Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
ба ихтиёрашон даста медиҳад. Онҳо ҷазбманди ҷанг бо болшевикҳо буданд. Не, ишорае нашуд. Одамони мо дар суҳбатҳояшон мегуфтанд, ки ин шизофреник (девонаавзо) ба шумори зиёди мардум ғарра шудаю дарк намекунад, ки ду пулемёт кори ҳамаи инҳоро мекунад. Ин қадар сол амири як кишвари бузург шудаю фаҳмиши кору пайкори замонаро надорад. Ин бояд зиёфатхӯрию дигар корҳоро як сӯ гузошта, зуд ба Афғонистон ё Ҳинд, ё ба Англия раваду силоҳ биёрад. Мардуми ба атрофаш ҷамъомадоро машқ диҳад, бо силоҳ таъмин кунад, даст ба китфи сарбоз ниҳода гӯяд: писарам, ман ба ту бовар мекунам. Ҳамроҳ ҷанг мекунему ватанро аз даст намедиҳем. Яке аз генералҳои мо, ба насаби Василев, мебинад, ки вақт меравад, ба маҳрамбошияш меояд, ки ба амират расон, маро қабул кунад. Маҳрамбошӣ хеле дер карда, баромада мегӯяд, ки амирам ба муроқиба рафтаанд. Ӯро ишораи “берун” мекунад, аз дарвоза ки мебароянд, мегӯяд: “Кош амират дигар аз муроқибааш набарояд. Агар мабодо баромад, гӯй, ки вақтро аз даст додӣ. Ва боз гӯй, ки афсӯси ин замину мардумаш, ки ба дасти чунин тайлоқи бешарм афтодаанд.” Ва таъкид мекунад: фаҳмам, ки гуфтаи маро нарасондай, мепарафонат. Ва ба қароргоҳаш рафта, ба ҳамроҳонаш мефармояд, ки рухсоро гӯяд, ба ин девори қиёмат эътимод накунад. Ва ҳамон лаҳза дастаи ҳаштоднафараашро гирифта, ҷониби Чин раҳсипор мешавад. Ҳамин гуна корҳо шуд, ӯра. Ин аҳволро дида, бисёриҳо дилмонда шуда рафтанд.
Мансур ҳангу манг монд ва пурсид:
– Русҳо умуман ба армияаш нагирифтанд? – Ҷавобро интизор нашуда боз гуфт: – Шояд баъд аз ҷанги Бухоро ба онҳо бовар намекунад?
– Чанд нафар русҳое, ки пеш аз инқилоб ба Бухоро омадаанд, ҳамроҳаш ҳастанд.
– Ин пагоҳӣ қариб худамро улоқ мекашиданд.- Мансур лаҷоми аспро кашида бо дард табассум кард. Ӯ дирӯз пай бурда буд, ки кори ҳарбии разми амир тарҳу тартиб надорад. Гумонашро Фёдор равшан кард. Пеши назараш мардуми Деҳқонобод омад, ки ба ҷигарбандҳояшон аспу камон ёфта додаю ба ҷанг гусел мекарданд. Ва умедвор буданд, ки фарзандҳояшон дар паҳлӯи амир истода, ватанро аз кофирон озод карда бармегарданду ҳама боз ба рӯзҳои хуш мерасанд. Духтарони нисбатдор ҳар рӯзу ҳар соат номзадҳояшонро интизоранд. Акнун ин ҷавонҳоро тири пулемёт интизор аст...
– Лекин ин ҷо камбудии халқ ҳам бисёр.-Фёдор суханашро идома дод:- Дар байни ин қадар одам як нафар олим ё, ба қавли худатон, аълам пайдо намешавад, ки вазъиятро таҳқиқ карда, ба амир гӯяд, ки ҳой, пешвои беақл, вақти дорсозию бузкашӣ ва созу бозии ҳарам нест, таккаи кӯҳӣ!- Ва аз суханонаш хандааш омад.
– Барои таҳқиқи замона дониши замона даркор,-гуфт Мансур.- Ва ба теғаҳои барфгирифта нигариста, фикр кард, ки аз афташ он орзуҳое, ки мо дар роҳ карда меомадем, аз рӯи нодониямон будааст.
– Донишро шумо, зиёиён, омӯзонед. -Фёдор бо накӯҳиш ба Мансур нигарист. - Халқатонро бояд шумо дигар кунед.
– Мо чӣ гуна халкро дигар мекунем?
– Урупо дигар кард, Русия дигар кард. Аз халқи шумо халқи мо бештар ҷоҳилу қафомонда буд. Зиёӣ аз оммӣ чандон фарқ намекард. Дар ҷамъомадҳо

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо