Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
деҳотӣ бошанд, истодагарӣ доранду бехуда худро қурбон мекунанд. Ҷанг боз ним соат барин давом карду пас аз ҳар тараф “Урра! Урра!”-гуфта душманро ҷониби баландӣ фишор оварданд. Онҳо тоқат накарда дар гурез шуданд. Чернов сабукӣ ҳис кард, пай бурд, ки либосҳояш аз арақ тар шудаанд. Андешид, ки дирӯз хунук буду имрӯз чӣ қадар гарм аст! Абрҳои сафед, ки пагоҳӣ осмонро пӯшонда буданд, ҳоло пора-пора шудаю ҷониби шимоли шаҳр ҳаракат доранд.
Ногоҳ овози шӯру магал шунида шуду Чернов дид, ки аз кӯчаҳои Шутурбанд ва Неъмати Шерозӣ, ки сӯйи бозор меоянд, анбӯҳи мардум бо чӯбу корду доқҳои зангзада доду фарёд бардошта, бар зидди аскари сурх ба ҷанг меоянд.
Инҳо деҳқононанд. Бештар ҷома ё чакмани дарбеҳкардаю куртаи карбос доранд: саллаҳои баъзеҳо кушода шудаю соҳибонашон бехабаранд. Баъзеҳо эзор то зону бар задаю пойлуч дар роҳи лой бепарво қадам мезананд. Яқин инҳо аз деҳаҳои гирду атроф омадаанд. Пагоҳӣ Давлат ё каси дигаре гуфта буд, ки “одам бисёр меояд.” Нӯҳ рӯз пеш, ҳангоме ки шаҳрро гирифтанд, бек қалъаву қасрҳояшро гузошта, фарор карда буд. Ва баъди он, ки дубора ҳамроҳи кӯшуни амир ба қалъа даромад, ба умеди пуштибонӣ мардуми деҳаҳои атрофро низ ҷамъ кардааст. Мехоҳад нишон диҳад, ки халқ ҷонибдораш аст. Чернов дид, ки Романенко ҳамроҳи ҷавони ланге даву тоз кардаю пулемётҳояшонро байни саҳн меоранд. Романенко пулемётҳо ба муқобили душман ба кор даровардаю мардум тут барин рехтанд. Комиссар Ершов аз поёни роҳ аспашро лукка занонда омаду Романенкоро доштанӣ шуд, ки Чернов намонд: ”Николай, пеши онҳоро надорем, моро шуста мебаранд!”- гуфт. Дар роҳ мурдаҳо гарм шудаанд.
Аммо тӯда мисли гови аз банд раҳошуда, ҳамчунон уштулум карда пеш меояд.
Ақиббудаҳо дарк намекарданд, ки дар пеш боронии марг набудашон мекунад. Ва бо ҳамон фарёду ғавғо аз болои гарами мурдаҳо гузашта мераванд. Романенко ба ваҳм афтида, пас гашт. Яқин, пурсиданист, ки кораро давом диҳад ё қатъ кунад? Якбора се - чор нафар фарёд заданд: “Зан! Михаил, зан!! Намон, пеш биёд!!” Дар байни фарёдзадаҳо Чернов ҳам буд. Рӯйи ҳам афтидани одамроду дида, чунон ки дар чунин мавриду ҳол рух медиҳад, дилашро на раҳму пушаймонӣ, балки ғазабу нафрати бепоён лабрез кард: “Ош ҳамону коса ҳамон!.” Дар ҷанги Колесов чунин шӯру магал бардошта меомаданд, дар ҷанги Бухоро ҳамчунин буд, ҳоло ҳам ба ҳамон тарзу низом меоянд. Ӯ дод зада гуфт: “Инҳо гурги гурусна барин пеш оянд, ман чӣ кор кунам?!” Аз байн рӯзе чанд гузашту дар ҷанги Ҳисор айни ҳамин ҳолат рӯй дод: тӯда доду ғавғо бардошта пеш омад.
Романенко пулемёти оташфишонро сӯяш дошт: тӯда ҳамчунон меомаду меомад.
Черновро тоқат тоқ шуда, “Ист! Михаил! Саме ист!”-гуфт. Романенко ҳамин гуфтаи ӯро ба рӯяш кашид. “Инҳо гурги гурусна барин тозанд, ман чӣ кор кунам?!” Чернов дандон ба дандон монда, хомӯш шуд. Воқеаи Ҳисор баъди як моҳ рух дод. Ҳоло бошад, корзори Бойсун аст. Баъде ки он ғарами мурда афзуду тӯда воқиф гардид, бо ҳамон шаст ва ҳой-хуй пас гашта, фирор кард.
Қисми бештари кӯшуни амир ақибнишинӣ кард. Аммо дар атрофи масҷид ва назди бозор ҷанг давом дошт. Дастаи Загорский, полки мусулмонӣ душманро фишор оварда, ба дохили бозор бурда ҷо кард. Як қисми ротаи Семёнов низ ба онҳо ҳамроҳ шуд. Семёнов ҳоло ба аспи майгуни бузургҷусса савор аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо