Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Дар сойи паси арчаҳо Барасевич Володя ва Швирков Володя ҷое ханҷол задаю ҷое чорпо шуда мебароянд. Ҳарду ҷанговари бағайратанд, аз дастаи Загорский. Ними даста аз пас ҳамчунон ғалтидаю хеста талоши ба сари ағба баромадан доранд. Онсӯтар аз бари тега Сенин Семён бо дастааш ҳаракат дорад, ки қафо намонад. Онҳо аз роҳи Семёнованд. Ин манзара ҳаваси Черновро меорад. Ва худаш ҳам наган дар даст аз тариқи пайраҳа баробари дигарон ҳаллос задаю шитоб мекунад. Аз паҳлӯи Чернов сарбоз Сафаров Юсуф давида мегузарад. Дар танаш ҷомаи тунук дорад, ки шип-шилта тар шудааст. Шиму дасту панҷаоҳяш ҳама лой. Аз дарахти хушк асо кардааст. Сафаров аз взводи Манучеҳр аст. Манучеҳр баъди Амону Ҳасани ҷувоз Юсуфро овард. Ҳар се ҷавонҳои дилпур баромаданд.
– Сафаров, аспат канӣ? – пурсид Чернов.
– Дар дасти Амон, – гуфт ӯ. – Аспи Манучеҳр ҳам дар дасташ. Манучеҳр пеш гузашта рафт.
– Се аспа бароварда метавонад? – Чернов рой мелаҷжаду ба даҳон мезанад.
– Вай забони аспро хуб медонад, зиёд бошад ҳам, мебарорад. – Сафаров асояшро ба Чернов медиҳад. – Аз афтидан медорад, – мегӯяд ва пеш меравад.
Аз ҷониби душман тирпаронӣ авҷ мегирад. Тире аз паҳлӯи гӯши Чернов гузашт. Ва боз ҳам тире гузашту ин дафъа гармиро ҳис кард: пай бурд, ки ба сӯи ӯ мепаронанд, аммо тирҳо хато мераванд. Хурсанд шуд. Нашавад, ки “дар майдони ҷанг қаҳрамонона кушта шуд” хабар равад, гуфт худ ба худ ва ба ҳамгашти сой гузашт. Дар паси арчай сершоҳе нафас рост карда ба ақиб назар андохт ва мушоҳида кард, ки аспе тир хӯрда бо соҳибаш каллапо шуда, ғелида ба ҷарӣ рафт. Ана, боз яке афтид ва дар ҷояш тоб хӯрда, ғеҷида аз роҳ поён шуд. Савор аз асп намефурояд ё наметавонад: “Парто! Парто худатро!” фарёд зад Чернов. Вале сарбоз дер мекунад ва ҷарӣ ҳардуро, мисле ки мор гунҷишкро афсун карда ба комаш мекашад, фурӯ мебарад.
Фурсате гузашту аз шинакҳои наздик пулемётҳо ба кор даромаданд. Чашми Чернов ба Семёнов афтид, ки аз ҷойи реззор ва камбарф милтиқашро асо карда, ҳар лаҳза ғеҷидаву хастаҳолона пеш меравад. Асп ҳам аз пасаш қадам мезанад. “Ин ҷо Уралск не, Дима, ки шамшера дар болои сар бозӣ донда, урр-а гуфта асп тозонӣ.” Чернов лаҳзае бо табассум ба рафтораш зеҳн монд. Баландтар аз вай, дар болои шаҳр Загорский истода, ба пулемётчиҳо ишорат дорад, ки даруни сойро зананд. “Хуб кард, ки ӯро ба рота сардаста монд. Аз Першин як сару гардан болост. Ҳарчи Першин ҷанҷолашонро ҳангома накард.” Дар штаб ба Чернов гуфтанд, ки Першинро бо фармони Москва ба фронти ғарбӣ равон кардаанд. Яқин, ба он ҷо ҳам барои суханчинӣ роҳӣ карданд. Дар Бухоро рӯзе, ки бояд хазинаро мебароварданд, Рубенов гаштаю баргашта таъкид кард, ки роти Першинро ба Арк барои ҳифзи хазина фиристад. Яқин Тротский овозаи ғорати хазинаро фаҳмида, одамонаш Першину Рубеновро равон кард, ки назорат баранд. Фрунзеро ҳамонҳо фӯрӯхтанд.
Ба гӯши Чернов овози гуфтугӯ расид. Баландтар баромада дид, ки дар пушти хорбутта дар ҷойи ҳамвортаре Сафаров Юсуф бо сарбози маҷрӯҳшудаи душман сухан раддубадал мекунанд. Аслан дуруст нигарӣ, душман ба сарбоз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо