Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Муҳориваи тарафайн оғоз шуду баъд пушкаю пулемётҳои аскари сурх ба кор даромаданд ва қӯшуни савораи амир ба тарафи рост тоб хӯрда, ҷониби Қаратоғ, ки ними қӯшун он ҷо буд, рафт. Касе маслиҳат додааст, ки бар зидди русҳо амали якҷоя беҳтар аст. Аммо мардуми пиёда ба ғазавот омада, чунон ки қаблан маълум буд, беҳуда ғарам-ғарам сари тир ва шамшербур шуданд.

Гашти рӯз борон сар шуд ва майда-майда тамоми рӯз борид. Дар ин тарафҳо боронии майда гирад, баъзан то се-чор рӯз, ҳатто зиёдтар ҳам, давом мекунад. Мансур ҳамрикоби Саидмухтор шуда, гуфт:
– Хоҳ-нохоҳ дар Қаратоғ ҳам ҳамон ҳолати Бойсун рӯй медиҳад. Аввал пешвоҳо мегурезанд. Бубинед, ягон бек дар майдони ҷанг кушта намешавад. Хубаш ақиб мегардем.

Онҳо аз Ҳисор гузашта, ба Чӯянчӣ-деҳаи Саидмухтор рафтанд. Дар майдони муҳориваи пиёдаҳо ҳанӯз мурдаҳо хобанд. Чӯйбору заҳбурҳо, хирмани назди деҳа, ки ду рӯз пеш беки Ҳисор Авлиёқул он ҷо ҷамъомад доир карда буд, пур аз ҷасади ҷавонҳо. Борон рӯйу ҷомаҳои хуну лойолудашонро мешӯяд. Яқин деҳа ҳанӯз кушта шудани онҳоро нашнидааст. Алҳол ҳамон резаборон нигаҳбонашон аст. Чондореро наздик шудан намемонад. Баъдтар хабар мераваду мардуми деҳа омада мурдаяшонро соҳибӣ мекунанд. Пагоҳ ё фардо аз деҳаҳои атроф низ омада мурдаҳои зери обу борону лой мондаи пайвандонашонро меёбанд. Бо аробаҳо бор карда “Вой писарам! Вой ҷону ҷигарам! Асои пириам!” гуфтаю гирён-гирён ба хонаҳояшон бурдаю кафан карда, бо изату икром гӯр мекунанд. Оши се, сил ва сол медиҳанд. Дар он рӯзҳо одам бисёр меояд. Дар он рӯзҳо фақат модару хоҳар гиря мекунад. Баъзе мурдаҳои бесоҳибро галаи сагҳои дайду мехӯрад. Ҳоло ин гуна галаҳо дар ҳама ҷой бисёранд. Қисме аз мурдаҳоро, ки зиёдтар гандида мешаванд, мардуми деҳа ҷамъ омада, ҷанозаи умумӣ мехонанд ва як чуқурӣ канда аз болояшон хок мерезонанд. Баробари хок пӯшидан бӯй гум мешавад. Дар мағзи хок чӣ доруе ҳаст, ки бӯйро ба худ мегирад. Вақте ки баҳор дашту даман сабзапӯш мешавад, одамон бо ҳавасу орзу ба кори деҳқонӣ машғул мешаванд, ин ҷо ҳирмони лола бисёр мерӯяд. Ва ҳар вақте, ки бод лолаҳоро ҷилва медиҳад, доғи сиёҳошон намудор мешавад. Пирони аз воқеаҳо огоҳ буда ҷавонҳоро ҳушдор медиҳанд: «Ин сиёҳии доғи дилҳои пурозори ҷавонони шаҳидшуда мебошад».

Сафарақиҳо пайраҳаи байни заминҳоро, ки лой шудааст, гузашта, ба роҳи деҳаи Чӯянчӣ баромада, аспҳоро ба резачорпо андохтанд. Мансур дар хонаи Саидмухтор зиёд наистода роҳи Бухороро пеш гирифт. Дар роҳ хабари ба Афғонистон гурехтани амирро шунид. Ба алам сар ҷунбонду пичиррос зад: ”Ту касофат чӣ гуна дилат шуд, ки гурезӣ? Сар то сари кишвар оташ аланга мезанад, мардум дар ваҳшату даҳшат. Охир он ҷавононе, ки дар ҷанг кушта мешаванд, падару модару хешу ақрабо доранд. Онҳо то поёни дунё домангири ту мешаванд ё дар ту чунин фаҳмиш нест, тайлоқ!” Боз ба фикраш омада, ки Шермуҳамаду дигар дастаҳо, ки ҷанг мекунем, гуфта омада буданд, акнун чӣ кор мекунанд? Гашта ба ватанашон мерафта бошанд? Мегӯянд, ки дар тарафҳои Фарғона ҳукумати Шӯроҳо қувват гирифтааст. Агар чунин аст, онҳо ҳам ҳамроҳи амир гурехта

пешина
аз 613
навбатӣ