Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
Хӯрчинашро бо анҷомҳояш дуздиданд. Ҳоло торикӣ фуромадаасту дар таҳлука аст, ки куҷо равад? Шаби дайҷурро чӣ гуна ба рӯз барад?
Савори пас наздик шуда, бо лаҳни нарм садо кард:
– Пеш куҷо меравем? Он тараф кӯҳ.
Мансур ба марди ношинос зеҳн монд: чеҳрааш дуруштнамо, аммо нигоҳаш ошно барин.
– Хубаш ҳоло ки торик нашудааст, ба ҳамвории тарафи рост мегузарем, – афзуд мард наздик шуда. – Торик шавад ҳам, аз он ҷо ба роҳ фуромадан осон. Ба роҳи калон, ки даромадем, дар ду-се соат ба деҳаи Дуоба мерасем. Ман он ҷо шинос дорам.
Пешниҳоди марди ношинос ба Мансур маъқул шуду гуфт:
– Бигзор гуфти шумо шавад, – ва пурсид: – Ба сӯи кӯҳ рафтагиҳо шабро дар куҷо рӯз мекунанд?
Мард аспашро ба тарафи рост гардонда гуфт:
– Дар буни сангу шах. Баландтар бароянд, айлок аст. – Ва пас аз он, ки ба ҷойи кушод баромаданд, хандаи кӯтоҳ карду афзуд: – Бо он одами кордзадаатон ман шиносам. Вай аз деҳаи Чартеппаи Ҳисор аст. Аспаш се рӯз пеш дар роҳ нохунак шуда мурд. Писарамакашро, ки маҷрӯҳ шудааст, ба масҷид оварда буд. Ҳангоме ки гурезогурез шурӯъ шуд, бинам аспи ношиносро аз дарахт мекушояд. “Ҳой, ин корро накун!” гуфтам. “Саидмухтор, қорат набошад!” – гуфт.
– Бародарҷон, гуфтаву худашро пеши поям партофтанашро дида, кордро сахт назадам, – гуфт Мансур.
– Ман ҳам дигар нигоҳаш накардам, – Саидмухтор овозашро баландтар кард. – Он ҷо дигар истодан намешуд, зеро русҳо омаданд.
Намози шом. Ҳавои дашт сахт хунук аст. Мансур, ки ҷомаи тунук дошт, хунук хӯрд. Андешид, ки чакмани аспдуздро аз танаш кашида гирифтан лозим будааст. Орзу кард, ки кош ин ҷо як вайронае мебуд, ки як чойник ҷойи гарму нон ёфта мехӯрд ва то пагоҳӣ хоб мерафт. Ба ёдаш омад, ки пагоҳӣ палав хӯрда буду то ҳол дигар чизе ба даҳон набурдааст. Акнун то ба ягон ободӣ расидан бояд тоқат кард.
Аз ҷониби ғарбии осмон моҳи нав мисли қитъаи ҳарбузаи сурҳранг намоён шуд. Мансур ҳар гоҳ, ки моҳро бинад, дилашро эҳсоси хурсандӣ фаро мегирад, гӯё ҳамроҳ пайдо карда бошад. Аммо равшании моҳи нав мисли лампаи чилум аст. Атрофашро равшан мекунаду бас. Моҳ зиёд дошт надод. Мисли кӯдаке, ки нав рост хестанро ёд мегирад, як худро нишон доду нишаст. Дар дашт торикӣ фаромад. Имрӯз ҳаво нармтар ки буд, барф хеле об шудаю ҷо-ҷо кӯл пайдо шудааст. Баъзе кӯлҳо пулакча бастаасту баъзе не. Аз байни кӯлҳо, аз паҳлӯи ҳарсангҳо бо эҳтиёт қадам монда гузаштан лозим. Аспҳо ҳарвақт фур-фур карда бинӣ тоза мекунанд. Бештар аз ду соат роҳ гашта, афгору афсурда шуда, ба роҳи калон баромаданд.
– Он тараф осон, - гуфт Саидмухтор ва афзуд:-Муллоёну муқаррабонии амир гап-гап доштанд, ки ҷанги калон дар Деҳнав мешавад.
Пастиеро, ки об ҷамъ шудааст, давр зада гузаштанду Мансур гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо