Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

сафедрӯе афтод, ки сари маҷрӯҳаш бо салла баста шудаву рӯяш чуқурчаҳои холмонанд доштанд (шояд аз таъсири борут буд). Ӯ мисли каси синос бо меҳрубонӣ ба Мансур менигарист. Ба дилаш омад, ки аксари ин фалакзадаҳо ҷавонанд. Калонсолҳоро болшевик “ту доро” гуфта, нест мекунаду ҷавонҳоро амир Олим ба дами тир мемонад...

Ин дам чанд нафар мард ба тарсу изтироб аз дари паҳлӯ даромаданд. Ҳамроҳашон занҳо ҳам ҳастанд. Яқин одамони деҳаҳои атрофанд, ки аз ин ҷо будани пайвандонашон дарак ёфта омадаанд. Зани сафедрӯи хурдҷуса байни масҷид рафта, аҳволро дид ва тоқат накарда, бо гиря гуфт: “Эҳ Худо, ба халқи бечора чӣ кардаед?” Ва садо дод: “Ҷаҳонгир, Ҷаҳонгир! Ту дар куҷоӣ? Ҷаҳонгир, бачаҷонам, қуввати дилам, куҷоӣ!”

Марди қадпасти ришсафеде ба ҷавоне, ки сари захмгирифтаашро бо саллааш баста буд, дар гуфтугӯ шуд. Рӯйдарози аз шикам тирхӯрда Мансурро дида, сарашро бардошту тавалло кард: “Додари қиёматӣ, ба умеди шумо ҳастам. Дар пеши пои фарзандҳоятон мурам.” Мард гиря кард. Мансур боз ҳам ба ӯ эътибор надод.

Дар таги девори саҳн муллои қасидахон ба се-чор нафар захмиҳои дар ҳолати назъ буда ёсин мехонд. Дар паҳлӯи домулло ҷавоне хир-хир дорад. Гарданаш бо салла ва аз болояш бо рӯймол басташуда ва ҳарду ҳам хунолуд. Домулло Мансурро дида, хурсанд шуд. “Ҳар чи омадед”, овозаш хаста садо дод. Яқин “Ҳар чи зинда мондед”- гуфтанӣ аст. Мансур дасти домуллоро бо меҳрубони фишурд. Марди сипоҳинамо, ки аз пас меомад, тоқаташ тоқ шуда ҷониби табиб ба шиддат таҳдид кард: “Дон, ки беморам, кору ҳоле шавад, як тир дар пешониат мезанаму рафт. Як соат шуд аз пасат овораам!” Табиб ба ӯ ҷавоб намедиҳад. Парво надорад, кӣ зора мекунаду кӣ пӯписа. Ким-чи хел беҳуш барин аст. Ин дам аз роҳи пушти масҷид садои тир ва садои пои аспҳо омад. Як қисм бемордорон худро ба дарвозаҳо заданд. Табибу домулло бепарво корашонро давом медиҳанд. Ҳамроҳи табиб зани хурдҷуса калавида қадам мезанад. Даҳонашро доштааст, ки овози гиряаш набарояд. Китфонаш меларзанд.

Боз чанд марду зан вориди масҷид шуда, бо ҳоюгир дар паи кофтани пайвандон шуданд. Мансур пеш гузашта назди дарвоза омад ва деҳқонободиро дар ҳолати назъ дид. Табиб ба ишораи “фоида надорад” сар ҷунбонд.

Мансур ҳам дар ҳавлӣ ҷон шуд, берун баромад ва дид, ки марде чакмани сафед дар тан саллаашро болои чашмонаш фуроварда, саросема аспашро мекушояд. Бо ду-се ҷаҳиш худро ба аспдузд расониду бо корд ба шикамаш зад. Мард худро ба замин партофта, бо овози баланд зорӣ кард: “Накуш! Бародарҷон, саросема шудам! Бародари қиёматӣ!...” Мансур бори дуюм корд заданӣ шуду дарҳол худро дошт. Аспаро, ки беқарорӣ дошт, базӯр савор шуда аз паси гурезаҳо кӯчаҳои тангро гузашта, ҷониби кӯҳ роҳ гирифт. Дар кӯчаҳо тез рафта намешавад. Ҳарҷо барфҳои аз бомҳо поккарда тӯб-тӯб хобанд. Аспҳо аз ҷойҳое, ки барфи тӯбкарда сахт шудааст, ба мушкилӣ мегузаранд. Бошандаҳои канори шаҳр дарвозаҳоро баста, аз деворҳо сар баланд карда, бо хавотирӣ ба гурезаҳо менигаранд. Аммо аспҳои гурезаҳо тез немераванд, монда шудаанд. Роҳ ҳам фароз меравад. Баъд аз он ки аз болои пули рӯди беоб гузаштанд, он

пешина
аз 613
навбатӣ