Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ин подшоҳне, ки буду шудатро додаю ба азобу хушомаду хиёнатҳо гирифтӣ, хурсандат намекунад. Москва рӯзи хушат намедиҳад”.

Лекин Файзуллоҳ Хоҷа ҳам ба суханони Назарвор ҷое ба киноя, ҷое ба рамз ҷавобҳои пухта дод. Вай оҳиста ба сухан шурӯъ карда буд, ки аз қатори пеш ҷавони сурхинарӯи олуфтанамо, ки либоси урупоӣ дошт, хеста бо ситеза ва ба забони русӣ гуфт:

– Файзуллоҳ Хоҷа! Минг-минг накарда буррою фаҳмо сухан кунед, ки мардум фаҳманд! Ба овози баланд ба рафиқ Назаров гӯед, ки “сага рӯи худаш нею рӯи соҳибаш!”, вагарна худам аз толор берунаш мекунам!

Файзуллоҳ овозашро баланд карда, бо табассуми сохта суханашро идома дод:

– Рафиқ Назаров, чунон ки дидед, дар мо панду андарз бисёр аст. - Ва рӯ ҷониби толор гардонда, ба оҳанги дигар суханашро идома дод: - Таъна мекунед, ки армия насохтем! Армия барои он насохтем, ки ҳоло ҳукумати чормоҳаи мо пул кор накардааст. Ин ҷо ҳам замин баъди як сол ҳосил медиҳад (Ин сухан чунин маънӣ дошт: пулу пайсае, ки буд, бурдед, мо чӣ гуна армия созем?). Таҳҷоиҳо барои он ҳамкорӣ намекунанд, ки хати медонистаи онҳо (хатти форсӣ) ба ҳукумат чандон қобили қабул нест. Дар бисёр ҷойҳо ба кириллӣ ё лотинӣ баргардон карда биёред мегӯянд. Ва дар он, ки имрӯз мардум ба шӯриш хестааст, камбудии мо ҳам ҳаст. Армия дар баробари корҳои нек корҳои хато ҳам кард. Сухани моро ба эътибор нагирифта, масҷидҳоро аспу ҳарбандӣ кард, китобҳоро сӯзонд. Донишмандро муллою душман гуфта паронданд. Ҳол он ки бисёри онҳо тарафдори мо буданд. Мардум ҳамаи инро дида шӯриш бардошт. Онҳое, ки ҳаводори мо буданд, рӯ гардонданд...

Назаров сухани Файзуллоҳ Хоҷаро бурид:

– Ин заифнолиҳоро мо на якбору ду бор шунидаем. Чунин шикоятҳоро дар Уфаю Хева ҳам мекарданд. Агар сухане баҳри пешбарии кор доред, гӯед.

– Сухан бисёр! – Аз ақиб кадоме бо ғазаб овоз дод.

Файзуллоҳ ҷониби Назаров нигоҳ накарда афзуд:- Ва боз хато дар он шуд, ки амир дар Ҳисор монду армия аз пасаш нарафт. Мардум ки кинаҷӯ шуда бу- данд, дар атрофаш ҷамъ омаданд. Бисту панҷ беки гурехта (ба истиснои беки Чорҷӯй) бо дастаҳояшон ҳамроҳи амир шуданд. Аз рӯи хабарҳо ду-се гурӯҳи калони гвардиячиёни сафеди аз Русия омада низ ба онҳо пайвастаанд. Шумо аз ҳамаи ин бохабаред. Вале ба ҷои он ки маслиҳат кардаю ҳамроҳ тадбири корро ҷӯем, роҳи таънаро пеш гирифтед! Таъна задан кори занҳост!

Дар толор боз ғулғула бархост. Аз ҳар тараф маслиҳат медоданд.

Ҷавони олуфтанамо хеста ба “Ҳой Муҳиддинов, шумо шинед!” гуфтани Назаров эътибор надода, афзуд:

– Файзуллоҳ, гӯед, заминҳои онҳоеро, ки феодал набуданд, деҳқон буданд, кашида гирифтанд, молашонро мусодира карданд. Тоҷиронро, ки рӯшанфикр ва ҷонибдори мо буданд, хонасалот карданд. Ҳар нафаре эътироз мекард ё су- хани салоҳ мегуфт, аксулинқилобчӣ будай гуфта мепаронданд! Гӯед, ки шаҳр ба қасди тилоковӣ толон шуд!

Чернов ба рӯйи тозатарошидаи Муҳиддинов зеҳн монда аз дилаш гузашт, ки аз Хоҷаев дида ин ҷавон ба дилу гурда менамояд.

пешина
аз 613
навбатӣ