Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
пас ба паҳлӯ афтида ва ба поин ғелид. Гоҳе хестанӣ мешуд, аммо наметавонист. Семёнов лаҷомро сар надода, ҳар дам болои вағничу хорбутаҳои тар ва барфнишаста афтидаю хеста аз пасаш мефурояд. Онҳо тез ба чарии ду-се кал сафедор баланде, ки зови поёнаш то қади таксой меравад, наздик шуданд.
“Сар деҳ! Дима! Сар деҳ!!!” — дод зад Чернов ва худаш ҳам парто-парто тохтаю ғечида ва нигоҳашро аз Семёнов наканда, поён фуромад. Семёнов лаҷом дар даст шохи овезони хореро дошта, ист кард. Аспаш ҳам як ист кард ва ҳамоно гарданашро сахт силтав дода хестанӣ шуд, ки лаҷом аз дасти Семёнов хато хӯрд. Аммо асп дар замини қиравгирифта ба паҳлӯ афтиду ин дафъа башаст ғечида рафта, дар чарӣ нопадид гардид. Ва ин кор чунон тез рӯй дод, ки ҳама ҳайрон монданд. Охирин лаҳзае, ки дар хотири Чернов монд, чашмони калон кушодаи асп буд. Мисле ки сӯйи Семёнов бо маломат нигоҳ мекард. Семёнов сари чарӣ рафтанӣ шуд, ки Чернов ба ӯ расида, аз дасташ дошта: “Лозим нест, Дима, мон! Рафтем!” гуфт.
Семёнов хомӯш дасташро пас кашид, арақи сару рӯяшро пок карда, дунболи ӯ равон шуд. Бо панҷаҳои хунравон тугмаҳои нимтанаашро боз кард. Лабҳои парсингбастааш мепариданд. Дар рӯяш ранг намонда буд. Ҳангоме ки ба пайраҳа баромад, тез-тез нафас гирифта, бо овози хаста гуфт:
– Бинам, куҷо рафт...
– Охир, чиро мебинӣ? Чари аз сад метр ҳам зиёд, поёнаш таксой меравад.
Он ҷо ғечон...
– Ба ин асп одат карда будам, — Семёнов роҳро давом дод. — Мисли рафиқам буд. Ӯ истода ба пеш нигариста афзуд: — Дар ҷойҳои мо мурдани аспи ҷанговаро фоли бад медонанд.
– Димитрий Попович, инҳо гапҳои кӯҳнаи хурофотӣ! — Чернов ӯро дилбардорӣ кард.
Ин дам Швирков Володя омада пешниҳод кард, ки аспашро савор шавад.
Семёнов ба ишораи “лозим не” сар ҷунбонд. Онҳо ба арчазор гузаштанд. Дурро дидан намешуд. Шамол зарраҳои барфро ба чашм мезад. Чернов худро ба паноҳи бурси калоне гирифта, мушоҳида кард, ки як гурӯҳ аскари амир тораки кӯҳро гузашта мераваду як қисм аз сой баромада, сӯйи онҳо тирпаронӣ мекунад. Дудкин аз пулемёташ аз паҳлӯ оташ кушод, ки онҳо мисли рамаи гурзтаза парешон шуданд. Баъзеҳо чорпо шуда мегурезанд, баъзеҳо саргум монда, поён медаванд ва ба тири ачал, ки аз рӯбарӯяшон равон аст, бармеҳӯранд. Дар тарафи рост як гурӯҳ сарбозони худашон аз даруни хору буттаҳои барфгирифта гузашта ба қулла наздик мешаванд. Бештари онҳо аз взводи Манучеҳранд.
Худаш пеш-пеш меравад. Ҳар дам пас гашта ёронашро ҳадаҳа мекунад. Баъзан кадомеро ном гирифта ришкашак мекунад. Манучеҳр ҷавони нотарсу бағурур аст. Чоряш ояд, баҷаҳои взводашро ҳимоят мекунад. Лекин касе, ки тарсуӣ нишон диҳад, сахт лату кӯб мекунад. Чернов чанд маротиба огоҳ кард, ки аз рӯи устав сарбозон задан мумкин нест. Ин ҷиноят аст. Сар мечунбонаду ғур-ғур мекунад: “Рафиқ командир, халқи мо то ду кӯрмушт наҳӯрад, ба хуш намеояд.
Инҳоро табармусулмон мегӯянд.”

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо