Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мирзоодил дидамат, даруни дилам мисли ламраи чилум гузошта рӯшан шуд. Ман ду сол пеш як асп доштам. Вайро ҳам ҳар вақте медидам, чунин ҳолат рӯй медод. Аз ин рӯ ӯро Рӯшан мегуфтам. Пас як кор аз пеш баромаду ман беаклӣ кардам. Хулоса гап ҳамин, ки розӣ бошӣ номатро Рӯшан мемонем..
Мансур баландии деҳаи Ҳазораро фуромада, ба роҳи қалъа тоб хӯрд. Дар даромади деҳа дӯконҳои хӯрокворӣ ва чарчинфурӯшӣ қатор ҷойгиранд. Қариб ҳамаи соҳибхонаашон яҳудиҳо. Онсӯтар дӯконҳои оҳангарҳо тӯл кашидаанд ва ҳама саргарми коранд. Дар пештоқи дарвозаю дарашон шамшерҳои сохтаашон овезон. Дил кард, ки як шамшер харад. Вале ба андешае, ки баъд меояд, гузашта рафт. Онсӯтар рафту ба димогаш бӯйи бад расид: ба атроф нигариста, дилаш лабрези аламу ғазаб шуд. Дар ду тарафи роҳ, ҳатто дар болои роҳ ахлоту пешоб кардаанд. Ҷое пойӣ аспу одамон олуда шуда рафтааст. Пештар рафта дид, ки дар паси девори бошишгоҳи амир мардҳо, хурду бузург ҷомаҳо мисли саргираки занҳо дар сар, чеҳраҳоро пинҳон кардаю қатор ба қазои ҳоҷат нишастаанд. Ҳисси нафраташ боло гирифт. Ин қадар аъламу ахром бо амирашон ин ҷо зиндагӣ доранду ақл намекунанд, ки ду-се мабраз созанд. Аз меҳмонҳое, ки омада мераванд, шарм намекунанд? Ӯ аз майдон гузашта, чашмаш ба чӯби дор афтид. Як даста салласафедҳое, ки аз поён меомаданд, ҳайрон ба чӯби дор нигаристанашро дида, ба таврашон чӣ сир доштанашро ба ӯ шарҳ доданд.
– Ин дори баланд барои ҷадидҳо ва ёғиҳо!
– Аллакай ин дор сари сенздаҳ нафарро хӯрд.
Дили Мансур таккон хӯрд ва ба тариқи маслиҳат гуфт:
– Ҳоло вақти ба доркашию таҳдид нест. Вақти сухан гуфтану дил ба даст овардан аст.
Марди кӯтоҳ, ки риши сиёҳаш мисли халтаи чавдиҳии асп аз баногӯш то баногӯш аст, бо хашм ба Мансур нигариста, гуфт:
– Ту худат кистӣ, ки ба Ҷаноби олӣ ақл ёд медиҳӣ?
Марди бузургҷуссаи кӯсае лаҷоми аспашро дошта, ҳайбат кард:
– Мабодо ҷадид набошӣ? – Ва мисле, ки хазина ёфта бошад, ба шӯр омад. – Ҷадид аст, куртаи буғак дорад. – Ду нафар ҷавони сиёҳандом аз ду ҷониби Мансур шуданд ва яке “худат баринҳоро кофта гаштаем!” гуфт ва ба завқ хандида, ҷониби ҳамроҳонаш афзуд: – Доред, ба пои худ омадааст!?
– Улоқаш метозем! – Овози марди ришкалон ба гӯши Мансур омад.
Ин дам ҳамроҳони дирӯзаи Мансур, ки бо як гурӯҳ балҷувониҳо аз пас меомаданд, кашокашро дида, онҳоро гирд карданд.
– Ҳой, ин одам ҳамраҳи мо! Мо дирӯз омадем, – гуфт деҳқонободие ва аспашро маҳмез задаю наздик омад. Чаро ба ин дарафтодед?! – гуфт ӯ ба таҳдид.
Балҷувониҳо аз пас омада, ҳам воқеаро фаҳмида ситезманд шуданд. Ҷавони қадбаланди сафедрӯе, ки аз болои ҷома яктаҳи раҳ-раҳ дорад, бо овози баланд гуфт: “Мо аз роҳи дур ба ёрии амир биёему шумо улоқамон метозед?! Кор агар ин тавр бошад, мо шуморо улоқ метозем!” ва лаҷоми аспи Мансурро дошт.
Дигарҳо низ ҷамъ шудаю сару садо баланд карданд.
Аз гурӯҳи салласафедҳо чашмкалоне ҳамроҳонашро шиддат кард:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо