Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

захмиҳоро овардаанд? Магар ёронашон ба умеде, ки ин ҷо шаҳриҳо нигоҳубин мекунанд, оварда партофтаю худашон гурехтаанд?

Дар назди меҳроб як гурӯҳ одамон баҳсу кашокаш доранд. Маълум шуд, ки аз шаҳр табиб овардаанд, то маҷрӯҳонро табобат кунад. Табибро соҳибдоштаҳо ба ҳар тараф мекашанд. Ба ғайр аз табиб ҳам дар саҳн, ҳам дар дохил одамоне ҳастанд, ки захмҳои хунравонро мебанданд. Чун латтапора ёфт намешавад, бо саллаҳояшон мебанданд. Мансур ин тараф -он тараф қадам зада, Мирзои балҷувониро наёфт. Хӯрчину ҷакманашро ҳам пайдо накард. Аз афташ, кадоме асоро ба рӯшноӣ зада, бардоштааст. Дар хӯрчин ба ғайр аз майда-чӯйда куртаю эзори русидӯхти гарм дошт. Аз бозори Душанбе харида буд. Гарм мешавам гуфта напӯшид.

Бӯйи бад торафт тоқатфарсо мешавад. Овози шинос ба гӯваш расид. Дар тарафи рост назараш ба марди рӯйдарози дар майдони ҷанг дидааш афтид. Ҳамоне ки ҳаммаҳаллаашро Мансур ба гумони аскари сурх зада афтонда буду вай аз асп фуромада он нимҷонро рӯи ҳам корд зада, гуфта буд: “Ба Худо шукр мекунам, ки маро ба резондани хуни ин маздакии ҷадид шарик кард”. Тир аз шиками рӯйдароз даромадааст, сараш луч, дасташ дар болои захм, рангаш мисли пахта. Дар чашмонаш асари дарди шадид, ноумедӣ ва интизорӣ ҳувайдост. Бо нолаю зорӣ ба Мансур муроҷиат кард: “Додари қиёматӣ, ба сабаби гуноҳе, ки кардам, Эзиди пок ҷазоямро дод. Шумо мардумӣ кардаю маро даст гиред, ба хонае бирасонед. Ман то ҳастам, ғуломи даратон хоҳам буд. Дар Бухоро ду ҳавлӣ дорам. Яктаашро ба номатон васиқа мекунам.”

Мансур ба ӯ эътибор надод. Бори дигар токеро, ки хӯрчинашро монда буд, хабар гирифт. Дар он ток ва токҳои паҳлу хӯрчину халтаҳо ҳастанд, аммо хӯрчини вай нест. Баъзе хӯрчинҳо ҳар гуна хӯрданию либосу ким-чиҳо доранд. Якеро дид, ки рӯймолу либосоврии занона дорад. Яқин аз бозори Душанбе харидааст. Ба нияти модар ё занашро хурсанд кардан харидааст. Он ҷо ингу- на матоъҳо бисёранд. Ба фикраш омад, ки соҳибони инҳо дар майдони ҷанг фавтидаанд. Якеро бардошта равад. Зуд ин фикрро аз сар дур кард. Соҳибаш огуштаи хоку хуну ту либоси ӯро гирифта пӯшӣ... Ҳаргиз ин ноодамиро накун. Назди табиб рафт, ки он ҷо ду-се гурӯҳ шӯру мағал доранд. Марди сипохиандоме, ки телпаки туркӣ дорад, ҷониби табиб садо баланд кард, ки аввал одами ӯро бинад. Табиб марди газгӯшти ҷиддисимо ба суханони сипохиандом эътибор надод. Дақиқае пас ситезмандона гуфт:“О, чанд маротиба гӯям? Аз диданам чӣ фоида, дору набошад!” Мансур дар дил қарор дод, ки табибро бурда, ҷароҳати ҷавони деҳқонободиро бандад. Ӯ худро ғазабманд вонамуд карда гуфт:

– Ҳой мардум, осиё ба навбат! Ман ду соат аст, ки ин ҷо истодаам!- Ва ба рӯйи табиб нигариста, бо оҳанги маломат афзуд:-Ошно,одам ин қадар беинсоф намешавад. Ин бечора ба худатон ҳам хеш дорад! Дору накунед ҳам, як назар бинед!

Табиб ҷониби Мансур нигоҳе карду дақиқае пас бо ситезманди пурсид:
– Дар куҷост он хеш? Як гуфтеду куҷо шудед? Ин қадар одам...
– Ин ҷо бийед.-Мансур пеш даромаду онҳо ҷониби ҷавони деҳқонободӣ рафтанд. Мансур ҳангоме, ки аз байни маҷрӯҳон мегузашт, чашмаш ба ҷавони

пешина
аз 613
навбатӣ