Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Одам набудай! Бохабар шав, ҳоли худат бад нашавад! -Ва аспашро камчин зад.
Дар ду ҷониби дарвозаи қалъа одамон давутоз доранд. Савораҳо зиёд мешаванд. Аз саҳни қалъа, аз ҷониби майдон овозҳои истиробангези «Ҷиҳод!
Ал-ҷиҳод! Шаҳбозҳо, ҳаракат кунед! Ҳаракат кунед!» меояд. Чунон ки ҳангоми ҷовандозӣ гала шуда аз пайи улог мераванд, ҳамчунон саҳни қалъаро мегузаранд.
Мансур мушоҳида кард, ки даруну беруни қалъа пур аз одам ва ҳама бесаранҷоманд. Гӯё ки бесаброна касеро интизоранд. Дар майдони он сӯйи бозор аллакай ҷанг сар шудааст. Дуртар аз роҳ ду ҷавон куланги милтиқҳошонро пасу пеш кардаю тирдонро тамошо мекунанд. Аз афташ ҳайронанд, ки тир чи гуна аз ин сурохӣ баромада, дур мераваду одам ё аспро ҷо ба ҷо мекушад. Яке саллаашро кушода аз нав мебандад, дигаре миёнбандашро, сеюмӣ банди эзор сахт мекунад. Баҳона карда вақт мегузаронанд. Аз тарси ҷанг ҳама саргуму раҳгуму бесаранҷоманд.
Гурӯҳе, ки Мансур дар он аст, аз роҳи пушти бозор ба майдон наздик мешавад. Мансур аз дур сипоҳии биникалони дар масҷид вохӯрдаашро дид, ки ба ишораи “зуд бошед” даст мечумбонад. Мисле ки ба маъракаи оши худой саросема аст. Дар даромади майдон марди хузарбе, ки камзули сиёҳи туркидӯҳт дорад, аспи сиёҳмушкини бузурггуссашро ин тараф -он тараф давонда, фармон медиҳад: «Аралаш шавад! Аралаш шавед! Эшони Усмон, аз ақиб гузар! Эшони Азизхоҷа, ту ҳам! Абдуқудӯс, майманаро дор!” “Имомқулӣ тағои амир будагист,”
- тахмин кард Мансур. Аз рӯйи овозҳо сардори ҷабҳа вай аст. Бартарии русҳо дарҳол ба чашм мезанад. Яке бо шамшер мечангад, дигаре туфангчаашро кор мефармояд. Аммо шумораи ҷанговарони худашон зиёданд, хеле зиёд.
Марди сурхинае аспи сафедашро лукка дода, аз паҳлӯи Мансур гузашт, ки ба синааш тир расад. Мард як боло чаҳиду пас ду даст ба сина гузошта, аз асп афтид. Мансур лаҷоми аспи тезшудаашро кашид. Ӯхдро мазаммат кард, ки бояд шамшер мегирифт. Дар Душанбе имкон буд, аз паҳлӯи дӯконҳои шамшерсозон гузашта, шамшерҳои тайёрро дида буд. Баъд меоям гуфта, эътибор надод. Назди чӯйбори обаш гилолуди тарафи рости роҳ муборизаи ду ҷониб ба шиддат давом дорад. Аз гӯшаи майдон марди рӯйпахни ришсурх, саллаи сабадмондамаш кашол, аспашро тозиёна зада ба мобайни майдон даромад.
Сарбози сарлуче аз гурӯҳи он сӯйи чӯйбор ҷудо шуда, аспи сафедашро ҷавлон дода, ба шамшери барахна ба муқобилаш омад. Наздик шудандӯ саллакашол лаҷоми аспашро сахт кашида, дар ҷояш истод. Вазъе дошт, ки мегуфтӣ сарлучро насиҳат карданист: “Бародарҳо, айба намедонед? Дар китобҳои осмонӣ навишта шудааст, ки...” Сарлуч наздик шуда ба фурча шамшерро бардошта ба сари ӯ зад. Аспи саллакалон тарсида, чорхез гирифт, соҳибаш бо сари ду ним ба замин зад. Хуни сараш чун ҷошма мерехт...
“Ҷангро наметавонӣ, номаъқул карда ба майдон медарой?” Мансур дар ғазаб шуд ва худаш ҳам тарсида сари асрашро он сӯе, ки кӯшуни худашон бештар менамуд, гардонда, зада. Ва боз ҳам ба кӯшун нарасида, аспро нигоҳ дошт.
Вай ҳолати ҷовандозеро дошт, ки нав ба майдон даромадаасту намедонад, ки корро аз чӣ сар кунад. Ӯ нав ҷангро аз наздик медид. Не, ин ҷо сӯҳбати атрофи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо