Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Мансур фурсати истодан надошт, аз пас савораҳои бисёре асп тозонда ба имдоди ёронашон омаданд. Аз поёни рӯд дастаҳои худашон ҳам омада, ба ҷанги дохили бозор ҳамроҳ шуданд. Аммо ҷанг кам давом кард. Қӯшуни онҳо дар майдони ҷанг мурдаю захмии бисёр гузошта, роҳи гурезро пеш гирифт. Дар даромади кӯчаи Неъмати Шерозӣ дар болои дастаҳои салласафед, ки ғалтидаю хеста мегурехтанд, аспҳои аскари сурх хез мезаданд. Савораҳо медонистанд, ки дар баромади шаҳр дастаҳои душман роҳашонро мепоянд, ба кӯчаҳои шаҳр паҳн шуда, ҷониби кӯҳ гурехтанд.
Мансур даставвал ба масҷид гузари ялангӣ даромад, ки аз аҳволи Мирзои балҷувонӣ хабар гирад. Шунида буд, ки ӯро ба масҷид овардаанд. Раҳораҳ қарор дод, ки захмаш вазнин аст ё сабук, бардошта ба хонае бурда пул медиҳад, ки табобаташ кунанд. Ҳамчунин хӯрсину чакманашро, ки дар тоқи дохили масҷид монда буд, мегирад. Дар назди масҷид одамони бисёр даробаро доштанд.
Аспашро ба шохи садаи назди дарвоза баста, саросема вориди масҷид шуд. Дар назди дарвоза чанд нафар маҷрӯҳро дид, ки аз захми баъзе хун мерафт. Дар гӯшае мурдае сараш докапеч кардаро дид. Ин мурда хуҷандии каллакалон буд.
Ҳангоме, ки дар кунгураи Тошканд вохӯрданд, гуфта буд, ки сарам равад равату намемонам, ки русҳо давлата гиранд. Ва сараш рафт... Чойҳои бо латта бастаи маҷрӯҳон суп-сурх аст ва бо овози баланд фарёду фиғон мекунанд. Мансур вориди дар шуда, беихтиёр дар ҷояш истод ва ба таҳлука афтод: дар ҳавлӣ ва дохили масҷид маъюбу маҷрӯҳи бисёре оҳувоҳ доштанд. Кай инҳоро овардаанд?
Баъзеро рӯй, баъзеро сар бо шамшер бурида. Яке тир хӯрдаст. Баъзеро захмаш баста, захми баъзеҳо кушода. Баъзеҳо олой мегӯянд. Яке гиряву фиғон дорад, дигаре беки Бойсуну амир Олиму боз ким-қӣҳоеро зану духтар гуфтаву дашному сақат доранд, ки онҳоро оварда бо дами пулемёти урус партофта, худашон гурехтанд. Аз дарвоза дуртар чашмаш ба ҷавони сафедрӯи қавипайкар афтод, ки яктарафа хобида буду зӯр зада кӯшиши хестан мекард, аммо каме нимхез мешуду боз меафтид. Шамшер аз бехи гардан даромадааст. Ҷавон захми мувкар бардоштааст. Либосҳо ва таги пояш аз хун тар аст. Наздик омада ҷавонро шинохт: деҳқонободие, ки ҳангоми гусел мулло камарбандашро баста буд.
Номашро Мурод гуфта буд. Аз он вақт бисту як рӯз гузашт. Чӣ ҷавони зебо ва пурпорзӯю ҳавас буд? Марг ҳатто ба ёдаш намерасид. Номус карда омад, ки ба Олимхон-подшоҳи ислом ёрӣ диҳад. Пирони деҳа ҳамин гуна супориш дода буданд. Ана оқибати кораш! Акнун ба ғайр аз падару модар ва маҳбубааш, ки сар-сари девори канори деҳа, аз пасаш давида, бо ҳазорон умед, бо покию отифаи духтарона “чашмам ба раҳат чор аст!” гуфта буд, дигар касе ёдаш намекунад. Аз умр чизе надид. Шояд маҳбубаашро ҳатто бӯса накардааст. Мисри Баҳодури ӯ дар айни шукуфой хазон шуд. “Бояд ҳамроҳонаш ин ҷо бошанд.” Мушоҳида кард, ки болои намаду гилемҳо ҳарҷо хун кӯл шудааст. Ҷое пешоб ҳам ҳаст. Бӯйи наҷосат ҳам меояд. Дили кас беҷо мешавад. Аз байни ин қадар маҷрӯҳон гузаштан мушкил аст. Ҳар қадар пеш равӣ, ҳамон қадар ваҳму озорат бештар мешавад. Касе ҳушу дармон дорад, гаштаву баргашта як суханро такрор мекунад: “Ёрӣ диҳед! Ҳой мусулмон, ёрӣ деҳ!” Ягон-ягон ба додашон мерасидагиҳо ҳам ҳастанд. Баъзеҳо маҷрӯҳро бардошта мераванд. Кай ин қадар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо