Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

медонанд, бо эҳтиёт ба онҳо наздик мешаванд. Ҷавони қавипайкар ва русурхе, ки пеш-пеш меомад, гӯшпечи шоҳӣ ва ҷомаи беқасаб дорад. Аз тоқи ҳавлӣ гилемро гирифта, байни саҳн партофт, болояш чорзону карду бо ҷиддият гуфт:

– Воллоҳ, то палав нахӯрам, қадам аз масҷид берун намегузорам. Шумоён ҳам шинетона. Дар ин аёси саҳари чилла дили гушна на ин ки дар ҷанг кор намеояд, воллоҳ, дар болои асп дошт намедиҳед. – Аз рӯймоли паҳлӯяш нони ширмол гирифта, болои дастархон монду ба оҳанги дигар афзуд: – Ин кору ин масхарабозиро бинед, ҳафта шуд дами гарм надидем. Ин подшоҳи Бухоро, ба ном подшоҳ будааст, худаш ба як мири ҳам намеарзидааст. Тура гуфта, ҳамин қадар кӯҳу ағбаҳои барфу яхро тай карда биёему як зиёфат надиҳӣ, чӣ хелӣ подшоҳӣ! Худо марги ҳалоқилат диҳад.

Ҷавони ҷиддисимое, ки риши сиёҳи дароз дорад, дигар гилему намадҳоро оварда, ба саҳн андохту ба зарда гуфт:

– Дар пеши пойи Баҳромбек сарамро мунам, сухани ҳақ мегуядо. “Дасти шикаста кор мекунаду дили шикаста не,” – гуфтиян. На дар Душанбе, на дар ду рӯзе, ки ин ҷоем, як муқарраби Ҷаноби олӣ аст ё Ҷаноби холӣ, ё Ҷаноби масхара нагуфт, ки ҳой масҷой, ин қадар раҳи дур омадӣ, чӣ камию костӣ дорӣ? Акнун то муқаррабону муқаррабони палавхӯраш омада пеш-пеш надароянд, воллоҳ агар аз ҷоям ҷумбам!

Марди шонапаҳне, ки чашмони калони қаҳромез дорад, гуфт:

– “Касофат як ба даҳ, даҳ ба сад” дар ҳаққи ҳамин подшоҳи мо. Одамҳои даруна гӯш кардед? Ҳамонҳо ҳам дилашон пури дард. На тиршон додаст, на камон. Баъзеҳоро пеш-пеш карда овардиян, чоруқош чоруқи ман барин фуқаш даридагӣ.

Ҷавони русурх аз рӯймолаш нон гирифта болои дастархон монда гуфт:

– Ман ин ҷо омадам, ки барои ватанам шуда хуни кофира резам, хуни худам ҳам резад, ман сад чун розӣ. Лекин барои ту барин ҷаноби падарлаънат, ҳатто даст боло намекунам!

Онҳо палав оварда давра нишастанд. Чанд таркиш шуду ҷавони рӯсурх нигоҳаш ҷониби майдон гуфт:

– Дар гӯри бобои бачабекат (большевик) риҳам, ба ҳамин хокпошақҳоях алови чашми масҷоҳиро гирифтанист. Мон, ҳамин палавро хӯрам, биллоҳиазим ҳеста ҳамраҳат қад ба қад мешавам. Ана баъд мебинем Худо ба ту медиҳад ё ба ман. – Ва ҷониби рафиқонаш илова кард: – Бар нақизаш ягон нафарат аз ҷоят начумб. Мон як бор ғурури масҷоҳиро бинад!

– Дар пеши поҳотун чунам, Баҳромбек, як суханҳо мегӯед, ки дар пойи самбақа ҳафтбанд кунӣ агар, истадо – гуфт марди чашмкалон. – Тӯпу туфанг ба ғурури масҷоҳӣ чӣ кор дорад? Воллоҳ, вақте ки тӯп задтун, ба замин чалпак мешаведо, ба кафгир тарошида мегиремтун.

– Акои Муллораҷаб, худатон дида будед, барзагови Оҳунбека. Хона барин будо, ду шоҳ дошт найзаи хаттӣ барин, зад наафтидаму аз тӯпи ким-кадом кофири мубтало меафтам?

Мансур хандаашро базӯр дошт ва фикр кард, ки ин ҷавонони нодону содаро, ки аз сад гулашон яке ҳам нашукуфтааст, ҳокимону муллоҳо, ҷиҳод фарз,

пешина
аз 613
навбатӣ