Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Даме он шамол суст шуду Мансур суханони нотиқро шунид:
–...То рафтанатон иншооллоҳ, аскари амирам Бойсунро аз пайи қадами кофирҳо пок мекунаду пас ҳамакаса ҷониби Бухорои Шариф ҳаракат мекунем. Ва дини мубини исломро боз ба ҷойгоҳаш баргардондаю Бухороро Бухорои ислому дин мекунем!
Амир Олим ба тасдиқу таъкид сар ҷунбонд. Чунон дилпуру бепарво менамуд, ки гӯё аскараш аллакай Бойсунро гирияту ҷониби Бухоро ҳаракат карда бошад. Мансур дар замираш ба мард сухан ёд дод. “Аблаҳ, минг-минг накарда гӯй буд, ки ватан дар хатар! Обу замин азони халқ гуфта обу замин ватана соҳиб шуданд! Ояндаамон номаълум. Додарҳо, шумо бошед донед, ки мо ё хун рехта ба душмани сарсӯхт ғалаба мекунем, ё аз ватан ронда мешавем”.
Овози марди сухангӯй ба шиддат шуд:
– Шумо сабаби аз Бухоро баромадани амири баҳодурамон ва соҳиби шариатамонро медонед! Ҷаноби олӣ диданд, ки русҳо бо аэропланҳои даҷҷолнусҳаашон Бухороро бомбаборон карда, ба тамом месӯзонанд, ман бароям, бас мекардагиянд гуфта, ҳатто фарзандҳои азизашонро нагирифтанд. Лекин кофирҳо бештар тирзанию оташзаниҳо кардаю мардумро тарсонда аз дару девори шаҳр аскари яъҷуҷу маъҷуҷашонро дароварданд. Имрӯз мардуми ғайур хестанд, бекҳои баҳодур пеш даромадаанд, ки мо хун ба хун мегирем!.. -Ӯ боз ким-чиҳое гуфту пас сурае аз Қуръон хонд ва амир лаб ҷунбонда дуо дод.
– Мақоли “Саг нолоиқ бошад, рӯбоҳ бом ба бом мегардад,” дар ҳаққи шумоён аст,- гуфт қадоме бо овози паст.
Ҳангоме ки аз саҳн баромаданд, Мансур байни русҳо Фёдорро дид, ки гӯшакҳои телпакаш фуроварда ба ӯ нигоҳ дорад.
– Туро дидаму аз худ пурсидам, ки оё ин Мансури самарқандӣ бошад?-Фёдор нигоҳашро аз Мансур намеканд.
– Яқин барои газета мавод ҷамъ кардан омадӣ?- Мансур мушоҳида кард, ки дар пешонаяи баланди Фёдор чинҳо ҷамъ омадаю хона кардаанд. Мӯйлаби зардаш як-як сафед шудаанд.
Онҳо ба ҳам зеҳн мондаю дар замирашон ба як андеша омаданд: “Инқилоб насли моро барвақт пир кард.”
– На он газета монду на он одамон, - Фёдор бо лабханд аз китфи Мансур дошта, раҳораҳ афзуд: - Соҳиби матбаа марди яҳудӣ буд. Шояд аз ин корҳо бохабар будааст, ки дар вақташ матбааро арзон ба ман фурӯхту нопайдо гашт. Баъди ним сол омад-омади болшевиқҳо шурӯъ шуд ва дастгоҳҳоро бардошта ба Когон омадам. Гумон доштам, ки ҳукумати амир мисли замони Николай барҷой мемонадю мо шӯғламонро давом медиҳем, ки болшевиқҳо ин ҷоро ҳам соҳиб шудаю матбааро давлатӣ карданд.
– Ин ҷо омадӣ, ки ҳамроҳи аскари амир ниқор гирӣ? - пурсӣд Мансур ва аз дилаш гузашт, ки аз дасти инқилоб русҳо ҳам дар азобанд.
– Не, - Фёдор лабханд кард. - Дар байни сардастаҳои болшевик шинос доштам. Омадам, ки ӯро миёнрав карда ақаллан дастгоҳҳоро гирам. Ӯ маслиҳат дод, ки аз баҳраш баро, дастгоҳро гир ҳам, чӣ кор мекунӣ? Дар кишвари болшевиқҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо