Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Манучеҳр дар ағбаи Оққӯтал ба ӯ ваъда карда буд, ки барояш аспи хатлонӣ пайдо мекунад. Пайдо кард. Ҷавони рӯпаҳнро бо шамшер зада афтонд у аспро гирифта ба ӯ дод. Дар ин асно дастаҳои тозаи душман ба майдон ворид шуданд. Ҷанги баъдинимрӯз ду соат барин давом кард. Вале ба шиддату сахтии бештаре сурат гирифт. Ҳарду тараф медонистанд, ки шикаст чӣ оқибати нофарҷом дорад. Хусусан барои бухороҳо, ки дигар ватанашонро намебинан Д. Аз ин рӯ аз камтарин имкон истифода мекарданд. Гаштаю баргашта ба майдон медаромаданд ва қурбонӣ медоданд. Мисли мурғе, ки сайёди аз паси чӯчаҳо афтидаро дидаю болои сараш давр мезанад, назди сайёд нишаста, худашро ба ӯ ҷалб кардаӣ мешавад, вале сайёди доно ба ӯ эътибор намедиҳад, чӯчаҳо ки ҳанӯз парида наметавонанд, дар танаи кӯҳ ба тарси чув-чув кардаю ғалтонезон равонанд, як-як дошта ба бағал меандозад.
Дар ин асно дар дохили бозор воқеаи ғайричашмдоште рӯй доду ҳамаро дар таҳлуқа андохт. Аз паси пешдуконҳои бозор, чоши ҷаву гандум, халқачуволҳои бозоракиҳо, ки ҳар ҷо тӯп карда шуда буданд, ногаҳон мардони деҳқонамо ва бо корду оҳанҳои нӯгтез мусаллаҳ хеста, ба полки самарқанд ҳуҷум карда, дар андак муддат як қисми онро аз по дарафканданд ва ҷанге худашон ҳам мувоҷеҳи марг шуданд. Ҳамзамон ду дастаи калони мусаллаҳ аз дари паси бозор ба ҷанг даромаданд. Чернов аҳволро дида, дастаи Давлатро ба он сӯ равона кард ва худаш ҳам аспашро маҳмуз зада рафт. Аммо аз болои мурдагони одамону аспҳо, ки дар майдон, дар ҳар қадам хобидаанд, тез рафта имкон надошт. Исоев, ки ҳамроҳи як гурӯҳ кормандони штаб дар даромади саҳн, дар баландӣ меистод, воқеаи даруни бозорро дида, зуд ними полки 1-ум аз Ғузор ҳамроҳаш омадаро, ки дар назди масҷиди поёни роҳ бо дастае ҷой доштанд, ба ёрии полки самарқандӣ фиристоду худаш ҳам бо ҳамроҳонаш ба ҷойи воқеа шитофт. Дастаҳои тозаворид ба даруни бозор даромаданду на камтар аз ним соат ҷанг давом кард. Дар охир боз ҷанги тан ба тан сар шуд. Гурӯҳе дасти корду шамшер, гурӯҳе бо калтак меҷангад, Чернов Сергей Таратухин, Швирков Володяро дид, ки дар байни ду дӯкон аз мили камон доштаю гашта, душманро наздик омадан намемонанд. Дар пешдукони он тараф старшина Руднев бо шамшер корзорӣ мекард. Дар тагаш туруқи қоматбаланд Офарин, аспи хуб ба даст даровардааст. Аз байни ду-се дақиқа барин гузашт, полки 8-уми тирандоз, ки роҳи гурези душманро мепоид, бо садои “ур-а! ур-а!” ба ёрӣ расид. Душман рӯ ба гурез ниҳод. Аз афташ, онҳо медонистанд, ки роҳи баромад баста аст, ба кӯчаҳои танги шаҳр паҳн шуда, ба сӯйи кӯҳ рӯ гирифтанд. Баъзе қисмҳо аз пасашон то баромади шаҳр рафтанд. Чернов дар даромади кӯчаҳои Кулолгарон ва Неъмати Шерозӣ ғарами мурдаҳоро дида, дигар пеш нарафт.
Муҳаммадшариф хабар овард, ки пагоҳ ҷангро дар дараи Бандихона давом медиҳанд. Ин хабарро аз забони гурӯҳҳои навомада, ки дар беруни шаҳр қарор доштанд, шунидааст.
- Баъди ҷанги имрӯза дар гумон аст, ки онҳо ба зудӣ ба худ оянд, - гуфт Чернов ва аспашро пошна зад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо