Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
- Гумон аст, ки баъди ҷанги имрӯз онҳо ба зудӣ ба худ биёянд. - Лаҳзае хомӯш қадам заду бо овози хаста илова кард: - Касе, ки кори пулемётро дид, дигар худро ба чунин ҷангҳо намезанад.
- Мо ҳам ягон вақт чунин тиру тӯп месозем?
- Акнун, ки дидему дармондем, бояд дар паяш шавем. - Русҳо ҳам вақте ки чунин ҷангҳоро дидаю дармонданд, маҷбур шуданд, ки ин гуна силоҳҳо созанд.
Лекин то сохтанд, ки сад сол гузашт. - Мо ҳам дар сад сол месохта бошем?
- Шояд, агар ҳама дар андешаи ҳимояи ватан бошем, пешвоҳо миллатдӯст ва ватанпараст бошанд. - Мансур бефараҳӣ ҳис карда, ба аспаш савор шуд ва ҳамроҳашро фармуд, ки ӯ ҳам савор шавад.
Баъд аз як рӯзи фатҳи шаҳри Бойсун комиссари дивизия Ершов Николай Харитонович маҷлиси ҳизбӣ доир кард. Ба маҷлис аз шаҳр як гурӯҳ ҳаводоронашонро даъват карданд. Он замон коммунистҳо ҳамин гуна дастур доштанд, ки моҳе як маротиба ҷамъ омада, кори фаъолияташонро натиҷагирӣ мекунанд, неку бади рӯйдодаро гуфтаю нақшаи кори ояндаро мураттаб сохта, ба ҳар нафар иҷрои вазифаеро вогузор мекарданд. Иҷрои корҳои мушкилро бештар коммунистҳо ба ӯҳда мегирифтанд.
Ҳангоме ки намояндаҳо аз шаҳр омаданд, Белий аккосзанон рафта пеши онҳоро дошт. То Пётр нарафт, нагузошт, ки наздики қароргоҳ оянд.
- Посбони хуб доштаед, - гуфт кадоме аз меҳмонҳо.
- Ин худро соҳиби бригада гирифтааст, - гуфт Руднев норозӣёна.
- Мансаби старшина ба ин маъқул, - сержант Швирков ба завқ хандид.
- Ту салага (тиррончак) ба даҳонат нигоҳ карда гап зан! - Руднев дада карда омад.
- Ту барин пиракиҳоро бисёр дидем, - Швирков ҳам хеста ба ҷанг тайёр шуд.
Онҳо боз гаппартой карда, қариб меҷангиданд. Пётр ба байни даромада, онҳоро ором кард.
Дар маҷлис Ершов, ки марди пуртанутуш аст, оҳиста аз пояш хеста, суханро аз танқиди Романенко шурӯъ кард: - Тиру шамшери болшевикҳо барои буржуйу муштамзӯрҳо аст, Михаил Харламович, на барои деҳқону пойлучҳо! Мо бояд ба деҳқонон дӯст буданамонро намоиш диҳем, онҳоро ба сӯйи худ гардонем. Он издиҳоме, ки дирӯз бо пулемётҳо задӣ, ҳеҷ гоҳ аз пеши назари ин мардум дур нахоҳад рафт!
- Насиҳат кардан осон аст, ҳангоме ки издиҳом тарафатон меомад, чаро пулемётро аз дастам нагирифтед? - Романенко ҳам паст наомад.
Аз толор ҷониби Романенкоро гирифтанд: - Хуб кардӣ, ки задӣ, Михаил! Ба идоранишинҳо гуфтан осон.
- Одамони ситод аз осмон сухан мегӯянд.
Пас дар масъалаи интихоби коргарон бо кумитаи инқилобии Бойсун баҳс карданд. Маълум шуд, ки дар туманҳои Ғузору Шаҳрисабз тарафдорони амир дар ҳамаи шаҳру деҳот коргарони кумитаи инқилобиро қатл кардаю хонаю дарашонро

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо