Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Худоӣ медодаанд. Онҳоро низ ба давраашон даъват карданд. Баъди хӯрок чилу ҳашт нафар ҷавони чорпаҳлӯ аз лаҷоми аспҳо дошта, қатор истоданд. Бештар камонҳои чақмоқӣ ва як-як камони русӣ доштанд. Домулло камарбанди сардастаро, ки ҷавони сафедрӯи шонадор буд, басту чунин суханҳо гуфт:
– Фарзандонам, шумо дар ҳама корҳои деҳа намуна будете. Бо гӯштингирӣ, ҷовандозию маъракадорӣ ва дигар амалҳо деҳаро номдор кардед. Ҳоло, чунон ки мебинед, ватани зебои мо зери пойи аҷнабиҳо мондааст. Онҳо ба мо чӣ ҷафоҳоро раво мебинанд, худатон мебинеду мешунавед. Замини бобоиро аз дастамон кашида мегиранд! Хонаамонро соҳиб мешаванд! Кор ба ҷое расидааст, ки дину оинамонро манъ мекунанд! Ту агар зӯр будӣ, толону тороҷатро кардӣ, ҳаққатро гирифтӣ, дигар ин сӯ нагузар! Ба масҷидам чаро медарой?! Чаро китобамро месӯзонӣ?! Дар куҷо ин кор буд?! Пас мо чӣ гуна зиндагӣ кунем?! Ҳайвонбарин?! Агар мо ҳозир ҷоннисорӣ накунем, пас мо чӣ гуна одамем?! “Зиндаро ватан-мурдаро кафан” гуфтаанд. Аз ин рӯ шуморо интихоб кардем ва талаби мо ҳамин, ки ба сафи лашкари подшоҳамон Сайид Олимхони Баҳодур, ки ваъда кардаст дини исломро ба ҷойгоҳаш бармегардонад, пайваста, ба фармонаш бошед. Дар корзор даромадед, шарики кори ҳамдигар гардед. Ба душман чунон ҷанг кунед, ки мо дар ин музофот аз кору қаҳрамониҳоятон гуфтаю бо сари баланд гардем. - Ва сурае аз Қуръони карим хонда, дуои нусрати мусулмонон талабид. Ва ҳама дар ҳолате, ки шамол хеста буду як-як борон мечакид, ба роҳ даромаданд.
Дар баромади деҳа болои девори баланде, ки дар тарафи теппа аст, як гурӯҳ духтарон то охири девор баробарашон тез-тез қадам задаю садо медоданд.
– Эраҷ! Худатонро эҳтиёт кунед!
– Порсо, расидед, хат нависед!
– Ҷасур! Ман интизор мешавам! - Духтаре ба суханони ҷавони сафедрӯе гӯш дода механдид ва бо овози хотирмон биафзуд: “Ҳар рӯзи Худо интизор мешавам.”
Сардаста аспашро баробари аспи Мансур дошта гуфт:
– Қаҳрамонии духтарони моро дидед? Ҳарчанд духтари нисбатдор ҳаққи аз хона баромадану рӯяшро ба номаҳрам нишон доданро надорад, аммо инҳо барои гусели каси маҳбубашон баромадаанд.
– Ин корашон маро ҳам ба риққат овард,-гуфт Мансур.-Онҳо бо ин амалашон ангезаи душманситезии ҳамаро зиёд карданд.
Сардаста бо хушнудӣ сар ҷунбонда гуфт:
– Номам Мурод, шумо ҳаққи гапро гуфтед. Маро ҳоло ҳолате фаро гирифтааст, ки мехоҳам аспро ба тамоми қувват тозонда, зудтар ба душман расида қаҳрамонӣ нишон диҳам,-ҷавон бо завқ хандид.
– Домуллоятон одами баақл будааст,-Мансур ҳам аспашро пошна зад.-Суханаш “ҳаққатро гирифтӣ, ба ин сӯ нагузар” як китоб гап аст. Маънояш ҳамин, ки китоб навиштан, масҷид сохтан, намоз гузоридан кори рӯҳонии ман аст! Ба он даҳолат накун! Фаҳмидед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо