Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

пахш карданд. Мисле ки жола барги дарахтро мерезонад, ҳамчунон савораҳо бо аспҳо каллапо мешуданд. Савораҳои ақиб ба онҳо бархӯрда, меафтоданд. Доду фарёд ба осмон печид. Андак пас кӯча пури мурда шуд. Аммо савораҳо чун дарёи пурталотум ҳамчунон пеш меоянд. Лаҳзае ба назари Чернов намуд, ки пулемётҳо таъхир мекунанд. Ӯ наздик шудани дастаҳоро дида, пай бурд, ки ҷанги тан ба тан ногузир аст. Гашти аспашро суст карда, бешуурона туфангчаашро бароварда, ҳар панҷ тирро ҷониби тӯда холӣ кард. Нафаҳмид, ки тирҳояш расиданд ё не. Мушоҳида кард, ки дар тарафи чапи майдон баландиҳо ҳасту хонаҳои гилӣ то домани кӯҳ мераванд. Поёнтар аз баландӣ ҷавоне, ки дар тан ҷомаи раҳ-раҳ дорад ва тарафи рӯяш хунолуд аст, нишаста ба атроф менигарад. Гӯё ҳайрон аст, ки ин чӣ воқеа рух додааст? Дар поёнии баландӣ аспу одамони афтидаро мебинад. Аспи гирдаи шилшиладоре кӯшиши хестан кард ва натавонист. Тагаш пури хун. Савораҳо ба ҳам расидандӯ ҷанги тан ба тан шурӯъ шуд. Аскари амирро сару либос ҳархела: қисме телпак ва нимтанаи сиёҳи туркӣ доранд, бо шамшер хуб ҷанг мекунанд. Маълум, ки сарбозони касбиянд. Қисме саллаю ҷомаҳои аз тику читҳои навбаромад дӯхта пӯшидаанд. Қисме, ки аз кӯчаи Кулолгарон тӯда-тӯда шуда меояд, бештар саллаю чакман дорад, силоҳашон асосан калтаку корд. Баъзеҳо найза доранд. Аз афташ, барои он тӯда шуда меоянд, ки тавоноиро дар якҷоя будан мебинанд. Аён аст, ки бори аввал дар чунин корзоранд ва беҳуда аз тир ё шамшери беамон қурбон мешаванд. Охир пеш аз он ки ба ҷанг дарой, бояд илми ҷангро биомӯзӣ. Каму беш донишу таҷриба бигирӣ. Ду-се маротиба дар чунин ҷангҳо иштирок кунию тир аз пеши биниат гузарад, гӯшатро харошад, аз болои мурдаҳои чашму даҳонашон кушода ва бадвоҳима бигзарӣ. Ҳатто лаҳзае пеш меояд, ки як ба як бо душман мемонӣ: тарси ҷон маҷбурат мекунад ва шамшерро ба кор мебарӣ. Агар ҷолокӣ кардаю теғаш задӣ ва зинда мондӣ, чеҳрааш ду-се рӯз пеши чашмато парда барин мегирад, шабҳо чеҳраи маҳзун ва качу килебшудааш дар хобат медарояд ва пас аз он, ки он парда барафтод, одами ҷангӣ мешавӣ. Худам ҳам ин зинаҳоро тай кардаам.

Аз ҷониби кӯчаи Шутурбанд дастаҳои нав ба майдон даромаданд. Онҳо ҳама ҷавонони тануманд ва аспҳояшон яккачин, либосҳои сиёҳи ҷангӣ доранд. Аз рӯи хабарҳо амир дар солҳои охир аз ҳисоби қадбаландтарин ашрофзодаҳои Бухоро дастаҳои ҷангии «кувонска» ва «шефска» таъсис дода будааст, шояд ҳамонҳоянд. Муддате нагузашта Чернов мушоҳида кард, ки баъзе дастаҳо дар ҷолокию нотарсӣ аз сарбозони худаш камӣ надоранд. Аз болои ҷӯйборе гузашт, ки чашмаш ба Манучеҳр афтид, ки дар соҳили рӯд бо марди хузарбе муҳориба кардӣ пас аспро ба шаст ақиб гардонд, наздик буд асп ба рӯд меафтад, аммо сиёҳмушкин ҷолокӣ карда гурехт.

Дар поёни роҳ, назди масҷид як даста салладорҳо бо ротаи Семёнов фишор оварда, ба соҳил танг мекарданд. Он ҷо мурдаҳои зиёд менамоянд. Семёнов, ки дар орзуи ҷанги тан ба тан буд, акнун маззаашро мечашид. Худаш дар назди дарвозаи масҷид бо чобуксавори рӯйпаҳне, ки аспи майгун дорад, занозанӣ мекунад. Семёнов таги курта аст, пешонааш хунолуд. Чернов ба Давлат, ки бо дастааш бо гурӯҳи либоси туркипӯш муҳориба дорад, фармуд, ки ба ӯрии

пешина
аз 613
навбатӣ