Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Сар диҳед мардака! Дирӯз ҳам ба ин дору гиратон як гурӯҳа хафа карда будед!
Кӯса лаҷоми аспи Мансурро раҳо кард.
Як нафари аз рӯбарӯ омада деҳқонободиҳоро саросема карду ҳама ба майдони поёни қалъа шитофтанд. Мансур ҷониби марди ришкалон ба зарда нигористу аспашро тозиёна зад.
Дар майдоне, ки қирав пӯшондаасту роҳраваш лой аст, аллакай балҷувону ва як даста фархориҳо ҳамроҳи аспҳояшон қатор истодаанд. Ин ҷо амир ва сарбозҳои ба ҷанг равон дуъо медадаст. Ҷавонони қатористода ҳама тануманду ва пурҷӯшу хурӯшанд. Аспҳояшон ҳам мисли худашон яккачинанд.
Мансур низ аспашро резачарпо дода, омада дар қатор истод. Аз он ки аз дасти одамони амир халос хӯрд, ҳам хурсанд буд, ҳам хориаш меомад. “Қарибуз барин улоқаш метоҳтанде-а!” Аз ҷониби дараи Варзоб беист шамоли сард мевазид. Аспҳо беқарорӣ мекарданд ва ҳар лаҳза ба замин сум зада, фир-фир бинӣ меафшонанд. Ҷанговарони амирро интизоранд. Пеш аз сафар онҳо бояд амирро бинанд, ки чӣ намуд доранд.
Ба онҳо чӣ мегӯяд? Охир аз куҷоҳое ӯро гуфта омадаанд. Қариб як соат мунтазир шуданд. Вале аз амир дарак набуд. Аммо даромад барои мурдуми ришсиёҳу ришсафед бисёр буд. Чор нафар мардони ришдор пайдо шуда назди саҳн роҳрабаромади амирро ҷорӯб зада қиравро тоза карданд. Хотири ҷанговарон озурда шуд ва аз ҳар тараф овоз баланд карданд:
– Ин Ҷаноби кашола кай мебарояд? Шаб дар хунукӣ мондем, бас набуд?
– Серро чӣ парвои гурусна?
– Ба Худое, ки халқам кардааст, баъди панҷ дақиқа набарояд, гашта ба ватанам меравам.. Ёфтаст бесоҳибаша. Рӯят дар гӯр!
Аз дохил ҳамчунон гурӯҳ-гурӯҳ одамон дарою баро доштанд, гӯё кори заруреро анҷом медоданд, ки саросема менамуданд. Боз ним соат барин вақт гузашту ниҳоят дари боғ кушода шуда, ҳашт-нӯҳ нафар ясавулу шигавулҳо пеш-пеш, аз пас муқаррабону муаззамони дарбор баромаданд. Баъзеро пӯстин то замин кашол, баъзеҳо ҷома ба бар, баъзеҳо чакман доранд. Ҳама шикамҳо дамида ва миёнҳо баста. Овози оруғдиҳиашон ки ба қар-қари зоғ мемонад, баръало шунида мешавад. Онҳо дар даромади саҳн интизор истоданд. Панҷ-шаш дақиқа пас амир ҳамроҳи се нафар домуллоҳои салласафед баромад. Амир марди қадпасти сергӯшт буда, риши гирда ва чехраи мисли дунбаи дербоз истодаю сиёҳ гашта дорад. Дар танаш ду ҷомаи рангубаранг, саллааш сафед ва фашаш болокарда. Аз қиёфаи берангаш чизе фаҳмида намешавад. Сарсарӣ банавомадаҳо нигариста, бо овози базӯр шунаво “салламно, салламно”,- гӯён ғурғур кард ва ду-се қадам пештар омада, боз ҳам “салламно, салламно” гуфт. Пас яке аз ҳамроҳонаш, ки қадбаланд буду ҳар лаҳза оби чашмонашро пок мекард, сухан кард. Боди сарди саҳаргоҳ хур-хур мевазад, овозаш гоҳ шунида мешуду гоҳ не. Ҷанговарон, ки хунук хӯрда буданд, ба суханонаш эътибор намедоданд.
По ба замин задаю садо медиҳанд:
– Э бас!...
– Худаш, ки ҷойи гарм баромадааст, чӣ парвои мо дорад!

пешина
аз 613
навбатӣ