
Мансур чизи гуфтани шуд, ки Андрей пешдастӣ карда гуфт:
— Баъди ҷанги Бухоро сарбозон сустҳаракат шуданд. Он шӯру шавку пештарашон намонда буд. Калонсолҳо мегуфтанд, ки бас ба шаҳрҳои касон даромада мардума толон карданд. Хонаҳомон рафта як муддат дам гирем.
— Ҳам монда шуда буданд, ҳам хурчину халтаҳо пур шуда буданд, — бо табассум давонд Мансур.
— Сухани шумо ҳам ҷой дораду баъзеҳо сахт пазмони хона шуда буданд, — гуфт Андрей.
Онҳо муддате хомӯш монданд. Ҳар кас банди фикрҳои худ буд. Чеҳраи Андрей ҳоло сурх менамуд. Ӯ ҷониби Мирзоодил гуфт:
— Амак, он тилоҳои борҳалта барои шумо.
Мансур фармудаи Андрейро ба Мирзоодил тарҷума кард:
— Ман тилои ӯро чӣ кор мекунам? Моли кас... — Мирзоодил сар ҷунбонд ва гуфт: — Андрей, бачаҷон, тилоҳоята мон. Ҳоло ту сиҳат мешавӣ.
— Намехоҳад, — Андрей ба сақф нигарист.
Мансур ҳам хомӯш шуд. Надонист, чӣ гӯяд. Нигоҳаш ба туфангчаи даруни борҳалта афтиду ба дилаш омад, ки агар ҳамроҳат бошад, дигар парвои гургу хирс надорӣ.
— Баъди ки ба марг наздик мешавӣ, пас ҳақиқати зиндагиро мефаҳмӣ. — Андрей курпаро баландтар кашид. — Зиндагии пок дигар аст.
— Агар ҳамааш хуб бошад ҳам, он зиндагӣ беранг аст.-Мансур ба тавраш Андрейро тасалло дод.
Андрей сухан накард. Оҳи чуқур кашида, мисле ки беқарор шуда буд, кӯрпаро тела дода худро ба ҳар тараф партофт. Сипас рӯяшро ҷониби девор тоб дод. Танаш меларзид. Ӯ дарун-дарун гиря мекард.
Мирзоодил бо дилсӯзӣ ва таассуф сар ҷунбонда гуфт:
— Модом ки сухан кардан нахоҳад, наковед.
Ба ёди Мансур омад, ки аз аспаш гап кушояд. Вале зуд аз фикраш гашт.
Мирзоодил хесту Мансурро ҳам ишораи хестан кард. Онҳо берун баромаданд. “Ба шумо офарин, ки забони русиро медонед!” гуфт Мирзоодил.
Мансур гап назад. Фикр кард, ки мешавад беморро ба шаҳр баранд, роҳи пурбарфи хатар ба ёдаш омаду сар ҷунбонд. Ба ҷавон дилаш сӯхт. Ба ҳавлӣ, ки даромаданд, гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо