Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ба деҳқон тақсим кунед! То ки ӯ соҳиби замин шаваду барои ҳукумати истодагӣ ва мубориза кунад. Чаро то ҳол қасру кушку корвонсаройҳои ки аз беку тӯраҷону бегиҷонҳо гирифта будед, бесоҳибанд, ба мардум нашудаанд? Чаро дар чор моҳ амири гурезаю шарманда, ки беақлаш маҳтед, лақабашро гов мондед, тавонист, ки дар як ҷойӣ вайрона ҳукумат созад, армияи ҷилҳазора ҷамъ кунаду ҳукумати халқии шумо барои ҳимояи худ, ҳисоби халқаш ақаллан як рота сарбоз ҷамъ карда наметавонад? Пас маълум мешавад, ки вай нотавон не! Нотавону бечора шумоед, коммунистони Бухоро!
Раҳмат ба ситоди Туркфронт, ки омада бароятон як полк ташкил кард. Аз рӯи хабарҳо як қисми армияи амир, аллакай Китобу Шаҳрисабзу он тарафҳоро забт карда, ба инсӯ равон шудааст. Пагоҳ ӯ фардо, ки ба тағи девори Бухоро расад, ҳукумати худмухтори шумо чӣ чора мебинад? Эрону Туркияро ба ёрӣ даъват мекунед? Шумо шартнома доред, биёед! (Назаров лабханд кард) Не! Онҳо дарди худ гирифторанд! Ҳаргиз парвои шумо надоранд! Баръакс, тавоноии давлати навбунёди шуморо ҷӯҷа барин тағи по гирифтаю мачақ карда, тобеи худ мегардонад! Болшевикҳои ҷавонмарду назарбаланд буданд, ки халқатонро ӯги ситами амир раҳо намуда, давлат ташкил карда ба дастатон доданд! Шумо хуб медонед, ки армияи амир, ки ин ҷо расид, нахуст чадиду коммунистро нобуд мебурад! Ва дигар корҳо ҳам мекунад! Шумо феъли ҳамшаҳриҳоятонро низ медонед. Ва мақоли хуб ҳам доред: “Феъли саг ба соҳибаш маълум”. Ана акнун сарлучу пойлуч «ваё! вой!» гӯён ҷониби Афғонистон мегурезед?
Дар толор ғалвоғул бархост.
– Ин бетарбиятро кӣ ба ин ҷо роҳ дод?!
– Гум шавад-е!
– Файзуллоро хуб мешавад! Худкардаро даво нест!
– Акнун як умр таъна шунида гард, Бемағз!
Файзуллоҳ Хоҷа хеста мардумро ором кард.
Намоянда ба ҳой-ҳойи толор эътибор надода, ба оҳанги пештара суханашро идома дод:
– Ё дилпур ҳастед, ки мисли замони Колесов ҷомадонҳоро бардошта, ба Тошканд мераведу кумитии инқилобии Русия шуморо ҳимоя мекунад? Чӣ гуна андеша доред? Ба гӯшатон ҳалқа карда гиред, ки ин кор нахоҳад шуд! Ин давлат шуморо касе тарафдорӣ намекунад! Кумитии инқилоби аввал шуморо вайрон монда мепаронад! Намегузорад, ки аз пушти шумо инқилоб бадном шавад!
Ана баъд бар зидди армияи амир ҷанг мекунад. Армияи садҳазора биёрату ба сина сипар мекунад!
Чернов дар қатори пеш менишаст. Суханҳои намоянда ба ӯ маъқул нашуданд. “Одам қаҳт шудааст, ки Москва ин нотарошидаро роҳӣ кардааст!” Ӯ дид, ки Куйбишев ба Назаров хатча дод. Пас назараш ба Файзуллоҳ Хоҷа афтод, ки чеҳраи кӯдаконааш сурх шудаю бесаранҷом аст. Маълум, ки ба зӯрӣ худро нидоштаю тоқат карда нишастааст. Ин танзу таънаҳо ба ҳамаи аъзои ҳукумат равона шуда бошад ҳам, намояндаҳо ва атрофиён ба шахси аввал менигаристанд:
“Ҷойро банд кардаӣ, хеста ҷавоб гӯй!” Дили Чернов ба ҳоли Файзуллоҳ сӯхт.
Ва дар дил ба ӯ муроҷиат кард: “Мӯҳтарам раиси Шӯрои нозирон, аз инҳо

пешина
аз 613
навбатӣ