Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

омад. “Эҳ, ин искотӣ яла кардааст!” гуфт соҳибхона ва хеста ӯро дар чояки баст. Маълум шуд, ки гусоларо дар охири хона нигоҳ медоштаанд.

Пагоҳӣ соҳибхона, марди сиёҳчурдаи чашмкалон, шир ва гандумбирён оварда гуфт:

– Меҳмон, дар номат садқа, гандуми маро ба ҷоии нон дон.

Мансур чизе нагуфт. Дар дил худошро тамасхур кард. “Мансур, гандумбирёнро ба чайбат резу ба ҷанги урус шитоб. Ҷанг кардани ин тоифа аз рафтори дирӯзаи ба мо кардаашон маълум. Ақаллан муносибати одамӣ надоранд.” Ӯ ба рӯи соҳибхона, ки гулхани хомӯшударо пуф-пуф карда, гиронданӣ мешуд, бо нафрат нигариста гуфт:

– Ба чанд даромадӣ? Ба якам чил, мегӯӣ. Пас чаро хона надорӣ?! Чаро нон набудааст? Чаро ҳезум надорӣ? Ин хона аст ё гӯр?! Садкаи одам шав, ошно!

– Меҳмончон, рост мегӯӣ. Аслан мо дупула одам нестем.-Мард боз ҳам шуда ба пуф-пуф пардохт.

Мансурро ханда гирифт.

Мард пас аз он, ки оташро равшан кард, бо бепарвой гуфт: - Овоза ҳаст.
ки имшаб аз Балҷувон як даста сарбоз ба тарфдории амирам омадаанд. Имрӯз аз шаҳрҳои Миёнкол ҳам аскар меомадааст. Беки Ҳисор ба он тарафҳо одам монда будааст.

– Одам мондааст ё мардум ба хоҳиши худ меоянд?-Мансур ширро ошомиду хест.

– Мегӯянд, ки ба шаҳрҳои калон аз номи амир одам рафтааст. Вагарна дар ин зимистон киро саг газидааст, ки ҷойи гармашро хунук мекунад?-гуфт мизбон.- Дар ин тарафҳо дар аввали кор ҳатто мардони то чилсоларо ҳам ба зӯрӣ гирифтаю ба тарафи Шеробод равон карданд.Майдони ҷанги урус аввал ҳамон ҷо будааст. Мегӯянд, ки ҳама як шуда уруса бурда аз Самарқанду Тошканд он тараф мекардаанд.

– Кӣ мегӯяд ин сафсатаро?

– Одамони давру пеши амирам, ҳамсояҳо мегӯянд.

– Ин мардум ақлашонро хӯрдаанд, -гуфт Мансур бо ғазаб ва аз дар баромада афзуд:- Ба ин варсоқиҳо бовар накун.

Субҳ ҳаво аёс кард ва осмон кушода шуд. Мансур аз баландии мушоҳида кард, ки аз ҳар тараф одамон даста-даста пиёдаю савора ҷониби бошишгоҳи амир мераванд. Ин дам аспашро дид, ки яла карда, рафта алафи чирани меҳмони ҳамсояро хӯрдан дорад. Яқин чиранро тарсондааст, ки он бечора ба девори ҳавлӣ чафс шуда ларзида истодааст. Мансур аспро аз лаҷомаш дошта, оварда бандашро таранг бастаю насиҳат кард: “Ошно, ту дигар моли Андрейи кофирбача нестӣ, ки ҳар ҷо хоҳӣ, равию номаъқулӣ кунӣ. Шукр, ту акнун аспи марди мусулмонӣ. Бетартибӣ кардӣ, маро ҷанг мекунанд: “Худата мусулмон мегирию аспата бин!” мегӯянд. Минбаъд ту набояд йему алафи бегонаро бихурӣ.
фаромӯш накун! Дар ин ҷаҳон аз ҳама амали дилнишин ва ба замину осмон писанд парҳезкорӣ будааст.” Мансур худ ба худ лабханд кард ва гардани аспро молида, афзуд:- Лекин ба ту ном мондан даркор. Як номи зебо ҳаст: Номи аспи писарам гуфтанӣ шуду зуд худро дошт) ва афзуд: Ҳангоме, ки дар хонаи

пешина
аз 613
навбатӣ