Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Дар он ҷо ҳам ғалаба карда баргардад, он идора боз даъваташ карда, пурсӯҷ мекунад. -Семёнов ба андеша фурӯ рафт ва ба лейтенант Морозов бо оҳанги илтиҷо гуфт:- Намешавад, ки ҷангро бо амир тамом карда пас биравем.
– Таъкид шудааст, ки зуд биёед,- Морозов паси гарданашро хорид.
– Як ҳафта вақт медоед, амирро дастгир мекардем, пас дар қафас андохта зиндон мекардед ҳам, ман розӣ будам.
– Морозов нигоҳашро гурезонд ва илова кард. - Дар бораи зиндон сухан намеравад.
Чернов мехоҳад гӯяд: “Модом ки талаб кардаанд, ки сари қадам рав.” Вале забонаш намегардад. Аз байн ду ҳафта гузашту дар даромади Душанбе аз оқибати кори Семёнов огоҳ шуд. Аз Самарқанд ба Тошканд бурда, ба маҳкамаи НКВД андохтаанд...
– Ҳоло пас гаштан хатарнок аст. Беҳтараш ба Ҳисор меравем, ду-се рӯз меистед, роҳ, ки бехатар шуд, пас меравед, – Саидмухтор аз китфи Мансур гирифту аз хона ба ҳавлӣ баромаданд. Мансур дар аввал “вақт бисёр меравад” гуфта майл накард. Пас ба андешае, ки Фёдорро дида, дар бораи ба Самарқанд баргаштанаш маслиҳат мекунад, розӣ шуд. Ҳангоме ки ба Душанбе омад, мушоҳида кард, ки деҳа мисли рӯзҳои пеш серодаму пурташвиш аст. Шермуҳаммади Фарғонагӣ (Куришермат) ҳафтаи гузашта бо чорсад нафар аскараш омадааст.
Сарлашкар бародараш Нурмуҳаммад будааст. Аз Самарқанду Кӯлобу дигар ҷойҳо низ дастаҳои тоза ба имдоди амир омадаанд. Мансур Фёдорро наёфта гашта ба Ҳисор рафт ва шоҳиди ҷанги Ҳисор ҳам шуд. Пагоҳӣ дар хонаи Саидмухтор чой менӯшиданд, ки дар кӯча ғавғои “Ба ғазавот хезед! Ғазавот фарз шуд!” – баромад.
– Намешавад, ки ба калонҳо гӯям, ҳамин шармандағазавоташонро накунанд? – Мансур хеста ҷома пӯшид. – Мо нодонҳо ба “ҷиҳод” гӯии кадом муллои ҳангомаҷӯй камонҳои камоғулакнусхаамонро бардошта, ба ҷанг меравему худамонро беҳуда ба дасти марг месупорем. Русҳо бошанд, гӯй ба тамошо мебароянд: тӯпу пулемёташонро ба кор дароварда, афтидану гурехтани моро мебинанду завқ мебаранд.
– Ин суханҳоро гӯем, ба ҷурми “ҷадид будааст!” мисли гӯсфанд сарамонро мебуранд.
Баъди ҷанги Бойсун дар феълу хӯи Мансур дигаргунӣ рӯй дода буд. Медид, ки ҳама корҳое, ки аз ҷониби онҳо бар зидди русҳо мешавад, бе нақша бе ҳисобу китоб аст. Аз ин рӯ мудом аз худашу аз атрофиёнаш норозӣ буд.
Мудом ҷитоташ гирифтану андешаманд мегашт. Дасту дилаш ба кор намерафт.
Меандешид, ки зиндагиашон мисли ҳаёти касони кару гунг мегузаштаасту онро дарк накаргаданд. Ин инқилоб сарубархӯр парда аз рӯи бисёр корҳо бардошт.
Фаҳмидем, ки барои миллат шуданамон дар пеш бисёр корҳо будааст. Дар фаҳмидан фаҳмидему пеш ҳамчунон торик аст...
Ҷанг рӯзи дигар дар заминҳои чо-чо барфпӯши беруни деҳа рух дод. Мардуми зиёд савораю пиёда бо кордҳои зангзадаю чуволдӯзҳояшон ба ҷиҳод баромаданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо