Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
шумо ҳам ёд гиред. Ин суханҳо ба дили сарбоз ангезаи ҷангро мехезонад. Не, баръакс, вақти қиматро гирифту донишманди “илми калом” буданашро ҷилва дод. Аҷиб ин ки мо ҳама мисли хари коркӯфта сарҳо ҳам шуморо гӯш мекунем. Сад маротиба ҳам гӯед, гӯё сад маротиба тилисм карда бошад, лабҳо бастаю дам ба дарун гӯш мекунем. Ҳоло тамоми масҷидҳою маъракаҳои мо аз чунин тоифаи мавъизагӯию насиҳатгар лабрез аст. Худашон медонанд, ки маддоҳе беш нестанд, гуфтаашон дар бораи асҳоби қаҳф, асҳоби қабзаю қисас, шайхону муршидон риё аст, бе манфиат аст. Ҳаминҳо мардуми моро каммоя, камяқин, каминояту кифоят кардаанд. Аз андешае ки инҳо боз чӣ қадар давру даврон хоҳад кард, оқибати миллат чӣ мешавад, дилата ларза мегирад. Шайх Аҳмад гуфт, ки ин тӯфон, ки инқилоб ном асту мисли дарёи пурлойу гилоб равон аст, бе ҳикмат нест. Шояд ҳикматаш дар барҳам додани ҳамин сӯфиёни дарюзгӯю дарюзгар ва соҳибони калом аст...
...Дид, ки дастаҳои бухороӣҳо аспҳояшонро тозонда, пеши гурезаҳоро доштанӣ шуданд: “Ҳой истед! Ҳой нагурезед!” Пас ноумед шуда, “онаи шумо тарсончакҳоро... Хоҳари шумо мардудҳоро...” гуфта дашнощ додаю баргашта ба майдон даромаданд. Ин ҷанг охирин умедашон буд. Мағлуб шуданд, дигар рӯйи Бухороро намебинанд. Боқии умрашон бо хорию дарбадарӣ хоҳад гузашт. Сари тир мешуданд, шамшербуршон мекарданд, вале майдонро тарк намекарданд. Онҳоро на ҳаваси қаҳрамонӣ ё ҳисси интиқом, балки ғами дурии хонаю дар, ғами дидори пайвандон ба ин қиёмат пойдор медошт...
Ақибгаштаҳо ба бозор нарасида, дастаҳои нав ба имдод омаданд. Инҳо дастаҳои савора аз Лақай, аз тарафи Кӯлоб ва як гурӯҳи сесаднафараи пиёданизом аз Ҳисор буданд. Аслиҳаашон асосан қамчин ва як-як камонҳои даҳонпуре, ки солҳои пеш дар кӯрхонаи Бухоро месохтанд. Ба сӯи русҳо ҳам дастаҳои савораю пиёда ба ёрӣ меоянд. Ҷанг боз ҳам ба ҳамон тарзи аввала сурат гирифт: савораҳо гӯё дар пойга бошанд, аспҳоро қамчин задаю хоюҳӯйӣ бардошта, ҷониби кӯшуни русҳо асп метозонанду ба борони тир бармеҳӯранд. Дар лаҳзаи аввал далертарину чобуктаринҳо беҳуда нобуд мешуданд. Ин ҳолат рӯҳияи ҷангии лашкарро мекоҳонад. Онҳое, ки аз борони тир хато хӯрдаю ба тӯдаи душман мерасиданд, ҳанӯз ба худ наомада, дучори шамшери беамон мешуданд. Ҷанг аз як соат зиёдтар давом кард. Дар охир дар як канори бозор, ки девори баланд дошт, ҷанги тан ба тан сурат гирифт. Дар байни пешдуконҳо як даста ҷавонони ҷангҷӯй ногаҳон бо корду ханҷарҳо хеста, ба савораҳои душман дарафтоданд. Бо калтаку найзаҳо савораҳоро мезаданд, бо камон мепаронданд, агар фурсат намеёфтанд, аз мили камон дошта ба ҷанг медаромаданд. Дар ин ҷои танг қиёмат барпо шуд. Аз ду ҷониб сарбозон меафтиданд. Аспҳои бесоҳиб монда лаҷомҳо овезон бо даҳшат ба ин тарафу он тараф тохта, роҳи гурез меҷустанд.
Дар ин асно чашми Мансур ба ҳамшаҳриаш Зарифпаҳлавон афтод, ки ба марди сарлуче афтударафт кардаю ӯро ба зери пешдӯкон тела медод. Сарлуч муқобилат мекард. Вале Зариф ӯро раҳо намекард. Пагоҳӣ Раҳими қассоб гуфта буд, ки як гурӯҳ таҷаддудхоҳони Самарқанд ҳам омадаанд. Маълум мешавад, ки Зариф ҳам омадааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо