Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дами субҳ хабар омад, ки Сафаров вафот кардааст. Қабрашро дар паҳлӯи Дудкин Григорий карданд.

Ҳамон пагоҳӣ аз анбори Қаршӣ барои бригадаи 11-ум мӯза ва сару либоси гарм оварданд. Гуфтанд, ки баъдтар боз меоранд. Ҷанговарон хурсанд шуда, барои фатҳи Бойсун ба роҳ баромаданд. Дар як ҳафта Бойсун ду маротиба аз даст ба даст гузашту ҷанговарон дар давраҳояшон ба шухӣ мегуфтанд, ки Бойсунро ба ҳамон шасти аз ағба фуромадан гирифтему боз ба ҳамон шаст додем. Вақте ки бори аввал шаҳрро фатҳ карданд, артиши амир бо қувваи зиёд омада, онҳоро аз қасру кушкҳои бек, ки як ҳафта боз дар он ҷо хуфту хоб доштанд, зада баровард. Онҳо дар як гӯшаи шаҳр, ки урдугоҳи низомӣ будааст, лангар партофта, дар атроф пулемётҳоро насб карда интизори омадани ёрӣ шуданд. Ҳар гоҳ, ки лашкари бек ҳаракати ҳуҷум мекард, пулемётҳо ба кор медароварданд. Баъд аз даҳ рӯз полки Ғузор шӯришҳои Шаҳрисабзу Шӯрча ва дигар ҷойҳоро паҳш карда, ба ёрӣ омад. Полки 8-уми тирандоз аз Фарғона баргашт. Полки 3-юми сарҳадӣ аз Термез омад. Ҳамроҳи полк сардори эъзомияи Ҳисор Исоев Игор Леонидович ҳам буд. Ӯ марди тануманд мӯйлабдор ва дар ҷангҳо обутоб ёфта буд. Ҳама якҷо бар зидди қӯшуни чилҳазораи амир ҳуҷумро шурӯъ карданд. Пагоҳӣ хабар омад, ки кӯчаҳои шаҳр пури савораю пиёда аст. Исоев полки 8-уми тирандозро фармуд, ки аз поёни шаҳр гузашта, роҳи ақибгардии душманро банданд. Ба батарея фармуд, ки қалъаи бекнишинро гулӯлаборон кунад.

Бригадаи Чернов, полки 3-юми сарҳадӣ ва полки милисаи Бухоро фармон гирифтанд, ки бар зидди қувваҳои асосии амир, ки бо кӯчаҳои ду ҷониби бозор пиёдаю савора меоянд, ба ҳуҷум гузаранд.

Ҳангоме ки ба роҳ баромаданд, Чернов фармуд, ки якчанд пулемётро бар болои бомҳо ва даромади кӯчаи Корвонгузар, ки то маркази шаҳр тӯл кашидааст, оварда ҷо кунанд. Ҳаво нарм аст. Барои ҷанг мувофиқ. Дурбин монда, роҳи омади душманро муоина кард: дастаҳо аз ҷониби шимолу шарқии шаҳр, аз кӯчаҳои Кулолгарон ва Шӯтурбанд сӯйи майдони назди бозор меоранд. Бозор хеле калон буда, дар тарафи рости роҳ қарор дорад. Аз афташ, душман майдони назди бозорро ҷойи муҳориба қарор додааст. Ба сардастҳо фармуд, ки зудтар ҳаракат кунанд. Нагузоранд, ки гурӯҳҳои душман ба дигар кӯчаҳо паҳну парешон шаванд. Ин дам тӯпҳо ба кор даромада, қалъаи бекнишину майдонҳои атрофро гулӯлаборон карданд. Ин амал қӯшуни амирро бесаранҷом кард.
Тахмини Чернов дуруст баромад. Лашкари амир бозорро гузашта, сафҳоро ба тартиб дароварда, ба ҳуҷум гузашт. Аз оғози майдон он тараф то назди бозору баромади он савораҳои зиёд ҷамъ омадаанд. Мисле ки ба пойга омада бошанд.
Аз пас боз дастаҳои зиёд намудор мешуданд.

Бо ҳамон сару сурате, ки дар ҷангҳо пеш доштанд, шӯру мағал бардошта
меоранд. Гӯё аз ҳавзи бузургде об канда шуда, бо даҳшат пеш меояд. Баъзеҳо
қамчинашонро бардошта, ҳо-о-о-й-й мегӯянд. Баъзеҳо қамчинро бо дандон
газида дасташонро бардошта, гӯё аз паси улог метозанд. Чернов ҳам таъхир
накард. Баробари тиррас шудан фармони «занед!»ро дод. Аввал полки тирандоз
корро шӯру кард баъди он садои пулемётҳо баланд шуда, овозҳои ҳайӯҳӯйро

пешина
аз 613
навбатӣ