Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Рост, – Муҳаммадшариф низ аспашро тозиёна зада баробари аспи Чернов расонда афзуд: – Бо ҳамин гурехтан амирро аз Афғонистон меёбед.
Мансур ба як даста ҷавонони балҷувонӣ, ки аз паси мирашон Давлатманд омада буданд, ҳамроҳ шуда, ҳангоми говгум ба Бойсун расид. Заминҳои атроф ҳама барфпӯш. Кӯчаҳо ҳам барф доранд. Аз ҷониби кӯҳҳои баланди шимол боди хунук вазида, барфи хушкро рӯфта сӯи шаҳр меорад. Шаҳр мисли киштии пурбори дар соҳил лангар партофта менамояд. Зарраҳои гулхане, ки аз мӯриҳо берун меоянд, зуд нопадид мешаванд. Аз ҳар тараф овози гуфтугӯи одамон, садои маркабу шиҳакашии аспҳо шунида мешавад. Аммо касе ба сафаракиҳо кор надорад. Касе намепурсад, ки шумо аз куҷо омадеду ба куҷо равонаед? Дарвозаеро задаю дараки лашкари амирро пурсиданд. Соҳибхона аз он ки дар ин бевақтӣ нороҳаташ карданд, норизо шуда гуфт: “Додар, панҷ рӯз аст, ки ба ин ҷо лашкар меояд. Ҳоло масҷидҳо ва меҳмонхонаҳои мардум пури лашкар аст.” Худашон дар торикӣ пурсуҷӯ кардаю ба масҷиди кӯчаи Кулолгарон, ки камтар одам доштааст, даромаданд. Саҳни масҷид васеъ ва ду тарафаш пӯшида буд. Он ҷо одамони зиёд дарою буро мекарданд. Маълум шуд, ки ба ғайр аз балҷувониҳо дастаҳои дигар низ он ҷо иқомат кардаанд. Атрофи масҷид, роҳҳо, ҳавлиҳои одамон пур аз аспу улог! Баъзе аспҳои наздик басташуда ба ҳамдигар лагад партофтаю ҷанг доранд. Чун дохили масҷид пури одам буд, онҳо рӯйи ҳавлӣ ҷой гирифтанд. Як муддат дар саҳн бесаранҷом шуд. Ҳар кас ҷойи гармтар меҷуст. Баъзеҳо ба дарҳо сар халонда, ғур-ғур мекарданд: “Дар ҷиллаи зимистон сагро дар берун бандӣ, намеистад!” Марди сергӯшти биникалоне, ки он ҷо барою даро мекард, фармуд, ки дар байни саҳн оташ гиронанд. Навомадаҳо дар ду гӯшаи ҳавлӣ оташ афрӯхтанд. Мансур дари яке аз хонаҳои назди дарвозаю кушоданӣ шуд, ки намонданд. Гуфтанд, ки ин ҷо домуллоҳои калон ва сарҳангон ҷой гирифтаанд. “Домуллоҳоятон ҷойи гарма гирифтаанд, пагоҳ ҷанг кунанд” пичирос зад Мансур. Ӯ дар кунҷе, ки шамъ дошт, болои намад намози хуфтанро хонду чашмаш ба ҷавоне афтид, ки сарашро якмаром пешу қафо кардаю як-як ба шиддат худ ба худ чизе мегуфт, номи шахсеро гирифта ба ӯ гап мезад. Домуллои наҳифчуссае бо ҷома худро печонда, рӯйи намад дузону нишаста, бо овози шунаво тез-тез дуо хонда, беморро куфу суф мекард.
– Ин ҷавон ду рӯз пеш аз Каттақӯрғон ба ҷанг омада буд, девона шудааст,- гуфт марди ришпаҳне, ки ба девор такя карда пинак мерафт. -Домуллоро аз шаҳр овардем, ки ӯро қасидахонӣ кунад.
Онсӯтар боз се нафар чакманҳоро ба сар кашида, нолиш доштанд. Нафаре, ки ба онҳо нигоҳубин мекард, гуфт, ки инҳо тасб кардаанд: аз афташ, дар роҳ шамол кашидаанд. Баъзеҳо рӯймол паҳн карда нони овардаашонро тановул мекарданд. Дар назди дари даромад маҳзани об аст. Дарунаш кафлеси чӯбин дорад. Касе хоҳад, рафта менӯшад. Девона ду маротиба парида хестанӣ шуд, ки марди ришпаҳн ҳарду дасташро дошта шинонда ҷаҳл кард: «Шин ки мезанам!»
Мансур ин ҷо фаҳмид, ки толибони ҷанги куффор бисёр омадаанд, пагоҳ ҷанг сар мешудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо