Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Ротаи моро ба хазинабарорӣ роҳ надодед, ҳоло ҳам дилам алам дорад.
– Шуморо роҳ медодем, нимашро медуздидед,– гуфт Чернов ва ақиб гашта дар домани кӯҳ ротаи хизмати ақибро дид, ки аллакай анҷомҳояшонро ба уштуру аробаҳо бор кардаю ба роҳ даромадаанд. “Майлаш, дер намонанд, хуб аст.” Рамаи молашон ҳам ба кӯҳ часпидааст. Дар рама бузу гову гӯсфанд омехта аст. Тошев Чиллаи бухорой сардори рота аст. Ҳангоме ки Муҳаммадшариф ӯро овард, ба Чернов маъқул нашуд. Марди қадбаланду сиёҳчурдаи дағалсимо. Чилла, мисле ки бо ӯ шинос бошанд, кушодарӯёна гуфт: “Рафиқ қамандир, ба шумо маъқул нашудам, лекин корро шурӯъ кунем, маъқул мешавам”. Суханаш дуруст баромад, баъд маъқул шуд: корҳоро ба фаҳмиши худ, ба хубӣ анҷом медиҳад, хӯрокаш батаъм. Марди ростқавл ва хушбин аст. Бо бригада зуд унс гирифт. Молро раҳораҳ худаш мехарад. Пулро ҳукумати Бухоро ба Чернов дод. Чернов ба Чилла баргардонд. “Ту медонию бозор” гуфт. Лекин табибе ки ба бригада ҳамроҳ карданд, номашро Карим-ака мегӯянд, ба кораш усто менамояд. Дар роҳ пой ё дасти касе мебарояд, захмӣ мешавад, ё шамол мекашад, доруҳояш зуд даво мебахшанд. Вай тарзи табобати худашро дорад. Аввал беморро пурсуҷӯ мекунад: “Чӣ хӯрока нағз мебинӣ? Дар як рӯз чанд маротиба пешоб мекунӣ?” Яъне миҷози беморро муайян кардаю пас дорую дармон мекунад. Аммо ин усулҳо дақёнусиянд. Ҳоло тарзи табобат дигар аст. Бахусус дар сафарҳои ҷангӣ духтури хондагӣ лозим аст, на табиб. Дар штаби Бухоро Черновро гусел карда гуфтанд, ки шумо равед, аз Тошканд духтур талаб кунед, мефиристем. Аммо ҷанг шурӯъ шудаасту ҳоло ҳам аз духтур дарак нест. Ӯ аз паҳлӯи арчаи шохҳояш бурида ва зард шуда гузашта дид, ки даҳ-бист қадам баландтар Ершов ва сарбози фарбеҳе аз ротаи Загорский аспҳоро савор шуда, аз пайраҳа ураб мераванд. Каҷиеро гузаштанду ба аспи сарбоз тир расид. Асп ақибсуна шишт. Сарбоз худро партофт, дарҳол пай набурд, ки чӣ воқеа рӯй дод. “Турук, туро чӣ шуд?” – гуфта аспро қамчин мезанад. Асп дастонашро рост гирифта мехезад ва боз ба ақиб мешинад: барфи ҷойи шиштааш аз хун сурх шудааст. Тир аз наздикии дум даромадааст. Сарбоз чӣ кор карданашро надониста, лаҳзае ҳайрон монд. Пас зертангу забартангро кушод, зинро гирифта як тараф монд. Аз сари асп лаҷомро бароварда, ба китфаш андохт, ду қадам заду баргашта лаҷомро ҳам партофту дигар ба пасаш нигоҳ накарда рафт. Ершов бошад, аз асп фуромада, ҳам шуда чорпо роҳро давом дод.
Загорский нигоҳаш ба Руднев афтиду овоз дод:
– Евгений, ба ту осон, асп нест, ки кашол кунӣ.
– Хурсандӣ, ки аспи маро заданд? Ҳоло аспи худат калапо шавад, пас мефаҳмӣ хурсандиро.
– Ту гапро ба қачӣ набар, ба даҳонам омаду гуфтам.
– Ҳар чизи ба даҳон омадаро намегӯянд.
– Евгений, аввалин аспи ба дасти бачаҳои ротаи мо афтидаро ту мегирӣ.
– Гӯй, ки аспи амир Олимхонро гиранд, дигараш даркор нест.
– Тири ин даридачашмҳо фақат ба ҳайвонҳои безабон мерасад, – бо овози баланд ғур-ғур кард Семёнов. Аз байн ду дақиқа барин гузашту аспаш аз гардан тир хӯрд. Ва гӯй сахт тозиёна хӯрда бошад, фаҳҳос зада чорпоя шуд.

пешина
аз 613
навбатӣ