Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Аз ҷониби Қалъа овози ҳою-ҳӯй ва садои камон баланд гардид. Аз пас Мансур даста-даста савораҳо асп тозонда омаданд. Ҳамчунин аз кӯчаи Кулолгарон ва Шутурбанд савораҳо ҷониби қалъа равонанд. Мансур ба онҳо ҳамроҳ шуд. Аз кӯчаи Кулолгарон балҷувориҳо омаданд. Онҳо ҳоло аз сесад нафар зиёданд. Маълум мешавад, ки ҳамроҳонашонро ёфтаанд. Аз паси онҳо гурӯҳи масчоиҳо ва ду дастаи чорсаднафараи узбекҳо омаданд. Дастаҳое, аз ҷониби кӯчаҳои Кулолгарон ва Шутурбанд меоянд, аз андомашон маълум, ки бештар аз тарафи Бухороянд. Коргарони ҳукумати амирӣ, тӯраю махдуму мавлоною судурҳо, аҳли тақвову вараъ, ки дар рӯзҳои бомбаборон ва рӯзи фирок ва баъдтар ҳам худро аз шаҳр берун гирифта, гумон доштанд, ки ин гирдоби ваҳшат баъди ҳафтае ё моҳе фурӯ менишинаду боз ба манзилашон бармегарданд. Вале он гирдоб ҳеҷ нишони кам шудан накард. Балки акнун ба авҷаш расидаю фотеҳон на ин ки ёди падар намекунанд, балки соҳиби хонаю мансабу давлат шуда, по болои по монда, папирос кашида фармон медиҳанд.
Як қисми инҳо хешу табор доштанд ин чор моҳро як навъ карда гузаронданд.
Аммо аксар дар дари мардум дар бекасиҳо зистанд. Дар чунин ҳолат гурури бухороӣ ҳам намемонад. Онҳо ҳама пайт меҷустанд, ки душмани қаттолро зада аз шаҳрашон берун кунанд. Ҳоло ки фаросат даст додааст, ҳама як тан шуда хестаанд. Бале, ҳамин хел шуд. Худои ҳакиму карим нолаашонро шуниду ба онҳо таваҷҷӯҳ кард. Вале алҳол ғалаба бо аскари куффор аст. Ба воситаи туфангҳою дурзану туфангчаҳояшон каси наздикшударо осон сари тир мекунанд. Ба замин паҳн шуданашро дида қақар-қақар механданд. Аз кӯшуни мо низ сардастаҳо туфангча доранд. Лекин онҳо дар даромади майдон одамони худиро пӯписа мекунанд. Мабодо шаккокӣ карда, худатон ҳам ҳамроҳи мо биёед гӯй, мепаронанд. Қаҳрашон сахт.

Мансур бо як бухории салааш дегбарин сиё, нигоҳаш қаҳромез ки дар рӯйи дарозаш зери риши сурхрангаш ду холи мош барин дорад, ҳамрикоб шуда, аз ӯ тап гирифт.
– Шуморо дар куҷои Бухоро дидаам...
– Ман ҷӯрӯбкаши масҷиди маҳаллаи Ялангӣ мебошам. Омадам, ки ду-се ҷадиди муртадро кушаму савоб гирам.- Мард бо абрӯи гиреҳ ба Мансур зеҳ монд. Чашмони сурхрангаш бо ғурур ба кас менигаранд.
– Ҷадидҳоро барои чӣ мекушед? Ҳоло бештари онҳо низ бар зидди болшевик хестаанд.
– Балворо хезонданд, Бухороро зери суми аспи тотору урус кардаю диданд, ки ҳама пиру барно ба ҷанг хестаю душмана мезананд, аз ояндаашон тарсида худро ба ин сӯ заданд?! Не, ин найрангашон намегузарад. Мо аввал корҳамонхоро тамом мекунем!
«Ин кину адоватро бинед-а! Ду сол пеш бо айби ҳамин кундаҳо ислоҳот нашуд. Ба айби ҳамин ҷоҳилтинатон ватандустону рӯшанфикрҳо хориҳо дидаю берунвилоят шуданд. Ба айби ҳамин ношоистаю нобалад даруну беруни ватан пур аз маҷрӯҳу маъюбу мағбун шуд. Ҳоло ҳам вадар оянда ҳам аз таъссубу вомондагии ҳамин тойфаи бегонатинат, пастсифат шарманда шуда, дардҳо хоҳем кашид!» Мансур ба мард нигоҳи пургазаб андохта, бо овози шунаво гуфт:

пешина
аз 613
навбатӣ