Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

рафтаю бегона менамоянд. Бале, ин шаҳр ҳам аз даст рафт. Дигар дар он на овози муаззинро мешунавӣ, на мулло мемонаду на косиб. Касеро, ки дар берун монд, минбаъд ба ҷурми “хоини миллат” на ин ки ба шаҳр роҳ намедиҳанд, балки хонаашро кашида мегиранд. Богу заминашро ба батрақҳо тақсим меку-нанд. Қонуну қоидаи болшевикӣ – дӯсти камбағалҳо ба ҳамин тартиб аст. Рӯзи сахтии бухориҳо ба сари инҳо ҳам омад. Дар пеш ниҳоли вагничу ғушу хома бисёр аст. Барф ҳам баланд аст. Мансур қачиеро гузашту пеши назараш домуллои, ки беморони масҷидро дуо мехонд, чи қадар чеҳраи меҳрубон дошт. Тарзе сухан мекард, ки гӯё ӯ синоси садсолаанд. Мо дар ин шабу рӯзҳо, чӣ кофиру чӣ мусулмон, ҳама дар пайи куштан будему ӯ дар пайи зинда доштан. Шояд дуои ёд додаи домулло буд, ки дар он қатли ом зинда мондам... Яқин, болшевиқҳо ӯро низ парондаанд. Фаҳманд, ки домулло аст, дар тану ҷони ба тоату дин парвардааш панҷ тиру даҳ тирро дареғ намедоранд. Ин қадар муллоро бад мебинанд ин рӯсиёнҳо! Қирони муллоро оварданд. Кор ин тавр рафтан гирад, баъди чанде касе намеёбӣ, ки ҷанозаатро хонад.

Пайи ҳам садои тир баромад. Садоҳо аз ҷониби масҷид меомаданд. “Шояд, маҷрӯҳхоро паронданд”, - тахмин кард Мансур. Ба ёдаш омад, ки рӯи гилемҳои масҷид пури хун буд, акнун пури мурда ҳам мешавад. Хонаи Худо... Аз он хона хӯрчину чакмани моҳутиашро дуздиданд, ҷангҷӯйҳо... Хӯрчин нишона аст, Бибигулаш монда буд. Дигар ҳаваси пеш рафтан накарда, ба шаҳр зеҳн монд. Аз баъзе мӯриҳо дуд мебарояд. Ҷое гулхан фаввора задаю зуд нопадид мешавад. Зиндагӣ ҳамин аст. Мурда мурд, зинда дар пайи шикам мешавад. Боз ба хотираш Зарифпаҳлавон омад. Чӣ шуд ба ӯ? Куштандаш ё гурехта рафт? Охирин маротиба ду сол пеш ба диданаш рафта буд. Марде аз хонааш баромада гуфт: “Хеле шуд, ки он кас дар хона нестанд.” Чеҳраи мард гирифта буд. Замона, ки хунрез аст, Мансур дигар пурсуҷӯ накард. Пас аз он, ки ба Бухоро омад, фаҳмид, ки чун болшевикҳо ситаму ҷафо бисёр мекунанд, Зариф даста ташкил карда, бар зидди онҳо қиём мекунад. Даста берун аз шаҳр дар Рустамқишлоқ буду бош доштааст. Гарнизони Даҳбедро ғорат мекунанд, гарнизони Ургутро толон карда оташ мезананд. Мансур он лаҳза хеле афсӯз хӯрд, ки аз дастаи Зариф бехабар мондааст. Вагарна ба Бухоро наомада, ба онҳо ҳамроҳ мешуд.

Баъдтар хабар омад, ки болшевикҳо Рустамқишлоқро муҳосира карда, бештари ёрони Зарифро парондаю худашро маҷрӯҳ кардаанд. Боз овоза паҳн шуд, ки гӯё Зариф ба болшевикҳо пайвастааст. Имрӯз дид, ки зидди болшевикҳо меҷангид... Аҷаб корнамоиме кард он даста: ногаҳон аз паси пешдӯкону чошҳои гандум хеста, ба душман дарафтоданд... Мегӯянд, ки дар ҷангҳои пештара мусулмонҳо ҳамин ки садои тӯпро мешуниданд, мегурехтаанд. Имрӯз ин тавр нашуд. Агар мисли русҳо аслиҳа медоштумо бо он сару кор гирифтанро медонистам, ҳатман ғалаба мекардем... Вале мо ҳамаро аз даст додем...

Поинтар марди ношиносе аспашро кӯтал карда меояд. Аспи вай ҳам калавида-калавида қадам мебардорад.

Ин дам бори дигар ба хотири Мансур хоби дами субҳ дидааш омад. Ҳангоми сафар ба биёбони бепоён расиду дид, ки анҷомҳои сафариашро фаромӯш кардааст ва ҳам роҳгум задааст. Ҳоло фикр мекард, ки айни ҳамон хоб рост баромад.

пешина
аз 613
навбатӣ