Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
тороҷ намудаанд. Баъди он мардум тарсида, бо большевикҳо ҳамкорӣ намекарданд. Ершов пешниҳод кард, ки як гурӯҳро дар Бойсун монанд, то ки онҳо мақсади инқилобро ба мардум фаҳмонда, кори шӯроро дуруст ба роҳ монанд.
- Мо наметавонем дар ҳама шаҳру деҳот даста созем!,- эътироз кард Чернов. - Ду-се нафари мо ҳамроҳи одамони худашон меистанд, корро ёд медиҳанд, халқ мебинад, ки кори мо ҳақ аст, минбаъд худаш тарафдорӣ мекунад. Ҳоло кори инқилоб нофаҳмиҳо дорад, аз ҷониби мо камбудҳо мешаванд. Лекин рӯзе мерасад, ки мардум дар озодию ободӣ зиндагӣ карда, моро ба некӣ ёд мекунанд.
Чернов медонист, ҳар сухане, ки ин ҷо мегӯянд, даҳон ба даҳон ба гӯши сарбозҳо мерасад. Ӯ афзуд:-Минбаъд корро тарзе ба роҳ мондан лозим, ки бештари сарбозҳо бо тӯпу пулемет кор карданро ёд гиранд. Сардастаҳо чунин сарбозҳоро қадр кунанд.
Сардори дастаи хизмати ақибгоҳ Тошев Чилла дар суханрониаш хабар дод, ки ёздаҳ хару се хачир дар роҳи ағба афтида аз кор баромадаанд. Ду хачир бо борашон ба партгоҳ фурӯ рафтаанд. Пуле, ки ҳукумат дода буд, барои харидани озуқа ва нақлиёт кифоят намекунад.
Қарор карданд, ки минбаъд забонхат дода, аз аҳолӣ хару уштур гиранд. Пас аз ҳукумат пул гирифта, қарзашонро баргардонанд.
Пеш аз он ки аз ҷамъомад хезанд, сержант Сергеев хабар дод, ки ду сарбозаш, аҳволашон бад шудааст.
-Бад шудааст, госпитали Бойсун роҳӣ кунед, - гуфт Чернов ва илова кард. - Аспҳои хуб ёфта диҳед.
-
Дирӯз хабар омада буд, ки тамоман ҷой нест, ҳатто долонҳо пур аз маҷрӯҳон шудаанд, - гуфт Сергеев.
-
Ҷой ёбед! - гуфт ба сахтӣ Чернов. - Хонааш барад!
Ҳамон бегоҳӣ Ершов дар бозори шаҳр митинг ороста, моҳияти инқилобро ба мардум фаҳмонд.
- Деҳқонон, мардуми гирду атроф, шумо донед, ки инқилоб расму сохти пӯсидаи пешинаро барҳам медиҳад! Инқилоб шуморо аз камбағалию қашшоқӣ наҷот медиҳад! Намегузорад, ки назди беку эшону мулло сарҳаму мулзам бошед! Донед, ки инқилоб ғалаба кунад, шумо бо сари баланд мегардед! Лаззати зиндагии озоду ободро, ки бобоҳоямон садсолаҳо дар орзуяш буданд, хоҳед чашид!..
Бригадаи Чернов баъди се рӯзи ҷанги Бойсун баробари дигар полкҳо ба юриши Ҳисор омода шуд. Саҳаргоҳ ҳаво баланд аст. Загорский аз ошхона баромада овози Белийро шунид. Ӯ ҳамроҳи сержант Сергеев ва Швирков дуртар аз даромадгоҳ истода, аз хусуси он ки дар шаҳр алаф ёфт намешавад сӯҳбат мекарданд.
-
Ин пагоҳӣ ба аспҳо нимбандӣ алаф расидааст. Ҳамон ҳам алафи ҳархела.
-
Як моҳ шуд, ки ин ҷо аспу улоғи маҳшар ҷамъ мешаваду алаф намемонад?
-
Зудтар аз паси амир мерафтем, беда дар Ҳисор ҷамъкардаашро мегирифтем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо