Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
– Кунед, чизе лозим донед. Шумо табиб-ку. - Чернов кӯтоҳ сулфид ва фикр кард, ки фардо сиҳат нашуд пас сухани даркориро ба рӯяш мегӯяд. Ӯ бо лабханд илова кард: -Либоси сафед, ки надоред, табиб буданатонро фаромӯш мекунам.
Карим-ака берун рафту баъд аз соате Черновро ба хонае, ки сандалӣ дошт, даровард. Қумғони ҷӯшидаро наздаш ниҳода гуфт:
– Ба ин гиёҳи доругӣ андохтам, сарро бо саҷоқе пӯшонда, панҷ-даҳ дақиқа аз он чуқур-чуқур нафас гирифта, нафасро ба дарун фурӯ мебаред.
Баъде ки ин кор ба анҷом расид, табиб Черновро ба сандалии сӯзон дарун карду “ин ҷо кӯри зардалу андохта шудагӣ” гуфт ва илова кард:-чуби зардалу сахт аст, тафси оташаш ҳам баланд.
Пас аз нимашаб Чернов хост либосҳои шип-шилта шудаашро кашад, ки Карим-ака намонд.
– Шамол надиҳед, - гуфт.- Боз як алов мепартоем, либосҳо дар танатон хушк мешаванд. Пагоҳӣ Чернов аз ҷояш хеста худро сабуку бардам ҳис кард.
– Имрӯз ҳам тоқат карда дар сандалӣ мешинед,-гуфт табиб.-Фардо ихтиёратон.
Ҳамон бегоҳи табиб хабар дод, ки аз рораи мусулмонӣ нӯҳ нафар шошадонашонро хунук гирифтааст.
– Ин мукофоти намозхониашон аст,-гуфт Чернов.-Вақти бевақт дар оби хунук таҳорат мекунанд, ба умеди ҷаннат шуда. Ана ҷаннат даромаданд.
Табиб ба ишораи “чунин нест”, сар ҷунбонд.
Рӯзи дигар Чернов ба Давлат фармон дод, ки каси шошадонаш касал аст аз армия ҷавоб диҳад.
Пётр ҳам ба касалии табларза гирифтор шуд. Баъде ки хест, Белийро дар кофта наёфт. Вай намедонист, ки пагоҳии аз Қаратоғ баромаданашон Руднев ӯро паронда буд. Аз қалъае, ки хоб мерафтанд, страшина ва Белий аз ҳама ақиб баромаданд. Аз дарвоза дуртар, ҳангоме ки Руднев аспашро савор мешуд, ногоҳ Белий пайдо шуду дар рӯбарӯяш шишт. Руднев ғазабманд шуда “ту боз маро мепой!” гуфт у туфанҷаашро бароварда сагро паронд. Саг талх-талх ӯлингос зада, туб барин кулула шуда, ду-се дафъа тоб хӯрду аз азоби дард белаки пои тир расидаашро ки оташ афтидабарин месӯхт, газиданӣ шуда пас афтид.
Руднев бо ҳамон ситезманди ҷониби посбони дарвоза гуфт: “Мурдаро аз ин ҷо гум кун!”
Дар охири ҳафтаи фурӯд ба Душанбе қисмҳои аз дигар ҷабҳаҳо омадаро ҷавоб доданд. Исоевро ба Тошканд даъват карда, ба кори баландтар гузаронданд. “Манораи Бухороро боз ҳам баланд бардоштанд!” -шӯхӣ мекарданд бачаҳо. Николай Бондаренкоро, ки вақтҳои охир полкаш дар Фарғона буд, ба Қаршӣ интиқол доданд. Ҳамон бегоҳӣ штаби дивизияи 1-ум ҳамроҳи шӯъбаи сиёсии ҷабҳа ба Душанбе омаданд. Ҳукумати Бухоро низ намояндаҳояшро бо сардории раиси шаҳри Бухоро Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев ва полки аз ҳисоби милиса тартибдода ба Душанбе равон кард. Онҳо дар Бухорои шарқӣ ҳукумати шӯроро ташкил мекунанд. Пӯлодхоҷаев духтари беки Ҳисор Авлиёқулро, ки ду моҳ пеш ба амир дода буд ва амир ӯро низ ҳамроҳи бештари ҳарамаш партофта

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо