Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Баъзеҳо пойлуч омадаанд. Яқин, беку муллоҳо ба дилашон хуб оташи кину душманӣ андохтаанд. Ё ки беки Бойсун қасдан мардумро баровардааст, то ки болшевик “халқ хестааст” гуфта, рӯйи хотир кунад. Аммо ҷанг ҷанг аст, рӯйи хотир надорад. Бояд хунат резад, хун резонӣ ва зӯрӣ карда, ғалаба ба даст орӣ. Мансур аспро аз канори роҳ мебурд, осмонро абрҳои сафед фаро гирифта бу-данд, лекин ҷониби қибла кушода, ӯро он чи ҳайрон кард, ки кӯчаҳо серодам. Дар кӯчаи он сӯи биноҳо ҳам одамони савораю пиёда раву доранд. Харсаворҳо ҳам ҳастанд. Фикри “беки Бойсун қасдан мардуми атрофро баровардааст”-ро дар дил тасдиқ кард. Ногоҳ чилави аспашро марди қадбаланде дошт. Мансур баргашта Раҳими қассобро дид. Бо ин мард дар хонаи Низом - махдум нишаста буд. Аз он вақт якуним сол гузаштааст. Мушоҳида кард, ки Раҳимро рангу рӯ паридаю дар нигоҳаш осори озурдагию парешонӣ ҳувайдост. Онҳо ду-се дақиқа гапзанон карданд. Раҳим овозашро паст карда, гуфт: “Мо, таҷаддудхоҳон, ин ҷо бисёр. Аз Самарқанд ҳам дастае омадааст. Баъди он, ки болшевикиҳо Бухороро заданд, бештар ҷавонбухороиҳо ба онҳо рост наомаданд. Мо як гурӯҳ шуда чанд постгоҳҳовна зада камонҳошона гирифта, дар деҳаҳои атрофи шаҳр ва Нурато бар зиддашон ҷанг кардем. Се рӯз пеш фаҳмидем, ки кӯшунонро ба ин тараф кашидаанд, аз пас расида омадем.
— Хуб кардед,-Мансур хурсанд шуд.- Ҳоло вақтест, ки ҳама як тан шуда, инҳоро зада, аз ватан берун кунем.
— Мо ҳам бо чунин фикр омадем. Лекин ин ҷо гапҳое мегӯянду корҳое ме-кунанд, ки мехоҳӣ ба рӯяшон туф карда, баромада равӣ.
Мансур пай бурд, ки мусоҳибаш аз чадидкушиҳо ва чӯби дор задани амир бохабар шудааст. Аз ин бора гап накушода пурсид:
— Бовар доред, ки кӯшуни амир ба русҳо муқовимат карда метавонад?
— Худатон аҳволро дида истодаед,-лабханд кард Раҳим.- Фарз кардем, ки чунин коре шуданӣ ҳам буд, вале худи амир онро бо нодонияш барҳам зад.
— Пас, мо чӣ гуфта ҷанг кунем?
— Ҷанг накарда чӣ кунем? Ҳама хонаю дар дар дасташон. Ҳеҷ не, ки одам-куширо бас кунанд.
— Раҳим рафтанӣ шуд, ки Мансур пурсид:
— Низом -махдумро ҷавоб доданд? Ӯ ҳоло дар куҷост?
— Ҷавоб доданд. Лекин вазъи Низомака хуб набуд. Ҳар вақт шапкапӯшҳои абусчехра омада пурсуков мекарданд. Ҳоло бояд аз шаҳр рафта бошанд.
— Ин ҷо наомаданд?
Раҳим ба ишораи “не” сар ҷунбонд ва аспашро тозиёна зада аз паси рафи-қонаш рафт.
Раҳим марди кушодарӯи хуштабъ буд. Ин корҳои ношояму ин масхараҷанг рӯҳафтодааш кардаанд.
Мансур яке марди каллакалони саллаи сабздоштаро дид, ки аспашро луки дода меравад. Ӯро бинохт. Ин хуҷандии каллакалонро се сол пеш дар кунгураи Тошканд баргузоршуда дида буд. Мансур аспашро тезонд. Хост гӯяд, ки мо синосу номи ҳамдигарро намедонем. Вале хуҷандиро дарёб накард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо