Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Раҳмат, ки ин ҷавона нигоҳубин кардед. Каси ғариба дилаш нозук аст. - Андешаманд шуду боз: - Пайғамбарамон гуфтаанд, ки дуои мазлум мустаҷоб мешавад. Агарчи кофир бошад ҳам.

Он рӯз Мирзоодил нагузошт, ки Мансур равад.

Пагоҳ ва рӯзи дигараш ҳам Мирзоодил “пӯла буду шӯла буд” гуфта, Мансурро нигоҳ дошт. Худи Мансур ҳам тағйир ёфтани ҳаворо дида, қатъӣ меравам, нагуфт. Боз ду маротиба ҳамроҳи Мирзоодил назди Андрей даромадаю сӯҳбат карданд. Рӯзи охир Андрей дигар гарданашро ҷунбондан натавонист. Ба пурсишҳошон. “Хунук нест? Дилат чӣ мекашад?” ба ишораи лозим не, сар ҷунбонда ҳаваси сӯҳбат накард. Рӯзи савум Андрей рӯ ба девор шуд...

Хабари марги ҷавони урус дар ҳол дар деҳа паҳн шуд. Сухани Андрей “аз духтаре, ки худро ба об партофт узр пурсед” мардумро мулоим карда буд. Ба барфи сабук нигоҳ накарда, аҳли деҳа ҷамъ шуда, мурдаро ба тариқи мусулмонӣ ҷаноза карданд. Домулло, падари духтаре ки Андрей аз пасаш ба асп сур карда буд гуфт, ки баъд аз марг мусулмону кофир баробаранд. Бояд ҷаноза кард. Мурдаро дар гӯшаи қабристон гӯронданд. Пас баъзеҳо ба расми азодорӣ ба хона омада, фотеҳа хонда, ба рӯҳу арвоҳи майит бахшиданд. Домулло гуфт, ки рӯҳи майит баъди ин фотеҳаро хондан ҷаҳонро тарк карда, ба олами улвӣ мерафтааст...

Баъди рафтани одамон Мирзоодил худаш аз асп гап кушод: “Аспи раҳматиро баред, -гуфт. -Ман беда надорам, ки ӯро нигоҳубин кунам, -Ва бо ҷиддият афзуд: - Халтаю зарфҳояш чунон ки ҳаст, меистанд. Хоҳ-нохоҳ ҳамроҳонаш барои тило меоянд ва халтаро бардошта, ба тоқчаи хона монда, аз болояш шинели раҳматиро партофт.

Чун бегоҳирӯз буд, Мансурро рафтан намонданд. Меҳмонро ҳамсояи Мирзоодил талабид. Дигар мардони деҳа низ он ҷо буданд. Мансур дар ҳамон ҷо фаҳмид, ки амир Олимхон бо қувваи калон баромада, ба сӯйи Бухоро меомадааст. Ва он ҷо баҳс шуд, ки Бухороро амир гирифта метавонад ё не? Аксар мегуфтанд, ки халқу Худо гуфтаанд. Халқ хезад, аз дасти урус чӣ кор меояд? Мансур ба баҳс ҳамроҳ нашуд. Аммо ҳангоми хестан фаҳмид, ки қарори ба армияи амир пайвастану бар зидди русҳо ҷанг кардан дар дилаш нишастааст.

пешина
аз 613
навбатӣ