Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
балҷувонӣ аст, ки ҳафтаи гузашта аз дасти ясавулҳои амир раҳонида будаш. Бо ҳамон яктахи раҳ-рах, ки ба танаш мезебад. Дар қоши зинаш чӯбе овезону дар нӯғаш банд дорад.
– Қамчини мо ба ин шайтонҳо таъсир намекунад,- табассум кард ӯ.
– Ду маротиба шуд, ки шумо маро аз марг наҷот медиҳеду номатонро намедонам,-Мансур ба ҷавон ҳамрикоб шуд.
– Номам Мирзо. Мирзои ҷовандоз,-ҷавон дӯстона ба Мансур зеҳн монд
– Маро дӯстонам Мансури самарқандӣ мегӯянд,- Мансур ба зӯрӣ табассум карда банди дар зин овезонро нишон дод:- Ин барои чӣ?
– Инро ҳафак (хафак) мегӯянд, ба гардани душман мепартой, - гуфт Мирзо ва саросема илова кард, -як ҷо наист, ошно. Вагарна ҳалок мешавӣ. Ин тараф он - тараф асп тозон: кулай омадаашро мезанӣ. -Ва аспашро қамчин зада рафт.
Ин бархӯрди ногаҳонӣ бо марг Мансурро тарсонд, вале аз биму қарахтие, ки дасту пояшро печонда буд, раҳо кард. Худро сабуку далер ҳис кард ва ба дилаш омад, ки бехуда салладорро маломат кард. Худаш ҳам аз вай бартарӣ надошт. Ҳама аз як матоъ будаем. Ӯ наздики баландӣ омада, мушоҳида кард, ки балҷувониҳоҷ масчоиҳо якҷо шуда, ҷанг доранд. Онсӯтар деҳқонободиҳо бо дастаи Намози ҳисорӣ шудаанд. Назараш ба масчоҳии русурх афтод, ки як шапкадорро пеш карда аз кӯчаи паҳлӯи бозор меравад. Чанд нафар аз пасаш тир мепаронанд. Вале аспи сиёҳмушкини масчоҳӣ тез меравад. Яке овози “дар пеши поят мурам, Баҳромбек, то масчоҳ сураш кун! Он онҷо, рафтем, улоқаш метозем” шунида шуд.
Ҳамроҳи ҷавон, ки Муллораҷаб ном мебурдандаш, як аскари худаш барин танумандро дар замини лой хобонда бо мушт ба рӯи хуну лойолудаш мезанад. Сафроз аксуламале нишон намедиҳад. Вале ҷавон аз ӯ даст намебардорад. Мансур ба андешае, ки “мабодо аз пас зананд!” аспашро ба ҳамон сӯ ронд. Аз пеши роҳаш ду нафар ҷангиҳои ба ҳам дарафтода баромаданд: яке рӯйдарози салладор, дигаре хурдҷусса, ки телпаки ситорадориро то болои чашмонаш зер кардааст. Аз онҳо гузашт ва ҳамзамон чашмашро аз ҷавони масчоҳ наканда, дар дил ба ӯ муроҷиат кард: “Мон ӯро! Мон! Хез, назди ёронат рав!” Мансур дер кард. Афсари шапкапӯше аз пас расиду туфангчаашро рости тахтапушти ҷавон дошта, ду маротиба паронд. Ҷавон аз ҷо хест ва калавида-калавида бо чашмони пур аз ғазаб сӯйи душманаш ҳақакат кард. Ба назар чунин мерасид, ки ӯро дошта поён мекашад. Вале ду қадам заду пас гӯё пешпо хӯрда бошад, ба замин афтид.
Мансур аз роҳ баргашта аламашро аз аскари телпакаш ситорадор гирифт. Бо шитоб аспашро ба ӯ наздик оварда, аз сари мӯзааш кордро гирифта, бо тамоми қувват ба тахтапушташ зад. Бо садои шунаво дуои пагоҳӣ дар масҷид ёд додауи муллоро хонд: “Ло иллоҳа - илло - анта субҳонака - инни кунтум минал золимин!” Аскар афтод. Ҳарифаш марди рӯйдароз аз асп худро партофта, ба тани нимҷони аскари сурх рӯйи ҳам корд зад.
– Чаро мурдаро мезанӣ?!-Мансур ӯҷониби рӯйдароз дод зад.
– Ин муртад чадид аст! -рӯйдароз кордро бо остини ҷомаш пок карда, ба аспаш савор шуд ва бо овози баланд гуфт: -Аз маҳаллаи мост. Аз дур шинохтамаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо