Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
тараф хонаҳои пасту гилин ва шиппаҳои бомҳояшон овезон шурӯъ шуданд. Чун бегоҳирӯз буд, гову гӯсфандҳо назди оғилҳо ҷамъ шуда, интизори соҳибонашон истода буданд.
Ҳанӯз аз ҷониби шаҳр садои тир меояд. Дар домани кӯҳ барфи кӯҳна ях бастааст. Барфи пайраҳаҳои молгузар ҷое сиёҳ шудаю ҷое об шуда кӯлмакҳо пайдо шудаанд. Савораҳо, қатъи назар аз мушкилии роҳ, аспҳои мондашударо ҳадаха мекунанд. Мансур аспро ба пайраҳаи калонтар гардонд. Дамони теппае расиду асп дигар пеш нарафт. Мансур лакот шудани аспро дида, зуд пиёда шуд ва пеш гузашта бо дилсӯзӣ рӯю чашмонашро молидаю лаҷомро гирифта, пичирос зад: “Рӯшан, азизам, аз тарс фаромӯш кардам, ки ту рӯзи дароз давидаю монда шудай. Имрӯз кори мани бетолеъ ин шуд, ки бегуноҳеро душман гуфта задаму он берӯзӣ тоҷики худамон будааст. Маро наҳсӣ ҳамроҳам шудааст, ки ҳама корам чаппа аст.”
Аз ҷониби шаҳр ҳанӯз гурезаҳо меоянд. Пиёдаву савора меоянд. Баъзе пиёдаҳо монда шуда, худро рӯи роҳ партофта дам мегиранд. Сарурӯи баъзеҳо харошида, баъзеҳо хунолуда, баъзеҳо аз изи қамчин сурху сиёҳ шуда варам кардаанд. Аз сойи васеъ ва баландии рӯбарӯ шамоли тез шув-шув садо мебарорад, гӯё аз хунукии шаб огоҳ мекунад.
Ногоҳ чашми Мансур ба Раҳими қассоб афтод, ки худро ба ду ҷома печонда, зери дарахте нишастааст. Аз болои салла рӯймолро ба таги манаҳ бастааст. Аз ваҷоҳаташ маълум, ки ҳолаш хуб нест. Гуфтушунид карданд. Маълум шуд, ки ба сараш шамшер расидааст. Аспаш ҳам, ки аз гардан маҷрӯҳ будааст, ҳангоми аз шаҳр баромадан аз ҳол рафта афтидааст.
– Метавонед, ки маро ба ободоние расонед? -Рост ба чашмони Мансур нигарист ӯ. Дар нигоҳаш ҳам илтиҷо буд, ҳам ҳиҷолат.
Мансур каме таъхир карда гуфт:
– Дастатонро гирифта, ба ягон хона мерасонам. Ду-се рӯз истода қувват мегиред. Ба он тарафаш Худо подшоҳ...
– Намехоҳам, ки дар ин шаҳри балозада монам.
– Соҳибхонаро пул дода розӣ мекунам.
Раҳим бо инкор сар ҷунбонд. Пас рӯймоли манаҳашро поин тела дода худро бепарво вонамуд карда, “шумо равед”, - гуфт ва истиҳола кардани Мансурро дида афзуд: “Аз ростӣ мегӯям, ки равед. Истода ҳол пурсидед, раҳмат.”
– Асп базӯр роҳ меравад, вагарна савор карда ягон тараф мебурдам,-гуфт Мансур.
– Мефаҳмам, хайр. - Раҳим сарашро хам кард.
Мансур баландтар баромада, бо алам пичирос зад: “Кошки Раҳим маро мефаҳмид. Охир як ҳоле, ки...”
Роҳ торафт мушкил мешавад. Як қисми гурезаҳо ба тарафи рост тоб хӯрда, дохили боғи навбунёд даромада мераванд. Ӯ боз истода ба пас нигарист.
Осмони қибла кушода шуда, нури офтоб дар теғаҳои баланди кӯҳҳо намоён асту бас. Ҳадди як соат торикӣ мефурояд, пас чӣ кор мекунем?” Ин савол чун девор рӯбарӯяш омад. Дар поин шаҳри ғасбшуда ҳоли сарбози ба дасти душман асир афтодаро дорад. Қасру кӯшкуҳо, замину боғҳои атроф, ба назар, аз даст

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо