Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
дигар ба корхонаи хусусӣ роҳ намедиҳанд. Ҳатто осиёби шахсӣ дошта бошӣ, ба рӯйхати буржӯӣ медарой.
— Акнун чӣ нақша дорӣ?
— Гашта ба Самарқанд меравам.- Мабодо аз хона ҳам намонам, —гуфт Фёдор, ва пурсид: -Худат ин ҷо чӣ кор мекунӣ?
— Бар зидди аскари рус ҷанг мекунам.
— Бар зидди аскари болшевик.- Фёдор сухани Мансурро ислоҳ кард ва бо нармӣ афзуд:- Ба ҷанг дер намешавад. Имрӯз дам гир, пагоҳ ё фардо меравӣ.- Ҳоло ба аспат савор шав, онсӯтар чарх зада меоем.
Мансур фараҳманд шуд. Дилаш аз амиру атрофиёнашу кордориҳояшон монда буд.
Онҳо аспсавор ҷониби пуштаҳо равон шуданд. Дар баландиҳо барф бештар аст. Фақат барфи офтобрӯи теппаҳо, ҷо-ҷо барф об шудааст. Дар ҳар тараф ягон-ягон савораҳо ба назар мерасанд. Яқин қосидони амиранд, ки сарбоз ё молу чиз ҷамъ мекунанд. Онҳо ба пайроҳаи беруни деҳа баромаданду Фёдор гуфт:
— Ба он ҷанге, ки равонай, пушаймон мешавӣ. - Ӯ лаҷоми аспро кашиду афзуд: - Мебахшӣ, ин амираи манякатон “на шамъи мазор шуду на ҷорӯби хона”. Мо як гурӯҳ собиқ тоҷирон ва соҳибони корхонаҳо фаҳмидем, ки ин ҷо қурултой мешудааст. Овора шуда омадем. Рӯзи қурултой ин ҷо мисли рӯзи маҳшар пуродам буд. Ҳатто аз Хеваю Қафқоз намояндаҳо вазъиятро санҷиданӣ омаданд. Аксулинқилобиҳо, гвардиячиёни сафед даста-даста бо генералҳояшон омаданд. Уламо ва озурдаҳои худатон, ҷавонони сода даста-даста аз деҳаҳо меомаданд. Чунин ба ҷавою ҷавлон омадани мардум моро ҳайрон карда буд.”Ана ин халқ чӣ гуна будааст! Он сайёҳон, ки навишта буданд ин халқ пир шудааст, фалон бисмадон, ҳақиқат надоштааст” мегуфтем. Ва маслиҳат кардем, ки мо ҳам бо пулу силоҳ армияи амирро ёрӣ кунем. Аммо амиратон ба сари ҳамаи ин ангезаю кӯшишҳо об рехт. Ба ҷои он, ки кори разму размгоҳро дуруст кунад, бо аҳмақию аблаҳиаш ҳамаро дилмонда кард. Худро амири Бухоро хонда ба чапу рост ярлиг дод. Чи қадар одамон соҳиби мансабҷое шуданд, ки дар асл нестанд. Баромада тортуқ қабул мекард. Мефаҳмидем, ки духтари ким- кадом бекро ба занӣ гирифтааст. Кадоме духтараро худаш ба канизии зоти Ҳумоюнӣ бахшидааст. Хуллас, вақтро беҳуда мегузаронд. Одамонеро сардори дастаҳо таъйин кард, ки ҷанг як тараф, тирпарониро намедонистнд. Ҳолдонҳо мегуфтанд, ки сарлашкар ҳам тарҳу тартиби ҷангро намедонад. Хуллас, қувваи азими ҷамъомадаро на ин ки саришта накард, балки хунсо кард. Рӯҳашро шикаст. Мисли зани нодон, ки патронҳои шавҳардодаро ба латтаи тар мепечонад. Ва мардуми ҷамъомада имрӯз як гурӯҳ “рафтем ба ғазавот!” гуфта, ба таври худ ба роҳ мебарояд, пагоҳ гурӯҳи дигар ба –дин минвол омодаи сафар мешаванд. Касе намедонад, ки чӣ қадар қувва ҷамъ шуд? Омадаҳо чӣ камбуд доранд? Инҳоро чӣ гуна бояд истифода баранд. Ҳама корҳо аҳмақона ғашовар. Дастаҳоро ба ҷанг мефиристанду бароишон як сухани лозимӣ намегӯянд. Сухани пеш аз ҷанг зарур аст. Мисли тумор аст. То охир ҳамроҳат мемонад. Дастаҳо ба сари худ дар деҳаҳо хуфта, баъди як ҳафта, хоҳанд баъди ду ҳафта ба майдони ҷанг мерасанд. Генералҳои мо интизор шуданд, ки амир онҳоро ба армияаш мегирад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо