Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Мардуми мо зиндагиашонро бе намоз тасаввур намекунанд, намоз қуввати танашон аст гӯем, хато намекунем, – гуфт Мурод. – Касеро бад бинанд, “бенамоз!” гуфта дашном медиҳанд.

– Албатта, намозро илм ҳам гӯем, мешавад. Намоз инсонро ба замину осмон, ба покию парҳезгорӣ мепайвандрад: одам буданатро дарк мекунӣ.

– Рост, – Мурод ба дидаи эҳтиром ба мусоҳибаш нигарист.

– Касбу коратро ба зебоӣ анҷом диҳӣ, вай ҳам намоз аст, – афзуд Мансур.

Дар лаби чашмаобе, ки кулбаи бедар дошт, дар атроф заминҳои қорам низ буданд, чанд салладорро диданд. Аз дари кулба дуди тунуки сафед мебаромад. Мурод гуфт ки онҳо мардуми Бухоро онҳо низ ба ҷанг равонанд. Дар ҳамон рӯзҳои ҷанг ки аз Бухоро мебароманд, дигар даромаданашон намемонанд. Даромадаро дошта душман эълон мекарданд. Инҳо се рӯз шуд, ки дар масҷиди мо хобу хез мекарданд. Обу нонашона меоварданд. Дирӯз гуселашон карда буданд.

Сардастаро ҳамроҳонаш ба тап гирифтанд.

Мансур шиддат гирифтани боронро дида, чакманашро пӯшид, фикр кард, ки мо сода будаем, ки ба он варсоқиҳои болшевик бовар кардем. Дар ин се моҳ дидему дарк кардем, ки чӣ мехостаанд. Ҳамон фанду фиребу зӯрие, ки ҳазорҳо сол боз ҷабборон мекунанду зиндагиашонро пеш мебаранд. Ба Бухоро дигарҳо ҳам омадаю чунин бадъамолиҳоро карда буданд. Болшевикон ба роҳу равиши нав ин корро карданд. Мардум қабоҳаташонро дер фаҳмиданд. Фаҳмиданду имрӯз муллою омию косибу козиб ҳама бар зиддашон хест. Ҷадидҳои ҳамнишинашон низ бар зиддашон хестанд. Зимни чунин фикрҳо ба назари Мансур менамуд, ки минбаъд бояд пеши корашон кушода шаваду ба душман зафар кунанд, таълиму тарбияи замонавӣ ба роҳ монанд ва зиндагиашон ба тарзи дигар равад.

Он лаҳза ин амалҳо ба назари Мансур осон ва иҷрошаванда менамуданд.

Онҳо дар рӯзи сеюм ба Ҳисор даромада фаҳмиданд, ки як қисми аскари амир як ҳафта пеш, қисми дигар дирӯз ба Бойсун ба ҷанг рафтаанд.

Водии Ҳисор ҷо-ҷо зери барф мондаасту ҳаво хунук буд. Бегоҳӣ ба деҳаи Душанбе даромаданд. Ба бошишгоҳи амир, ки дар наздикии қалъа будааст, раф-танд. Атрофи бошишгоҳро девор бардоштаанд. Дар рӯбарӯи қӯрғон майдони ба тозагӣ ҳамворкарда ва дар атроф қатор-қатор хаймаву чодарҳои хурду бузург тӯл кашидаанд. Назди дари хаймаҳо гулхан афрӯхтаанд. Дар атроф одам бисёр; удайчию шигавулу ясавулу дафтардору дарбону шарбатдору... Мансур гумон дошт, ки ин ҷо дар майдонҳо тӯпу пулемиёт мебинад. Ҷавонони ҷамъомада бояд андармони машқи ҷанг бошанд. Вай дар Бухоро дида буд, ки ҷанги ин замона бе тӯпу пулемет худкушӣ асту бас. Амир ҳам дида буд. Як қисми аскараш, ки ин ҷо ҷамъ омадаанд, низ шоҳид буданд. Ӯ аз машқ нишоне нададида дар таҳлука афтид. «Мабод, ки он ҳама кӯшишу умеди мардум баҳри ҳимояи ватан барабас равад. Боз ҳама шикаст хурдаву муш барин ба сӯрохҳо дароем».

Даста дуртар аз қалъа истоду се нафар ба “дарбор” рафта, матлабро фаҳмонданд. Марди шикамдоре, ки аз болои ҷома бо рӯймоли шилшиладор миёнашро баста буд, катибаи дарвозаро кушода, ба омадаҳо бо дили нохоҳам назар афканда гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ